Низоми таълим ва интихоби касбу кор (1)

Равиши ҳаёти муосири зудивазёбанда, аз ҳама соҳаҳо дигаргуниҳои мутлақро талаб мекунад. Дар навбати худ чунин тағйирёбиҳои умда бинобар дарк ва рушди шахсӣ ба фард таъсирҳои гуногун мерасонанд. Касеро метавонанд “аз пой афтонанд”, вале дигариро “болҳои умед” бахшанд. Бахусус, низоми таълими соҳаи маориф, ки бинобар донишҳои мавҷуда аз соли аввали мактабхонӣ то хатмкунии талаба ба роҳ монда шудааст, метавонад бакуллӣ иваз ёбад. Аз ин рӯ ҳам омӯзгорон ва ҳам мутасаддиёни расмии соҳаи мазкурро лозим меояд, ки беш аз пеш ҳушёртар ва барои тарбияву таълими фарди муваффақ, масъулиятшинос, соҳибахлоқ ва эҷодкор дар ҷомеа ҳакимона рафтор намоянд.

Низоми таълими мавҷуда бинобар дархост ва талаботи асри XX тарҳрезӣ шудааст. Ва бинобар ин нақша дар муссиаҳои таълимӣ ба кӯдак бештар азбар намудан ва ҳисоб кардани маълумот омӯзонида мешавад. Онҳое, ки ин “дурнамо”-ро бо муваффақият анҷом медиҳанд, ба беҳтарин муассисаҳои таълимии олӣ қабул мешаванд; баъдан соҳиби касбу кор ва ҳаёти хушбахт мегарданд. Чунин аст ҳаёт ва машғулияти фарди муқаррари ҷомеа. Вале бо расидани давраи рушди технологӣ, чунин усули зиндагонӣ зери хатар қарор гирифтааст. Дар давроне, ки аксар кори мағзи сари одамӣ аз ҷониби барномаҳо ва роботҳо иҷро карда мешавад, азбар намудани маълумот ба касе лозим нест. Танҳо як сомонаи ҷустуҷӯии Google аллакай мушкилосонкуни миллионҳо одамон гаштааст. Ҳамчунин Wikipedia барин сомонаҳои энсеклопедӣ кору фаъолияти муҳаққиқону донишомӯзро қулай кардаанд. Дуруст аст, ки ақлу ғайрати одамиро ба ҳеҷ ваҷҳ дар оянда ҳам бо чизе иваз карда намешавад. Вале пӯшида ҳам нест, ки усусли ба корбарии мағзи сари одам аз асри XX дида, дар асри XXI бояд муассиртар ва муфидтар ба кор бурда шавад.

Бинобар таҳқиқоти гузаронидаи коршиносони Донишгоҳи Оксфорд, маълум гашт, эҳтимол, баъд аз бист сол анқариб бештари ихтисосҳо, ки ҳоло қувваи кории одамиро талаб мекунанд, бо роботҳо ва низоми автоматӣ иваз карда шаванд. Яъне талабаи тоҷикистоние, ки дар сари мизи мактабӣ ҳоло нишаста доир ба кадом як ихтисоси орзукардаи ояндааш бо супориши муаллима иншои озод менависад, эҳтимол аст, то ба синну соли мувофиқ расидан, аллакай бекор монад. Барои мисол, аллакай мутахассисон робот-дандопизишкеро ихтироъ кардаанд, ки аввалин амалиёти ҷарроҳиро анҷом додааст. Ин маънои онро надорад, ки толибилм набояд доир ба шуғлу касабаи ояндааш орзу кунад ва ё дар фирки он набошад. Баръакс, кӯдак бояд боҳадаф умр ба сар барад ва доим аз пайи ба даст овардани орзуяш ҷаҳд кунад. Вале масъала ин ҷост, ки то куҷо мо талабаи мактабро дар пайи ноил гардидани ҳадафҳои ниҳоии ҳаётияш кумакрасон ҳастем? Оё он усули таълим ва тарбияи муқаррарӣ дар толибилм ҳисси мароқкунӣ, кунҷкобӣ, эҷодкорӣ ва донишомӯзиро бедор мекунад? Оё тахайюл ва малакаҳои мунфариди ҳар як толибилм дар низоми мавҷудаи маориф заминаи нашъу намо ёфтанро пайдо мекунанд?

Соҳаи маорифи муосир бояд дар толибилм механизми созандаеро тарбия диҳад, ки дар оянда ӯ новобаста ба машғулият, доим одобу ахлоқи кориро риоя намояд, бо дигарон дастаҷамъонаву созанда кор карда тавонад ва ҳамчун кошиф малакаи таҳқиқ карда тавонистанро аз худ кунад. Бартариятҳои мазкур фарди ҷомеаро, новобаста ба машғулияти касбу корӣ доим зинда, муассир ва ҳосилнок нигоҳ медоранд ва ҳам дар баробари ин ахлоқи дурусткор буданро тарбия медиҳанд. Ҳоло дунё аз коршиносу муҳаққиқ фаровон аст, вале пайдо кардани коршиноси дурусткору соҳибахлоқ то рафт мушкил мегардад.

(давом дорад)


“Маро қабул накарданд!”

4 усули муфидтарини тадриси фанни технология ва меҳнат

Муассисаи таълимӣ бояд ба раванди рушди психологӣ ва ҷисмонии толибилм арҷ гузорад

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s