Низоми таълим ва интихоби касбу кор (2)

Фаъолияти дастаҷамъона

Низоми таълимомӯзии мавҷуда танҳо муваффақияти инфиродиро дар ҳадаф дорад. Талаба маводи таълимиро дар мактаб ва дар хона аз худ мекунад, ба саволҳои омӯзгор посух медиҳад ва дар охир барои санҷидани сатҳи дониш имтиҳон месупорад. Пурсидани роҳи муассири ҳалли масъала аз ҳамсинф қатъиян манъ аст. Кӯдакро таълим медиҳанд, ки танҳо ва танҳо ба тавоноӣ ва дониши худ такя бикунад. Ҳол он ки ҳаёт чунин нест ва инсон аъзои низоми томи иҷтимоӣ мебошад. Дар корхона ва муҳити хонавода инсон бояд дар созандагӣ ва якҷоягӣ бо ҳамкорон ва афроди оила аз пайи ҳалли мушкилот шавад. Аз ин ҷо суоле бармеояд, ки то куҷо чунин усули таълим ва тарбияи мактабӣ дар ҳаёти баъдӣ ба дарди фарди ҷомеа мехӯрад?

Табиати фаъолияти кории муосир аллакай тағйир ёфтааст. Агар дар аввалҳои асри XX-ум аксар асарҳои илмӣ ба қалами як олим ва муҳаққиқ тааллуқ доштанд, вале баъд аз солҳои 50-ум аллакай таҳқиқот ва корҳои илмӣ дастаҷамъона ба анҷом расида, натиҷаи он ба қалами ҳайате тааллуқ дошт. Ва имрӯз ҳам зери асарҳои илмӣ, китобҳои соҳавӣ ва адабиёти дигари таҳқиқӣ-тадқиқотӣ имзои беш аз ду-се нафарро дидан мумкин аст. Гузашта аз ин, аллакай таҳқиқоти зиёд бо омезиш ва кумаки соҳаву фаннҳои гуногуни илмӣ ба анҷом расонида мешаванд.

Бахусус имрӯз ширкатҳои дар самти технология фаъолиятмекарда, дар ҷодаи таҳқиқ ва ба миён овардани маҳсули ҷадид, олим ва муҳаққиони гуногуни соҳавиро зери “як бом” ҷамъ намуда, болои масъалае дастаҷамъона кор мекунанд. Бинобар ин ҷомеашиносон бар он назаранд, ки дар оянда меъёри ба кор қабул намудани коршинос малакаи дастаҷамъона кор карда тавонистан ва ё натавонистани ӯ мешавад, зеро аллакай аксар равандҳои ҳисоботиву таҳлилкуниҳо ба таври автоматӣ ба роҳ монда мешаванд. Вазифаи чунин дастаи коршиносон танҳо вазифаву “мавод ва ғизо”-и лозимаро барои ҳисоб карда баровардани роботҳо додан мешавад.

Ҳарчанд бо рушди технологӣ одамон аз ҳамдигар то рафт дур мешаванд, вале раванди ҳаёти муосир муколама, робитаи созанда ва фаъолияти дастаҷамъона доштани афроди ҷомеаро тақозо мекунад. Азбаски инсон офаридаи иҷтимоӣ аст, фитрати ӯ бо дигарон муошират карданро талаб мекунад. Бинобар пурсиши дохилии гузаронидаи ширкати бузурги қаҳвафурӯшии “Starbucks”, зиёди муштариён ба қаҳвахонаҳои он на барои қаҳванӯшӣ, балки барои муошират кардан, бо нафаре ҳамсӯҳбат шудан ва даме аз вартаи пурталотуми ҳаёт раҳоӣ ёфтан меоянд. Чунин мисоли хурде дар симои як ширкати қаҳвафурӯшии ҷаҳонӣ худ гувоҳи он аст, ки инсон то даме вуҷуд дорад, ба муоширати зинда ва созанда эҳтиёҷ дорад.

Аён аст, ки нақши робитаҳои созандаи иҷтимоӣ барпо кардан ва дастаҷамъона бо ҳамкорон ва афроди ҷомеа фаъолият намудан, то рафт аҳамияти хосаро касб мекунад. Маҳз дар ҳамин давраи муҳими табдилёбӣ ва тағйирёбии усули корӣ барномаи таълимии мактабӣ ба беҳбудиву иловаҳои созанда эҳтиёҷ дорад. Дар ҳаёти мактабӣ ворид намудани бозӣ ва фаъолиятҳои дастаҷамъона тақозои даврон аст. Наврас бояд умури ҳаёти мустақбалро дар овони мактабхонияш мувофиқи синну солаш биомӯзад. Ва муассисаҳои мактабиро лозим меояд, ки ҳар чӣ бештар ба лоиҳаҳои дастаҷамъона, бозиҳо ва рушду такмили малакаҳои муоширати байниҳамӣ дар талабагон тамаркуз шаванд. Маҳз чунин малака фардро новобаста ба машғулияти ихтисосияш барои ҳаёти пурсамар гузаронидан омода мекунад.

(давом дорад)


Аз “ман” то “мо”

Қаҳти риҷол ва “онҳо”

Чӣ навъ китобҳоро бояд хонем?

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s