Низоми таълим ва интихоби касбу кор (3)

Қориазёд ё таҳқиқ

Яке аз нуқсҳои дигари усули таълими мавҷуда аз ёд кардани маводи таълим бе дарки маънии он аст. Тӯтивор шеърҳои классиконро такрор карда гуфтан ва қориазёд кардани қоидаҳои сарфу наҳв барои аз синф ба синф гузаштан ба ҳеҷ ваҷҳ донишомӯзӣ нест. Агар талаба ба умқ ва маънои дониши омӯхтаистода нарасад, азбар намудани он барояш нафратовар мегардад. Аз ин ҷост, ки насли навраси тоҷикистонӣ ба шеъру осори шоиру нависандагони классикӣ дил набастаанд. Гузашта аз ин мо имрӯз аз худи китоб ҳам безорем. Ин ҳолат дар натиҷа холигии забондонӣ ва луғатомӯзиро ба миён овардааст. Бе муболиға гифтан мумкин аст, ки бойгонии луғавии аксар ҷавонони кишвар 500 калимаро намегузарад. Насле, ки намехонад ва мутолиа намекунад, ба фарҳанг, таърих, адабиёт ва арзишҳояш бегона мегардад. Ва ҳар чӣ бегона аст, долписанд набувад ва ҳатто ба он душман ҳам шавад.

Мақсад аз таълимомӯзӣ ва донишгирӣ сараввал инкишоф додани малакаи таҳқиқкунӣ аст. Талаба бояд ба донишҳои омӯхтаистодааш аз нигоҳи нақди созанда баҳо диҳад. Вагарна ҷомеае, ки аз “анбӯҳи тӯтиён”-и олим иборат аст, ҳеҷ гоҳ дар самти илму маърифат таҳқиқоти пурсамар гузаронида наметавонад, зеро қориазёд намудани асосҳои фалсафа, ҷомеашиносӣ, таърих, иқтисодиёт ва ғайра фаннҳои мубрам муҳаққиқро дар савияи ибтидоӣ боқӣ мегузорад. Ҳол он ки дар илм оромӣ ва якрангӣ ба ақибмондагиву тагнишинӣ ҳамрадиф аст.

Муҳаққиқи заррае аз равандҳои ҷомеашиносӣ ва таърихӣ бархӯрдор медонад, ки тамоми асос ва қоидаҳои илмии дар даврони худ мукаммал ва тағййирнаёбанда, то имрӯз даҳҳо маротиба иваз ёфтаанд. Ва насли муосир ҳам иддао карда наметавонад, ки ҳеҷ яки он асосҳои илмии имрӯз қоим, фардо чаппа намешаванду дар болои харобаҳои он асосҳои нав бино намегарданд. Аз ин рӯ муассиаҳои таълимӣ бояд дар ақлу рӯҳияи толибилмон олиҳаи кошиф, муҳаққиқ, олиму орифро нақш кунанд. Бинобар қолабҳои имрӯза таълим ва тарбия додани насли наврас, дидаву дониста шикаст додани ҳаёти фардои ӯст.

Донишҳои мавҷудае, ки доир ба ин олам то ба имрӯз ба даст оварда шудаанд, танҳо қатрае дар уқёнуси бузурганд. Насли муосир ва фардоро асрору кашфиётҳои зиёд интизоранд, вале ин кошифону муҳаққиқон дар заминаи хушку холӣ ба воя намерасанд. Онҳоро бояд парвариш дод. Лабаратория ва маҳфилҳои илмӣ яке аз роҳҳои тарбияидиҳии чунин рӯҳия ва ақли зинда мебошанд.

Агар муассисаҳои таълимӣ худро танҳо бо биноҳои зебо, анҷому лавозимоти таълимии нав тасаллӣ дода, гумон мекунанд, ки насли наврасро дониш меомӯзонанд, онҳо нафақат худро, балки миллатро фиреб медиҳанд. Зеро муҳайё намудани шароити донишомӯзӣ танҳо даҳ фисади кор аст. Боқимонда навад фисад ба ҷаҳду ғайрат ва донишу малакаи педагогӣ-психологии муаллимону мураббиён, фароҳам овардани муҳити эҷодкорӣ дар муассисаи таълимӣ, усул ва методикаи таълим, барномаи муассир ва ҳадафноки таълиму тарбия, ҷиддияти волидайн ва ҳамкории онҳо бо муассисаи таълимӣ ва ба малакаву истеъдоди толибилмон вобаста аст.

Дуруст мебошад, ки на ҳама толибилмон дар оянда олим ва муҳаққиқ мешаванд, вале сабабҳои дар боло зикршуда дар ҳамаи онҳо бояд малакаи таҳқиқкунӣ ва мароқ изҳоркуниро тарбия диҳанд. Танҳо бад-ин сон миллат ва ҷомеаи созандаву соҳибахлоқ ба миён меояд. Танҳо бо роҳи маърифат башарият ба созиш расида, дар ҳамбастагӣ қадам мезанад. Беҳуда нагуфтаанд, ки агар ояндаи қавмеро пешгӯӣ кардан хоҳӣ, ба ҷавононаш назар бикун!


Рушди солими кӯдакро саҳл нагиред!

Тарбияи шахсияти пешбар дар кӯдак

Озодии фикрӣ ва аҳамияти мутолиа

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s