Муноқишаву низоъ миёни бародарон ва хоҳарон (1)

Дар синну соли хурдӣ миёни ҳам рақобат кардани бародарон ва хоҳарон табиист. Ҳар як кӯдак, хоҳ духтар бошаду хоҳ писар, дар баробари меҳру муҳаббат доштан, ҳамчунин ҳисси нафрат кардан ва ғазабӣ шуданро ҳам соҳиб аст. Аз ин рӯ бародарон ва хоҳарон чунин эҳсосотро бо роҳҳои гуногун ифода мекунанд. Миёни ҳам рақобат кардан низ яке аз ҷанбаҳои муҳими изҳор намудани ин гуна эҳсосот мебошад. Ҳарчанд волидайн кӯшиш мекунанд, ки миёни бародарон ва хоҳарон рақобат сар назанад, вале пеши роҳи фитрати башариро гирифтан абас аст. Бигзор кӯдак ин ҳисро берун орад. Дар асл, вазифаи волидайн дар самти рақобати солим равона кардани эҳсосоти кӯдакон аст.

Муноқиша ва низоъҳое, ки дар натиҷаи рақобат миёни кӯдакон сар мезанад, онҳоро пухта мегардонад, одоби муоширатро меомӯзонад ва дар оянда, ҳангоми сар задани чунин ҳолат, чӣ гуна солимтару оқилтар рафтор намуданро тарбия медиҳад. Агар муноқиша аз ҳад зиёд шиддат нагирад, ин гуна рақобат барои кӯдакон ҳамчун бо ҳам бозӣ кардан таъсирҳои мусбатро доро аст.

Ҳисси рақобат дар кӯдак барои таъкид намудани шахсияти мумтоз ва нотакрори худ муҳим аст. Азбаски ин гуна эҳсосоти дар зоҳир манфӣ дар фитрати одамӣ ҷой карда шудаанд, инкор кардан ва ё пахш намудани онҳо ба натиҷаҳои бад оварда расонида метавонад. Бигзор кӯдак ҳангоми изҳор намудани қаҳру ғазабаш идора кардани онро омӯзад. Ва агар бародарон ва хоҳарон миёни ҳам муноқиша мекунанд, волидайн ба онҳо зиёд дахолат накунанд. Беҳтар мешавад ҳангоми чунин низоъҳо волидайн рафтори фарзандонашонро фосилавӣ идора намоянд. Ҳамин тавр волидайн ба муноқишаву кашмакашиҳои кӯдакон қисман чашм пӯшида, ба онҳо имкони берун баровардани ғазабашонро фароҳам меоваранд. Чунин ҳолат кӯдакро барои иҷтимоишавии бештар фурсат шуда, қаҳру ғазабашро идора карда тавонистанро меомӯзад.

Ҳатто, ҳар доим баъд аз ором гардидани кӯдакон, дар ҷустуҷӯи кӣ ҳақ буду кӣ ноҳақ шудан, дуруст нест, зеро кӯдакон сабаби муноқишаро бинобар нигоҳ ва диди худ шарҳ доданро кӯшиш мекунанд ва дар чунин ҳолат муайян кардани гунаҳгор имкон надорад. Беҳтар мешавад, ки волидайн аз он ки дар ҷустуҷӣи гунаҳгор шаванд, дар пайи шарҳ додани ҳалли солими масъала ва миёни ҳам мустақилона ба созиш расидани фарзандонро ташвиқ кунанд.

(давом дорад)


Ғазабӣ шудани кӯдак

Агар кӯдак шабонгаҳ зуд-зуд метарсида бошад

Кӯдак ва дилтангӣ

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s