“Starbucks”. Ғоя, фарҳанг ва ахлоқи кории ширкати муваффақ

Китоб: “Влейте в неё своё сердце. Как чашка за чашкой строилась Starbucks”

Муаллиф: Говард Шултс, Дори Ҷонс Йенг

Нашриёт: Альпина Паблишер, соли 2017

Теъдоди саҳифа: 288

Забони китоб: русӣ


“Starbucks” бештар аз қаҳваи оддӣ аст, чунки муштариён ба назди мо бинобар се сабаб меоянд: қаҳва, одамон ва фазои беҳамтои қаҳвахонаҳо.

“Starbucks” яке аз ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ, ки дар зери сохтораш беш аз 26 ҳазор қаҳвахона дошта, соҳиби фарҳанг ва усули роҳбарияти хоса аст. Он соли 1971 дар шаҳри Сиэтли Амрико таъсис ёфт. Дар солҳои аввали фаъолият “Starbucks” ҳамчун як мағозаи хурдакак барои тафт додан ва фурӯши донаҳои қаҳва фаъолият мекард. Ҳадаф аз таъсиси ин гуна мағоза шинос намудани амрикоиҳо бо таъм ва лаззати ҳақиқии қаҳва буд, зеро то солҳои 90-ми асри гузашта аксарияти амрикоиҳо ба фарҳанг ва лаззати ҳақиқии қаҳва бегона буданд. Вале баъд аз охири солҳои 80-ум қаҳвахонаҳои “Starbucks” дар саросари Амрико арзи вуҷуд пайдо карда, аҳолиро бо фарҳанг ва тайёркунии навъҳои гуногуни қаҳва шинос мекунанд. Баъд аз солҳои 90-ум бошад, ширкат ба арсаи ҷаҳонӣ роҳ пайдо карда, минбаъд ҳамчун бренди шинохта фаъолият мекунад. Ҳоло ширкати “Starbucks” бо гардиши пулии солонаи 3,6 млрд доллар, фоидаи софи солонаи 2,76 млрд доллар ва 238 ҳазор ҳайати кормандон муродифи қаҳваи олисифат гашта, рушд мекунад.

Роҳбар ва нафари калидии “Starbucks” Говард Шултс ҳамроҳи рӯзноманигор Дори Ҷонс Йенг дар китоби “Влейте в неё своё сердце. Как чашка за чашкой строилась Starbucks” таърихи пайдоиш, рушд ва фалсафаи кории “Starbucks”-ро бо шеваи равону ҷолиб нақл кардаанд. Дар китоб бештар доир ба ахлоқи корӣ ва эҳтироми кормандон, ки “Starbucks” онҳоро “шарикон” меномад ва бояд гуфт, ки ин мафҳум заминаи ҳуқуқӣ ҳам дорад, зикр мегардад. Эҳтимол барои аксар шаҳрвандони тоҷикистонӣ исми қаҳвахонаҳои “Starbucks” бегона аст, вале мутолиаи асари мазкур метавонад дар бораи ин ширкат маълумоти кофӣ диҳад. Ҳамчунин мутолиаи китоби “Влейте в неё своё сердце. Как чашка за чашкой строилась Starbucks” барои соҳибкорон дар мисоли як ширкати бузургу муваффақ шинохтани ахлоқи кории тиҷоратӣ ва ба даст овардани шуури дурусти хизматрасониро имкон медиҳад. Илова ба ин дар хиёбонҳои шаҳрҳои ҷумҳурӣ кушода шудани қаҳвахонаҳо низ аз он дарак медиҳад, ки тоҷикистониён низ ба нӯшидани қаҳваи болаззату ҳақиқӣ майл доранд. Аз ин рӯ мутолиаи китоби мазкур барои роҳбарияти ин гуна қаҳвахонаҳои маҳаллӣ самарабахш хоҳад шуд.

Хониши китоби “Влейте в неё своё сердце. Как чашка за чашкой строилась Starbucks” ба тоҷирон, соҳибкорон, омӯзгорону муаллимони соҳаи иқтисодиёт, донишҷӯёни факулта ва институтҳои марбута тавсия карда мешавад. Ҳамзамон нафароне, ки дӯстдорони ашаддии қаҳва ҳастанд, ба ҳеҷ ваҷҳ аз муҳтавои ин асар ғофил намонанд.


Бо коре машғул бошед, ки бароятон дилписанд аст!

Истеъмоли аз ҳад зиёди шакар зарар аст!

Фалсафаи тиҷорат

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s