Муноқишаву низоъ миёни бародарон ва хоҳарон (2)

Чӣ бояд кард?

– Хатари аз ҳад зиёди муноқиша ва низоъро бояд ба кӯдакон фаҳмонид. Ва дар ин масъала ҷиддият ва пайгири волидайн муҳим аст;

– Ба кӯдакон боварӣ бояд дошт ва ботаҳаммул шуд. Бинобар муноқишаи зиёд дар овони кӯдакӣ, волидайн ҳаргиз нисабти онҳо дағалӣ накунанд ва ба ояндаи муносибати бародарон ва хоҳарон дилмонда ва бадбинона назар накунанд;

– Кӯдакони хурдсол аксар вақт муноқиша ва низоъи байниҳамро ҳамчун бозӣ мепиндоранд. Ва ҳар вақте ки ба кори бародар ва хоҳаронашон дахолат мекунанд, онро на ҳамчун шиддат ва зарардиҳӣ, балки бозиву хушвақтгузаронӣ меписанданд. Бо мурури замон ва калонтар шудани кӯдак, ин гуна рафторҳо низ аз байн мераванд;

– Волидайн нисбат ба ҳар як фарзанд рафтор ва гуфтори хоса дошта бошанд. Бо ҳама якранг ва баробар рафтору гуфтор доштан маънои боадолатона амал карданро надорад. Адолат ба ҳар як фарзанд бинобар фитрат ва вижагиҳои шахсияташ боэътидол рафтор кардан аст. Калонсолон ҳақ, вижагӣ ва бартариятҳои мавҷудаи кӯдакро боэътино риоя намоянд;

– Ҳар вақте кӯдакон миёни ҳам муноқишаву занозанӣ мекунанд, волидайн ҳаргиз бо онҳо саргарми баҳс нашаванд ва рафторҳои бади онҳоро таҳсин нагӯянд;

– Сабаби муноқишаро дуруст муайян карда, волидайн кӯшиш кунанд, то ки кӯдакон он мушкилиро оқилона ва мустақилона ҳал кунанд;

– Ҳар вақте кӯдакон муноқишавор миёни ҳам бозӣ мекунанд, волидайн дахолат накунанд. Агар ин гуна бозиҳои кӯдакон аз ҳад зиёд шиддат нагиранд, волидайн ҳаргиз дахолат накунанд ва барои чунин рафтор кардан мусоидат намоянд;

– Чунин муноқиша ва низоъ миёни бародарон ва хоҳарон ҷиҳати иҷтимоишавии кӯдакро ташкил медиҳад. Онҳо бо ин усули муносибат дар оянда бо атрофиён ҳам робитасозиро меомӯзанд. Ҳамзамон, кӯдак ҳангоми муноқиша ва низоъ идора карда тавонистани ҳиддат ва ғазабашро низ аз худ мекунад. Изҳор намудани ғазаб ва ҳиддат низ як навъи муносибат ва робитасозӣ мебошад. Агар волидайн ба он мусоидат накунанд, кӯдак боз ҳам асабитар мешавад. Аз ин рӯ, ҳар вақте волидайн ба фарзандон бо роҳи муноқиша ва низоъи байниҳам изҳор намудани ғазабро имкон медиҳанд, дар асл таълиму тарбияи иҷтимоишавӣ, идора карда тавонистани эҳсосоти манфӣ ва такмил додани шахсияти кӯдакро ба роҳ мемонанд.


Низоми таълим ва интихоби касбу кор

Тарбияи шахсияти пешбар дар кӯдак

Рушди солими кӯдакро саҳл нагиред!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s