Аввал шумо бифаҳмед ва баъд…

Дили одамӣ фаҳми худро дорад, ки фаҳми одамӣ ба он бегона аст!
–Паскал

Фарз кардем, ки малакаи биноии шумо заиф гаштааст ва барои даво ба назди духтури чашм меравед. Духтур бесаброна дарди шуморо гӯш карда, айнакҳоро аз чашмонаш гирифта, ба шумо медиҳад:
– Ана, гиреду пӯшед! Ман ин айнакҳоро аллакай даҳ сол боз мепӯшам. Муддати ин сол онҳо ба ман зиёд кумак карданд. Ман дар хона боз яктои дигар дорам, инашро шумо гиред.

Шумо айнакҳоро аз дасти духтур мегиреду мепӯшед, вале бо онҳо биноии чашми шумо боз ҳам мушкилтар мешавад.
– Айнакҳои корношоям! Чизеро бо онҳо дида наметавонам.

Вале духтур иброз медорад:
– Хато мекунед! Ин айнакҳо солҳои зиёд ба ман хизмат карданд ва ягон мушкилие надоранд. Бори дигар пӯшида санҷед!

– Ҳо ман кӯшиш карда истодаям, ки бо ин айнакҳо ягон чизро бинам, вале бефоида!

– Шумо чӣ дард доред? Ҳо камтар хушбин шуда, онҳоро пӯшеду ба атроф назар кунед!

– Хуб! Ана, хушбин ҳам шудам, вале то ҳол чизеро дида наметавонам!

– Шумо барин ношукрро аввалин бор мебинам, ҷаноб! Ман ин ҷо кӯшиш карда истодаам, ки кумак кунам, вале шумо бошед, “намебинаму намешавад” мегӯед!

Хуш, хонандаи азиз! Оё бори дигар, агар чашми шумо ва ё наздиконатон мушкилӣ пайдо кунад, ба ин духтур муроҷиат мекунед? Ба гумонам, ҳеҷ гоҳ! Зеро ҳеҷ кас ба духтуре, ки ҳоло ташхис надода ба муолиҷакунӣ мегузарад, эътимод намекунад.

Вале дар ин миён мехоҳам як суоле диҳам:

Оё чанд нафари мо, ҳангоми муошират дарду алами мусоҳибро дуруст ташхис надода, ҳамоно ба насиҳаткунӣ мепардозем?

– Ҷонакам, гап зан! Чӣ мушкилие дорӣ ба ман бигӯ. Ман медонам, ки баъзан гуфтани мушкилӣ душвор аст, вале кӯшиш мекунам, ки туро бифаҳмам!

– Модарҷон, намедонам! Агар гӯям, метарсам, ки ту ин сухани маро ҷиддӣ қабул намекунӣ.

– Чаро ин гуна фикр мекунӣ? Ту фарзанди ман ҳастӣ, ба ман ҳар сирри дилатро гуфта метавонӣ. Ягона хоҳишам, орому осудагии ту аст. Чаро ғамгинӣ, бигӯ?!

– Хуб, мегӯям! Ман дигар хонишро давом додан намехоҳам!

– Ҳо ту чиҳо мегӯӣ?! Ин чӣ маъно дорад “дигар хонишро давом додан намехоҳам”..? Мо ҳамроҳи падарат ин қадар сол туро хӯрондему пӯшондем, ба таълимат маблағи зиёд сарф кардем, ки ояндаи ту нек бошад! Агар танбалӣ накарда, мисли апаат боинтизом дарсҳоятро тайёр кунӣ, ту ҳам мактабро дӯст медорӣ, муваффақ мешавӣ. Ман ба ту чандин маротиба гуфта будам, ки лавандиву девонагиятро як сӯ монда, оқилона кор кун. Ту писари зирак ҳастӣ, бояд ғайрат кунӣ. Рафторҳои кӯдаконаатро ба як сӯ гузор, акнун калон шудаӣ!

(Оромӣ)

– Акнун ҷонаки модар, бигӯ, чӣ дард дорӣ? Чаро ин қадар ғамгинӣ?!

Фитрати одамӣ майл ба чор тараф насиҳаттақсимкуниро дорад. Ва аксар вақт, аз он ки аввал дарди мусоҳибро фаҳмем ва дар ҳақиқат ба дарки мушкилӣ бирасему ташхиси масъаларо дуруст диҳем, ҳамоно насиҳаткуниро сар мекунем. Аз рӯи таҷриба ва омӯзиши раванди муносибатҳои байниҳам инро омӯхтам: аввал кӯшиш кунед, ки шумо бифаҳмед ва баъд шуморо бифаҳманд. Ин аст калиди барпо намудани муошират ва муносибати солиму муассир.

–Стивен Кови, “7 навыков высокоэффективных людей”


“Starbucks”. Ғоя, фарҳанг ва ахлоқи кории ширкати муваффақ

Ҳамоне бош ё бош, ки ҳамонӣ!

4 қоидаи лидери муваффақ

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s