Агар кӯдак аз ҳад зиёд серҳаракат бошад…

Баъзе кӯдакон нисбат ба ҳамсолонашон серҳакат мешаванд. Ин гуна кӯдакон аз субҳ то шаб монда нашуда, доим дар ҳаракатанд. Сераҳаракт будани кӯдак барои инкишофи солими ҷисмиву равонияш таъсири мусбат мерасонад. Вале, агар кӯдак дар баробари серҳаракат будан гапнодаро низ аст, пас ин гуна кӯдакон гиперактив мебошанд. Яъне ин гуна кӯдакони аз ҳад зиёд серҳаракат дар ҷояшон қарор наистода, аз як макон ба макони дигар ҷаҳида, аз як машғулият тез дилмонда шуда, мехоҳанд, ки ҳамоно бо дигар кор машғул шаванд. Амалу аз ҳад зиёд серҳаракатии ин гуна кӯдакон беҳадаф ва бесарунӯг аст. Кӯдакони гиперактив, мисли он ки нерӯи тамомнашаванда доранд, то мондаву хаста нашаванд, ба ҳеҷ ваҷҳ ором намешаванд. Аз ин рӯ кӯдакони аз ҳад зиёд серҳарактро аз кӯдакони серҳаракат фарқ бояд кард.

Чӣ тавре дар боло зикр гардид, амалу рафтори кӯдаки гиперактив ҳардамхаёлӣ, пур аз ҳарҷумарҷ, тамаркуз ва диққаташ парешон аст. Барои мисол, агар ягон бозичаеро хуш кунад, бо он каме бозӣ мекунаду барояш тез дилбазан мешавад ва онро ба як сӯ ҳавола медиҳад; баъдан болои тиреза баромада, ба парда кашол мешавад; ба дасташ қалам гирифта, деворҳоро ранг мекунад. Кӯдакони аз ҳад зиёд серҳаракат диққат ва тамркузашонро болои як машғулият ҷамъ оварда наметавонанд, аз ин рӯ доим парешонхотиранд.

Ҳарчанд дар назари волидайн кӯдаки гиперактив фаъолу зирак метобад, вале чунин нест. Агар нерӯи ин гуна кӯдак дар самти лозима ва диққату тамаркузаш барои давомнокӣ ва интизоми ҳаракатҳояш равона карда нашавад, дар баробари калонсол шудан, ӯ дар раванди ҳаёти иҷтимоӣ душворӣ мекашад. Бинобар ин тавсия карда мешавад, ки волидайн ҳатман бо равоншиноси кӯдакона машварат намуда, барои тарбия ва рушди солими кӯдаки гиперактив вақт гум накарда, тамоми қувваашонро сарф кунанд.


Муноқишаву низоъ миёни бародарон ва хоҳарон

Агар кӯдак шабонгаҳ зуд-зуд метарсида бошад

Ғазабӣ шудани кӯдак

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s