Ҳама чиз дубора бунёд мегардад (1)

Яке аз хусусиятҳои фарди муваффақ тахайюл ва тасаввур карда тавонистани нуқтаи ниҳоӣ мебошад. Тахайюл карда тавонистани нуқтаи ниҳоии мақсад, ки ҳарчанд аз ҷиҳати физикӣ ҳоло дар миён чизе вуҷуд надорад, касро ҷасорат ва илҳом мебахшад. Гуфта мешавад, ки малакаи тахайюл карда тавонистан танҳо ва танҳо хоси инсон аст. Бинобар ин малака шахс имкон дорад нуқтаи ниҳоиро, ки ӯ дар ҳадаф дорад, ҳоло шаклан ба вуҷуд наоварда, дар ақлу хаёлаш бунёд кунад. Ҳар шева ва вижагии он ҳадафро шакл диҳад, як навъ ламс бикунад, бӯяшро гирад, бичашад ва аз ин ҳолат завқи рӯҳонӣ-равонӣ бигирад. Аз ин ҷост, ки эҷодкорон ва дилдодагони мақсади хеш ҳама чизро дубора бунёд мекунанд: аввал дар ақлу хаёл ва баъдан дар ҷисму мисол.

Дар мисоли сохтмони бино муҳандис, пеш аз он ки якумин мех зада мешаваду хишти аввалро мегузоранд, онро ботафсил бинобар иқлим, релеф ва хусусиятҳои маҳал дар хаёлаш бунёд мекунад. Агар ин бино барои зисту маишати оилаи аёлманде бошад, муҳандис ҳаҷми хона, ҳуҷраҳои ҳар фарди оила, меҳмонхона, ошхона, шаклу ранги девору дару тирезаҳо, ҳавлӣ ва майдончаи хурд барои бозӣ кардани кӯдакон ва ғайра талаботи рӯзмарраи хонаводаро ба инобат мегирад. Ӯ ҳангоми кашидани нақшаи хаёлӣ бо идеяҳову донишҳои мавҷудааш бозӣ мекунад. То ба шакли мукаммали хонаи бунёд мекардааш расидан, дар мағзи сар ва дили муҳандис тӯфонҳои эҷодӣ мевазанд.

Баъдан муҳандис бинои дар хаёл кашидаашро боэътино болои коғаз оварда, ҳар нақшу нигор ва қату қолаби онро ботафсил ишора мекунад. Ӯ, пеш аз он ки бели аввалин ба замин зада мешавад, бояд ҳар нозукият ва хусусиятҳои мавҷударо ба инобат гирифта, бунёди аввали биноро, яъне нақшаи хонаро омода созад. Агар дар рафти бунёди дуюм, яъне бунёди физикӣ бинобар саҳви нақшаи корӣ ягон хатое рух диҳад, ислоҳ намудани он мушкил ва ҳатто ғайриимкон мегардад. Чунин хато ва саҳв метавонад тамоми нақша ва ҷасоратро аз байн бурда, харҷи маблағ ва тасарруфи кориро дучанд гардонад. Бекор нагуфтаанд, ки аввал ҳафт маротиба чен карда, баъд бибур!

Баъд аз бунёди аввали бино, ки ҷанбаи хаёлии онро ташкил медод, муҳандис нақшаро барои бунёди дубора ба сохтмончиҳо месупорад. Муҳандис баъд аз раванди аввалияи бунёди бино ҳам кори сохтмончиёнро пайгирӣ мекунад. Ӯ ҳар рӯз ба маҳалли сохтмон омада, корҳои иҷромешударо тафтиш мекунад. Азбаски муҳандис аллакай дар тахайюлаш ба нуқтаи ниҳоии мақсад расидааст ва то хусусият ва тафсилоти умдааш чӣ гуна шаклу ранг гирифтани биноро медонад, ӯ мехоҳад, ки дар ҳар марҳила сохтмон бенуқсу саҳв идома ёбад.

(давом дорад)


Аввал шумо бифаҳмед ва баъд…

Низоми таълим ва интихоби касбу кор

Даҳаи умри инсонӣ

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s