Ҳама чиз дубора бунёд мегардад (2)

Дар мисоли тиҷорат, агар шумо дар нақша доред, ки бо касбу фаъолияти тиҷоратӣ машғул шавед ва соҳиби корхонаи муваффақ гардед, бад-ин сон аввал онро дар хаёл то хусусият ва вижагиҳои лозимааш бунёд кунед. Шумо ботафсил маҳсул ё хизматрасониеро, ки мехоҳед ба бозор бароред, нақшаашро хаёлан кашед. Нуқтаи ниҳоии мақсадро аз ҳозир тасаввур ва тахайюл кунед. Барои мустаҳкам намудани ҳадафи ниҳоӣ бозорро таҳқиқ намоед, ки оё талабот ба ин ё он маҳсулу хизматрасонии шумо ҳаст ё нест. Ҳамроҳи аҳли кор, тоҷирони таҷрибадор, таҳлилгарони бозор ва нафароне, ки аллакай дар ин самт кору фаъолият мекунанд, ҳатман машварат кунед. Бинобар сабабҳои мазкур то чӣ андоза муваффақ шудан, ё дар самти расидан ба орзуи хеш собитқадам шуданатон муайян мегардад. Аксар нафароне, ки мехоҳанд бо кори тиҷоратие машғул шаванд, маҳз барои сарфи назар кардани аҳамияти бунёди аввал шикаст мехӯранд. Зеро онҳо то ба вуҷуд овардани ҳадафи пешгузошташуда вазъи бозор, маблағи лозима, хусусият ва аҳамияти маҳсулу хизматрсаонӣ ва нақшаи солими инкишофёбиро таҳқиқ намекунанд.

Ҳамин гуна малакаи тахайюл намудани нуқтаи ниҳоии ҳадафро дар ҳама ҷанбаи ҳаётии хеш ба кор баред. Бахусус, агар шумо оиладор бошед, ҳатман доир ба муносибат ва робитаҳои занушавҳариятон қаблан нақшаҳо сохта, бунёди оилаи солимро аз имрӯз тасаввур намуда банқша гиред. Ҳамчунин ҳар волидайн доим орзу мекунад, ки фарзандаш фарди муваффақ, ҷасур ва ба ҷомеа фоидабахш ба воя расад. Пас барои бунёди шахсияти солими фарзанд аз имрӯз нуқтаи ниҳоиро тахайюл намуда, то нозукият ва хусусиятҳои умдааш атрофи раванди таълиму тарбияи ӯ майна об кунед. Ва ҳар вақте ки ҳамроҳи фарзандатон муошират мекунед, нуқтаи ниҳоиро дар хаёл зинда дошта, дар самти лозима ӯро равона кунед. Волидайн ҳаргиз бо рафтор ва гуфторҳои манфӣ, инҷиқии бемантиқ ё талаботи шахсӣ-нафсонии худ ба инкишофи шахсият ва орзуҳои мунфариди кӯдак халал нарасонанд.

Дар асл малакаи тахайюл ва тасаввур намудани нуқтаи ниҳоиро ҳар нафар дар ҳар маврид ба кор мебарад. Пеш аз он ки ба роҳ бароед, масири кӯтоҳтарин ва бехатартаринро интихоб мекунед; пеш аз парвариши боғ, масоҳати замин ва дарахтҳои маъқулро интихоб мекунед; пеш аз нутқ гуфтан, суханҳои мегуфтаро болои коғаз навишта, акслуламали шунавандагонро тасаввур мекунед; чевар, пеш аз он ки матоеро барои дӯхти либос пора бикунад, нуқтаи ниҳоиро тасаввур карда, онро болои коғазе мекашад. Ҳамин тавр тамоми корҳое, ки аксарият бо муваффақият анҷом меёбанд, пеш аз ҳама дар хаёл ва баъдан ҷисман дубора бунёд мегарданд.

Агар фарди ҷомеа муътақиди принсипи “ҳама чиз дубора бунёд мегардад” бошад, дар раванди амалӣ намудани ҳадафу ғояҳояш масъулиятшиносона рафтор мекунад, ки он аз рафтори шуурноки ӯ дарак медиҳад. Ин фард дар доираи таъсирнокияш фаъолият намуда, дар раванди банақшагузорӣ доираи мазкурро боз ҳам васеътар мекунад.

Вале, агар фард муътақиди принсипи “ҳама чиз дубора бунёд мегардад” набошад, яъне пеш аз вуҷуди физикӣ гирифтани мақсад, нуқтаи ниҳоиро тахайюл накарда, онро дар қадами аввалия бунёд намекунад, ӯ доираи таъсирнокияшро ба ашёву ҳодисот маҳдуд намуда, эҳтимоли дар ин ҷода шикаст хӯрдан зиёд мегардад.


Фирефтаи қолабҳои сохта шуда, ба мино барнахӯред!

iPhone тавонист дар 10 сол масири ҳаётро бакуллӣ иваз намояд

Озодии фикрӣ ва аҳамияти мутолиа

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s