Агар забони кӯдак лакнат дошта бошад…

Лакнати забон, гирифтани забон ҳангоми гап задан аст, ки вобаста ба шиддат ва мушкилии забонгирӣ дар ҳар нафар гуногун буда метавонад. Бахусус, ҳангоми асабӣ шудани шахси лакнатдор, забонгирӣ боз ҳам бештар мегардад. Лакнатдор шудани забони кӯдак бинобар сабабҳои гуногун сар зада метавонад:

– Вақте кӯдак қариб ба синни дусолагӣ мерасад, аллакай кӯшиш мекунад, ки калимаҳоро бурро талаффуз намояд. Вале аксар вақт ба ин муваффақ нагашта, тез асабӣ мешавад. Ҳарчанд ӯ мехоҳад мисли калонсолон бештару бурротар калимаҳоро талаффуз намояд, вале дар баъзеи калимаҳо дармонда, забонаш лакнат мехӯрад;

– Яке аз сабабҳои лакнат доштани забони кӯдак, таъсири манфии калонсолони асабӣ ҳам шуда метавонад, ки бурро талаффуз накардани калимаҳо, ифода карда натавонистани эҳсосот ва адами эътибор ба шахсият ӯ барои инкишофи гӯишаш таъсиргузор мешаванд. Баъзан калонсолон худ нафаҳмида, сухани кӯдакро мебуранд ва ӯ ҷумларо тамом накарда, ба ҷои вай гап мезананд. Ин гуна рафтори калонсолон хатои маҳз аст. Бигзор кӯдак, каме душворӣ кашад ҳам, вале калимаҳоро мустақилона талаффуз карданро омӯзад;

– Баъзан кӯдак калимаро ҳар чӣ тезтар талаффуз кунам гуфта ҳам забонаш лакнат мехӯрад. Дар ин ҳолат ӯро саросема накарда, иҷозат диҳед ором шуда, фикрашро иброз дорад;

– Дар синни 3 ва 4-солагӣ бинобар талаффузи баъзе ҳамсадоҳо забони кӯдак лакнат дода метавонад. Сабаби чунин мушкилӣ дар ин овон, босуръаттар будани фикрронии кӯдак нисбат ба талаффузи фикри ибрзомешуда аст. Азбаски ҳоло захираи луғавии кӯдак маҳдуд аст, ӯ фикрҳои зиёди дар мағзи сар доштаашро равон иброз карда наметавонад ва аз ин рӯ, ҳангоми талаффуз забонаш лакнат мегирад. Ин гуна лакнат доштани забон муваққатӣ аст. Бо мурури замон талаффузи кӯдак бурро мегардад. Вале бояд қайд кард, ки дар ин марҳила нақши волидайн барои бурро гардонидани талаффузи ӯ муҳим аст. Волидайн ҳар чӣ бештар забони гуфтугӯиро дуруст ва барҷо истифода баранд;

– Агар забонаш дар синни 6 ва 7-солагӣ ҳам лакнат дошта бошад, эҳтимол, кӯдак дар муносибат бо афроди оила мушкилӣ дорад. Бахусус, оилаҳое, ки мехоҳанд ба кӯдак дар як вақт беинтизом беш аз 3-4 забонро омӯзанд, дар гӯиш чунин мушкилӣ пайдо мекунад. Ба кӯдак омӯзонидани забони хориҷӣ лозим аст, вале кӯдак бояд фарқ карда тавонад, ки бо кӣ ба кадом забон сухан ронад.

Чӣ бояд кард?

– Вақте волидайн пай мебаранд, ки кӯдак дар кадом як калимае дармондааст, дасташонро ба китфаш ниҳода, ӯро ором кунанд. Бигзор фикрашро ҷамъ карда, баъдан гап занад;

– Ҳаргиз кӯдакро бинобар лакнати забонаш таҳқир ва масхара накунед. Баръакс барои бурро гаштани гӯиш ва дуруст талаффуз намудани калимаҳо ӯро кумак кунед.


Агар кӯдак аз ҳад зиёд серҳаракат бошад…

Агар кӯдак шабонгаҳ зуд-зуд метарсида бошад

Муноқишаву низоъ миёни бародарон ва хоҳарон

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s