Миёни ангеза ва аксуламал доим озодии интихоб мавҷуд аст (1)

Виктор Франкл олим ва равоншиноси яҳудитабор дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон асири лагерҳои натсистӣ буд. Ҳангоми асорат ӯ рӯзҳои мушкилтарини ҳаёташро аз сар гузаронида, шоҳиди марги падару модар, бародар ва ҳамсараш шуда буд. Онҳоро зинда ба зинда дар камераҳои газӣ қатл карда буданд. Аз афроди оила танҳо апааш зинда монда буду халос. Худи Франклро фашистон ҳар рӯзу ҳар соат азоби ҷисмониву равонӣ медоданд. Асирони дигар пасмонда, бадани мурда ва хокистарҳои ҳамтаборон ва хешу пайвандонашонро кашонида гӯр мекарданд. Дар ин фазои касифи ғайрибашарӣ ҳоли зинда аз ҳоли мурда беҳтар набуд ва ҳеҷ кас мутмаин набуд, ки то субҳи фардо зиндаву бардам мемонад.

Ҳамин тавр, вақте Франкл як рӯз дар ҳуҷраи маҳбасияш танҳову урён менишаст, ӯ барои худаш ҳолатеро кашф мекунад, ки баъдан онро “озодии вопасини одамӣ” меномад. Он озодие, ки озордиҳандагони натсист ҳаргиз аз дасташ гирифта наметавонистанд. Ҳарчанд фашистон соҳиби тамоми ашё ва муҳити Франкл буданду метавонистанд ҷисмашро ҳар вақте хоҳанд азоб диҳанд, вале худи Франкл мавҷуди соҳибиродаву соҳибшуур буд. Аз ин рӯ нисбат ба ҳамаи он ҳолати бо ӯ ва атрофиёнаш рухмедода бо рафтору нигоҳи бетарафона назар карда тавонистанро меомӯзад ва дар баробари ин вуҷуд ва олами ботинияш таъсринопазир мемонд. Ӯ бо иродаи худ қарор медод, ки муҳит ба ӯ чӣ гуна таъсир расонад.Франкл дарк мекунад, ки миёни ангезаҳои муҳит ва аксуламали ӯ ба он, озодии интихоб кардан мавҷуд аст.

Ҳамин тавр дар хаёлҳо Франкл худро дар аудиторияҳои донишгоҳ ҳангоми ба донишҷӯён дарс гуфтан тасаввур мекард. Ӯ мутмаин буд, ки баъд аз озодӣ аз лагерҳо ба шогирдонаш дар бораи таҷрибаҳои равонӣ ва ҳаёти лагерӣ нақл хоҳад кард. Тариқи такрорҳои зиёди ин гуна тамринҳои ахлоқӣ, зеҳнӣ, ақлониву эҳсосӣ ва бо кумаки хотираҳо ва нерӯи тахайюлкунӣ Франкл дар ботинаш вуҷуди хурди озодиро нумӯ дод. Эҳсос ва орзуи озодӣ бакуллӣ ҳастии ӯро фаро гирифта, нисбат ба муҳофизони фашист озодтар мекунад. Ҳарчанд муҳофизонаш зоҳиран дорои озодии бемаҳдуд буданд, вале Франкл соҳиби озодии ботинӣ-равонӣ буд, ки ӯро бештар аз пеш зинда нигоҳ дошта, қувват мебахшид. Ӯ ба ҳаёт дигарбора бо умед ва назари нек нигоҳ карданро омӯхт. Бо ин рафтор ӯ аллакай барои маҳбасиён ва ҳатто барои баъзе аз муҳофизони фашист тимсоли ибрат гашта буд. Дар мисоли рафтор ва нигоҳи худ Франкл атрофиёнашро илҳом бахшида, ҳаёти онҳоро рангинтар кард. Новобаста ба мушкилӣ ва ҳоли пурмалол дар лагери маргбор, ҳаёт дар назари асирон дубора маъно пайдо намуд.

Франкл дар муҳит ва вазъи мушкилбор аз неъмат ва атои бахшидашудаи худшиносӣ истифода карда, барои худ принсипҳои муҳими фитрати одамиро кашф намуд: миёни ангеза ва аксуламал инсон доим озодии интихоб карданро дорад.

(давом дорад)


Роҳбалади нафарони қавиирода

Аввал шумо бифаҳмед ва баъд…

Ҳама чиз дубора бунёд мегардад

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s