Миёни ангеза ва аксуламал доим озодии интихоб мавҷуд аст (2)

Вақте ки Виктор Франкл принсипи фундаменталии фитрати одамиро кашф ненамояд, ӯ баъд аз озод шудан аз асорати лагерҳои натсистӣ болои малакаи дар ҳама ҳолат пурсамарона фаъолият карда тавонистан ва ё проактив будан кор мебарад.

Ҳарчанд мафҳуми луғавии проактив аз ҳад зиёд фаъол буданро ифода мекунад, вале ин маъно танҳо як ҷиҳати чунин малакаи пурсамарро шарҳ медиҳад. Бо маънои том калимаи проактив, ба ӯҳдагирии масъулияти ҳар амалу рафтори ба ҷой меоварда мебошад. Натиҷаи рафтори мо ба қарори мегирифтаамон вобаста аст, на ба таъсири муҳити мавҷуда. Яъне, агар дар миён натиҷаи амали анҷомдодаамон мавҷуд бошад, хоҳ манфӣ ва ё мусбат, ҷавобгар ва масъули он мо ва танҳо мо ҳастем! Фарди ҷомеа метавонад эҳсосоти худро мутеъи арзишҳояш гардонад ва аз натиҷаи амали анҷомдода самараи бештар ба даст орад.

Фарде, ки аз малакаи дар ҳама ҳолат пурсамарона фаъолият карда тавонистан бархӯрдор аст, ҳаргиз аз масъулият ва ӯҳдадорӣ намегурезад. Чунин нафари проактив ба ҳеҷ ваҷҳ амали кардаашро бо баҳона, сабабҳо ва ҳолати ногувор пӯшиш намедиҳад. Маҳсули амалу рафтори ӯ дар заминаи арзишҳои воло қарори гирифтаи иродавӣ аст, на натиҷаи таъсири сабабҳо, ки бинобар эҳсосот ба вуҷуд омад.

Ҳар нафаре, ки бинобар таъсири муҳит ва атрофиён ба натиҷае мерасаду иродаи худро ҳеҷ меҳисобад, реактив мебошад. Чунин нафарон тобеъи назар ва андешаи одамон мебошанд. Вазъи “обу ҳавои иҷтимоӣ” онҳоро бевосита таъсизргузор шуда метавонад. Агар нафаре шахси реактивро таҳсин гӯяд, ӯ шод мегардад. Вале, агар муҳити иҷтимоӣ ӯро бад гӯяд, чунин нафар бакуллӣ маҳкам шуда, ба олами дарунии худ фурӯмеравад. Ҳамчунин нафари реактив зери таъсири физикии муҳит низ қарор мегирад. Агар ҳаво хуб бошад, табъаш ҳам хуб мегардад. Вале, агар ҳаво тира бошад, табъаш низ гирифта мешавад. Дигаргуниҳои физикии муҳиту иқлим ба фаъолият ва самаранокии ӯ новобаста таъсиргузор мебошанд. 

Вале нафарони проактив дорои ҳавову иқлими бевоситаи хеш мебошанд. Онҳо муҳит ва иқлими лозимаро мустақилона ба миён меоранд. Онҳо аз вазъи борону офтоб вобаста набуда, тобеъи арзиш ва принсипҳои воло мебошанд. Баръакси нафари реактив шахси проактив ҳаргиз намегузорад, ки заъфу ноӯҳдабарории муҳити иҷтимоӣ дар ӯ акси худро дода, фазои манфӣ ва заҳрнок ӯро фаро гирад. Ангезаҳои беруна нафари проактивро низ таъсиргузор аст, вале интихоби таъсири онҳо иродавӣ мебошад, зеро ӯ интихобро бинобар арзиш ва принсипҳои сайқалдодааш мекунад. Проактив худ қарор медиҳад, ки нисбат ба ин ё он ҳолат, ашё, муҳиту атрофиён чӣ гуна аксуламал нишон диҳад.

Виктор Франкл дар замони асораташ тавонист ҳамон равзанаи миёни ангезаву аксуламалро дарк намояд ва ҳамзамон асирони дигарро ҳам илҳомбахш гардад. Акнун, барои ин ки мо низ дар худ малакаи проактив буданро инкишоф диҳем, шарт нест ҳамчун Франкл ҳаёт ва таҷрибаи лагери маргборро аз сар гузаронем. Танҳо лозим аст, ки дар рафти ҳаёти рӯзмарра нигоҳу муносибатамонро ба ашё, ҳолат ва атрофиён аз назар гузаронем. Малакаи проактив буданро метавон дар ҳолатҳои зайл низ дар худ тарбия дод: ҳангоми дар кӯча роҳ рафтану одоби муоширатро риоя намудан, дар сари чанбараки мошин нишаста аз як маҳал ба маҳалли дигар бинобар қоидаҳои ҳаракти роҳ рафтан, дар нақлиёти мусофирбар нишаставу тозагиро риоя кардан, бо ҳамсоя ҳамсӯҳбат шудану назди ҳавлии бинои истиқоматиро поку осуда нигоҳ доштан, бо ёру рафиқон муошират кардаву меъёрҳои адабу одобро фаромӯш накардан ва дар муносибат бо афроди оила эътидолро риоя намудаву аз меҳру муҳаббат холӣ назистан. Малакаи дар ҳама ҳолат пурсамарона зистан вобаста ба он аст, ки мо машкилӣ ва душвориҳои мавҷударо чӣ гуна мепазирем ва нерӯи хешро болои чӣ тамаркуз менамоем. Проактив будан то ҳатто ба кайфият ва меъёри суханрониву шарҳдиҳии он мушкилот вобаста аст.

Аз ин рӯ боре ҳам бошад худро бисанҷед. Муддати 30-40 рӯз барои тарбия ва инкишофи кадом як ҷанбаи фитрати башарӣ проактив зистанро қарор диҳед. Барои атрофиён ҳакамон нею илҳомбахш шавед. Масъулият гиред ва он масъулиятро ба ҷой оред. Агар хатое кунед, иқрор шавед. Аз мушкилот рӯ гардонида, нагурезед; мардонавор бо он рӯ ба рӯ шаведу барои ҳалли масъала ҷаҳд кунед. Ҳар нафаре, ки рӯз аз рӯз барои такмили “озодии вопасини одамӣ”-яш кӯшиш мекунад, ҳатман аз қайду қуюди нафсониву ҷисмонӣ раҳо меёбад ва ҳамин тавр ба авҷи аълои камолоти башарӣ мерасад.

Муваффақ бошед!


Ҳама чиз дубора бунёд мегардад

Фирефтаи қолабҳои сохта шуда, ба мино барнахӯред!

Даҳаи умри инсонӣ

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s