Агар наврас беинтизом бошад…

Одатан баъд аз синни 4 ва 5-солагӣ кӯдакони наврас нисбатан мустақилона рафтор карданро дӯст медоранд. Онҳо ба мисли солҳои пеш ба модару падар вобаста намешаванд. Аз ин рӯ як қатор амалу эҳтиёҷоти рӯзмарраро бевосита ба ҷой оварда метавонанд. Бахусус, агар кӯдак дар ин синну сол ба тозагӣ, низом ва беҳдошти саломатияш аҳамият намедода бошад, волидайн бояд бо ҳар роҳи мувофиқу солим ӯро ба он одат кунонанд. Аксар волидайн дар ин синну соли кӯдак шикоят мекунанд, ки фарзандонашон баъд аз хӯрда шудани хӯрок, пас аз худ тоза намекунанд; пеш ва баъд аз хӯрок хӯрдан, баъд аз кӯча омадан ва баъд аз ҳоҷатхона баромадан, дастонашонро бо собун намешӯянд; ҳамчунин бозича ва либосҳояшонр низ бепарвоёна ба ҳар кунҷи хона мепартоянд.

Волидайн аз ин гуна рафторҳои фарзандашон ноумед нашаванд ва босаброна ҳар чӣ тезтар ба кӯдак меъёрҳои риояи тартиб, тозагӣ ва интизомро омӯзанд. Вале дар ин миён бояд қайд кард, дар ин гуна рафторҳои ноҷои фарзандон худи волидайн ҳам айбдор буда метавонанд. Агар падар ва модар худ боинтизом ва тоза зиндагӣ намекарда бошанд, кӯдак аз кӣ ва аз куҷо ин одатро аз худ кунад? Ва ё, агар модар доим пас аз фарзандаш ҳама ҷойро ба тартиб медароварда бошаду ӯро эрка ба воя мерасонад, чунин ҳаёти беинтизоми кӯдак асари худи волидайн мебошад.

Чӣ бояд кард?

– Волидайн дар овони хурдияш кӯдакро доим талқин карда истанд, ки тозагӣ ва риояи низому тартиб дар хонаву берун аз он муҳим аст ва дар мислои худ аҳамияти онро нишон диҳанд;

– Кӯдак баъд аз 3-солагӣ қадам ба қадам дар анҷом додани корҳои хона волидайнро кумак намояд. Ҳар вақт супоришеро иҷро мекунад, волидайн ӯро таҳсин гӯянд, бо ӯ фахр кунанд ва меҳру муҳаббаташонро бештар изҳор намоянд. Кӯдак бояд дарк кунад, ки ба ҷой овардани амалҳои вобаста ба тозагӣ ва интизом, фоидабахш ва зарур аст;

– Агар кӯдак ҳангоми иҷро намудани супориш ба хато роҳ диҳад, ӯро сарзаниш накунед. Бори дигар санҷиданашро талқин намоед. Ба ӯ кумак кунед, роҳ нишон диҳед. Ҳамин тавр ӯ дарк мекунад, ки агар кор душвор ҳам бошад, вале иҷрои он ғайриимкон нест.


Муноқишаву низоъ миёни бародарон ва хоҳарон

Агар забони кӯдак лакнат дошта бошад…

Агар кӯдак аз ҳад зиёд серҳаракат бошад…

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s