Машқи зеҳнӣ барои эҷодкорон ва навқаламон

Ҳарчанд дар назари баъзеҳо матни равону ҷолиб навиштан қулай метобад, вале ду калимаро дуруст ва бе ғалат бо ҳам овардан малака ва меҳнати зиёдро талаб мекунад. Яке аз ҳадаф ва сабабҳои таъсис ёфтани Сомонаи тафреҳӣ-ахлоқии “ОФТОБ” ҳамин буд, ки эҷодкорони воқеӣ ва нафарони навқаламро барои навиштани матлбаҳои барои хонанда ҷолибу фоидабахш ташвиқ намоем. Мардуми минтақа аз қадим-ул-айём қаламро ба худ ром карда, абармардони гузашта номи ин миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ маҳз бо меъроси хаттӣ шуҳратманд кардаанд. Барои давом додани суннати аҷдодӣ ва бо роҳи эҷодкорӣ таъмин намудани бақои миллат навиштанро бояд давом доду атрофиёнро илҳом бахшид.

Хостем, барои сайқал додани малакаи навиштан, доир ба машқҳои зеҳнӣ мисоле орем. Машқҳои мазкур танҳо як қоида доранд. Барои ҳар як банди машқ бояд на беш аз 7 дақиқа сарф карда шавад:

– Дар бораи стакан як ҳикоя нависед;

– Рӯзи дилгиртарини ҳаётатонро ба ёд оред. Он рӯзро хаттӣ нақл кунед, вале дар ёд доред, ки нақли он рӯз набояд чунон дилгир бошад;

– Матлабе дар ҳаҷми 500 калима нависед, ки ин зайл сар шавад: “Агар ман дар ҳаёти худ чизеро иваз карда метавонистам, пас …”;

– Доир ба сабабҳои такмил надодани малакаи навишту эҷодкориятон баёнот нависед. Барои чӣ Шумо ҳамарӯза барои беҳтар гардидани малакаи навиштатон ҷаҳд намекунед?;

– Дар бораи ашёи кабудранг ҳикоя нависед;

– Тасаввур кунед, ки Шумо дар ҳуҷраи пур аз одам ҳузур доред. Вале ягона нафари нобино Шумо ҳастед. Акнун дар бораи эҳсосот, садои одамон ва фазои умумии ҳуҷра бардоштҳои хаёлиятонро нависед;

– Дар коғаз рӯйхати ҳама гуна тарсҳоятонро (фобия) нависед. Акнун яке аз онҳоро интихоб намуда, дар бораи он тарс нависед;

– Бо 200 калима рӯзи гармро тасвир намоед;

– Дар ҳудуди 250 калима ҳикояе нависед, ки Шумо одатан дар рӯзҳои боронӣ бо чӣ кор машғул мешавед;

– Душмани ашаддиятонро бо чӣ намуд нозу неъмат мавриди лутфу навозиш қарор хоҳед дод, бинависед!


5 тавсия ба қаламкашони навроҳ аз Ҷорҷ Оруэлл

Ҳама чиз дубора бунёд мегардад

Миёни ангеза ва аксуламал доим озодии интихоб мавҷуд аст

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s