Бузургони олами маънавиёт: Имом Раббонӣ (1)

Исми Имом Раббонӣ барои аксарият ошно аст, вале кам нафаре пайдо мешавад, ки доир ба ҳаёт, мақом ва нақши ин абармард дар умури ҳаёти маънавии мардуми минтақа, маълумоте дошта бошад. Ва эҳтимол, аз ин ҳам камтари нафарон огоҳ аст, ки Имом Раббониро ҳамчун “Муҷаддиди алфи сонӣ” (муҷаддиди ҳазорсолаи дуюм) низ ёд мекунанд.

Ҳазрати Имом Раббонӣ Аҳмади Форуқӣ моҳи майи соли 1564 дар ноҳияи Сарҳанди Ҳиндустон ба дунё омадааст. Азбаски насаби Имом Раббонӣ ба халифаи сонӣ Ҳазрати Умар ибни Хаттоб (р.а.) мерасад, ӯ ҳамчун “Форуқӣ” низ машҳур аст. Аввалин таълимро аз падараш, ки пайрави тариқати Қодирия буд, мегирад. Баъдан ҳам илмҳои динӣ-шаръӣ ва ҳам илмҳои ақлӣ-мантиқӣ, ба мисли фалсафа ва ғайраро аз олимону орифони гуногуни давронаш меомӯзад.

Вақте ки Имом Раббонӣ ба синни 37-солагӣ расид, падараш аз олам даргузашт. Баъдан ӯ ба шаҳри Деҳлӣ барои зиёрати шайхи тариқати Нақшбандия Ҳазрати Боқӣ Биллоҳ меравад. Ҳангоми вохӯрӣ Ҳазрати Боқӣ Биллоҳ дар Имом Раббонӣ малака ва зарфияти волоеро ҳис карда, аз ӯ хоҳиш мекунад, ки дар даргоҳаш бимонад. Имом Раббонӣ хоҳиши шайхро қабул мекунад ва ҳамин тавр ба тариқати Нақшбандия интисоб меёбад. Ӯ тақрибан дуюним моҳ дар назди шайх Бақо Биллоҳ истода, дониш ва маърифаташро такмил медиҳад. Баъд аз ба Сарҳанд баргаштан Имом Раббонӣ ҳаргиз иртиботро бо шайхаш наканда, доим тариқи ирсоли мактуб бо ҳам мулоқот мекарданд. Дар ин миён Имом Раббонӣ шайх Бақо Биллоҳро ду маротиба зиёрат намуда, иҷозати устодашро мегирад ва шайхи Нақшабандия аксарият муридонашро ба ӯ барои амонат месупорад.

Дар замони зиндагонии Имом Раббонӣ подшоҳи Ҳиндустон Акбар Шоҳ буд. Дар аҳди ҳукуматдории Акбар Шоҳ муҷодала ва низоъ миёни мусулмонону ҳиндуён авҷ мегирад. Ҳарчанд Акбар Шоҳ худро мусулмон мехонд, вале ӯ бештар ба ҳиндуён майл дошт. Гузашта аз ин шоҳи Ҳиндустон бо номи “Дини илоҳӣ” як ҷараёни нав эҷод мекунад. Бинобар иддао ва таълимоти “дин”-и подшоҳ акнун, ки аз биъсати паёмбари ислом ҳазор сол сипарӣ шуд ва ин дин кӯҳна гашт, барои “ҳидоят”-и мардум ниёз ба дини баъдӣ пайдо гардид. Дар дини бофтаи Акбар Шоҳ мардум ҳамчун офаридгори ҳастӣ бояд офтобро парастиш намоянд, ба таносух (реинкарнатсия) бовар кунанд ва гӯшти хукро ҳалол шуморанд. Ҳамчунин подшоҳ талаб мекард, ки аҳолӣ нисбати ӯ саҷдаи эҳтиромро ба ҷой оранд. Акбар Шоҳ пайравони равияи йогаро қадр намуда, ба таълимоташон аҳамияти хоса медод. Аз ин рӯ Имом Раббонӣ барои ҳифзи покии дини мубини ислом дар зеҳну шуури мӯъминон бар зидди ин таълимоти мунҳариф ва сафсатаи подшоҳ муҷодала карда, тамоми умрашро дар ин ҷода сипарӣ мекунад.

Имом Раббонӣ дар асар ва таълимоташ мусулмононро аз таҳлука ва таъсири харобиовари ҷараёни навзуҳур огоҳ намуда, дар айни замон дини мубинро аз хурофот ва бидъатҳо пок гардонида, муъминонро ба роҳи суннати паёмбарӣ даъват менамуд. Азбаски дар он замон Ҳиндустонро қадам ба қадам таълимоти аҳли шиа низ зер мекард, бад-ин васила Имом Раббонӣ барои ботил кардани ин тоифа асари машҳураш “Рисолаи радди шиа”-ро менависад.

(давом дорад)


Риояи адаби роҳ

Бузургони олами маънавиёт: Робияи Адавия

Бузургони олами маънавиёт: Бишри Ҳафӣ

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s