Бузургони олами маънавиёт: Имом Раббонӣ (2)

Соли 1605 баъд аз вафоти Акбар Шоҳ фарзанди ӯ Ҷаҳонгир тахтро ба меърос мегирад. Мусулмонон аз ин ҳодиса бисёр шод гаштанд, зеро шоҳ Ҷаҳонгир баръакси падараш мусулмони мутадайин буд. Ҳатто Имом Раббонӣ дар яке аз мактубҳояш, ки ба шоҳ Ҷаҳонгир ирсол менамояд, ӯро ҳамчун “Подшоҳи ислом” зикр мекунад. Вале шоҳ Ҷаҳонгир низ ба фишор ва таъсири ҷараёнҳои гуногуни ифротиву мунҳариф тан дода, қиёми аввалаашро ҳифз карда наметавонад. Ӯ низ бо гузашти замон нисбат ба мӯъминон зулмҳои зиёдро раво мебинад. Ҳамчунин муҳити шоҳ Ҷаҳонгирро уламои шиа мунҳасир карда, бинобар хост ва таълимоти ботилашон ӯро “роҳнамоӣ” мекарданд.

Соли 1619 шоҳ Ҷаҳонгир Имом Раббониро ба Агра – пойтахти салтанаташ хонда, бинобар мактубе, ки анқариб даҳ сол пеш ба шайх Бақо Биллоҳ навишта буду дар он баъзе аз масоил роҷеъ ба тасаввуф зикр гардида буданд, истинтоқ мекунад. Шоҳ Ҷаҳонгир баъд аз истинтоқ бо айбдории пучу беасос Имом Раббониро ҳабс мекунад. Худи шоҳ Ҷаҳонгир дар асараш қайд мекунад, ки сабаби маҳбасӣ кардани Имом Раббонӣ иттиҳоми ташкили тариқат ва барои нашр намудани таълимот ба ҳар шаҳри салтанат фиристодани муридон мебошад. Ҳамин тавр тоифаи шиа доим шоҳ Ҷаҳонгирро бар зидди Имом Раббонӣ бармеангехт.

Вале Муаҳммад Амини Бадахшӣ, ки яке аз муридони муҷаддид алфи сонӣ буд, дар асари хеш “Маноқиб-ул-ҳазарот” сабаби асосии маҳбасӣ гардидани устодашро чуни зикр мекунад: “азбаски Имом Раббонӣ аз овардани саҷдаи эҳтиром ба шоҳ Ҷаҳонгир худдорӣ намуд, ӯро ҳабс карданд”. Бешубҳа, Имом Раббонӣ дар саросари салтанати Ҳинд мурид ва муҳиббони зиёд дошт ва ҳар яки он бинобар таълимот ва ҳидояти устодашон ба сар бурда, аҳолиро иршод мекарданд. Чунин нуфуз ва эътибори Имом дар назари шоҳ Ҷаҳонгир ҳамчун хатар ба тахту салтанат вонамуд гардид. Илова ба ин уламо ва мушовирони шиагӣ бо фитнаву таҳрикоти беасос ҳар дам ин бими подшоҳро тақвият мебахшиданд. Аз ин рӯ подшоҳ бо андак баҳонаи беасос Имом Раббониро ба маҳбас мефиристад.

Аз ин рафтори подшоҳ ва ҳолати Имом Раббонӣ мурид ва муҳиббон нороҳат шуда, агар устод талаб кунанд, барои аз тахт сарнагун кардани шоҳ Ҷаҳонгир омода буданашонро иброз медоранд. Вале Имом Раббонӣ зидди ҳар гуна фитнаву иғвоангезӣ буду чунин таклифи муридонашро рад намуда, фармуд: “Подшоҳро зарар расонидан, мамлакатро зарар расонидан аст!” Шоҳ Ҷаҳонгир низ дарк карда буд, ки Имом Раббониро зиёд дар маҳбас доштан хато аст ва бо шарти зери назорати худ қарор додан, ӯро аз маҳбас озод мекунад. Барои ин шоҳ дар назди сарой барои Имом маконе таъсис дода, ӯро дар онҷо мустақар месозад. Ҳар гоҳе шоҳ Ҷаҳонгир барои аёдати ҳоли мардум аз сарой берун мешуд, Имом Раббониро низ ҳамроҳ мегирифт, то ки меҳру иззати аҳолиро нисбати худ зиёд кунад.

Вале, чунин қаробати сунъӣ низ атрофиёни подшоҳро безобита кард. Аз ин рӯ онҳо шоҳро маҷбур карданд, ки Имом Раббонӣ ба зодгоҳаш фиристода шавад. Ҳамин тавр Имом Раббонӣ соли 1624 ба Сарҳанд баргашта, то охири умр мунзавӣ ба сар мебарад.

Имом Раббонӣ моҳи декабри соли 1624 дар синни 60-солагӣ олами фониро падруд гуфта, ба “васли Ёр” мерасад. Умри пурбаракати ӯ пас аз худ асарҳои зиёд, насиҳату гуфторҳои пурфайзу иршодкунанда боқӣ мегузорад. Ва яке аз асарҳои асосии муҷаддиди ҳазорсолаи дуюм, ки то ба имрӯз ҳам ба имдоди уламову урафо мерасад, китоби “Мактубот” мебошад.


Шарм дор ва носипос нашав!

То чӣ андоза дилбастаи мақсуд ҳастем?

Дили мӯъмин ва “рӯзи ҳисоб”

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s