Қоидаи “ним соат” метавонад ҳаёти шумор рангин кунад

Дар самти ба даст овардани ҳадаф ва мақсадҳои хеш боматонат будан яке аз сифат ва малакаҳое мебошад, ки фардро ба қуллаҳои муваффақият мерасонад. Ҳарчанд кас метавонад дар ин ё он кору машғулият аз таваллуд боистеъдод ва доҳӣ бошад, вале дар таърих мисоли боистеъдодни номуваффақ ва ё доҳиёни берӯзӣ зиёд аст. Дар баробари ин мисоли нафароне, ки дар асл на доҳӣ буданд ва на аз таваллуд соҳибистеъдод, тавонистаанд бо устуворӣ ва матонати беохир равиши дунёро иваз намуда, дар ҷодаи интихобкарда муваффақ шаванд.

Яке аз сабабҳое, ки кас дар роҳи ба даст овардани мақсад тез-тез шикаст мехӯрад, бесабру бетаҳаммул будан аст. Саросемагӣ дар пайи ҳар чӣ тезтар ба даст овардани натиҷаву орзуҳо нафарро барои кӯр-кӯрона амал намудан водор мекунад. Чунин рафтори хом заминаи нақшаи ба ҳадаф расиданро ноустувор карда, кор ба охир нарасида, ҳама чиз барбод мешавад. Нафари соҳибиродаву матин бошад, ҳар қадамро оқилона гузошта, заминаи бунёдро қавӣ мегардонад. Ҳамин тавр ӯ ба ҳадаф ва орзуи дерининтизораш ноил мегардад.

Ба касе пӯшида нест, ки муваффақият вақтро талаб мекунад. Ҳар чӣ муваффақият бузург бошад, ҳамон андоза вақти зиёдтар лозим аст. Бил Гейтс ва Стив Ҷобс ҳаргиз дар як шабонарӯзӣ миллиондор нашудаанд. Дэвид Бекхэм ва Леонел Месси барин футболбозону варзишгарони машҳур танҳо баъд аз як-ду тамрин дар сафи беҳтаринҳо қарор нагирифтаанд. Абӯалӣ ибни Сино ва Алфред Нобел барин олимон пас аз мутолиаи танҳо як асар ба қуллаҳои дониш нарасидаанд. Ҳамаи онҳо пас аз нишон додани матонат ва азми зиёд тавонистанд дар соҳа ва машғулиятҳои хеш ба қуллаҳои муваффақият ноил гарданд.

Ва яке аз хусусияти муштарак, ки ҳамаи он абармардон доштанд, ин боинтизом ва устуворона дар роҳи интихобкарда ҳаракат кардан аст. Ҳарчанд тамоми башарият, бахусус хонандагони ин сатрҳо хуб медонанд, ки бе интизоми қавӣ ва ҷаҳди беохир кас наметавонад ба орзуву мақсадаш расад, вале боз ҳам интизорем, ки як пагоҳӣ аз хоб бедор мешавему ба ҳама чиз ноил мегардем. Чуни хаёлҳои хом доим дар олами тахайюлиямон боқӣ мемонанд, зеро бе ҳаракат ба даст овардани баракат имкон надорад.

Яке аз роҳҳои қулай ва муассир дар самти муваффақият ин давомнокӣ аст. Малака ва истеъдоди мавҷударо ҳамарӯза давомнок сайқал додан аст. Қоидаи “ним соат” маҳз барои такмил додани истеъдод ва малакаҳои хеш метавонад касро кумак расонад. Ин қоида барои ҳамагон мувофиқ аст, зеро ба ҷой овардани он замони зиёдро талаб намекунад; танҳо 30 дақиқа! Кас барои пайдо кардани одати самарабахш ва ё такмил додани кадом як одати мавҷуда бояд ҳар рӯз танҳо ним соат бо он машғул шавад. Ҳарчанд иҷрои қоидаи мазкур дар назар қулай ва ҳатто бефоида метобад, вале давомнок ба ҷой овардани он иродаи қавиро талаб мекунад. Баъд аз як сол натиҷаҳояш метавонад касро ба ҳайрат оварад. 

Фарз кардем, шумо мехоҳед одати китобхонии бардавомро касб намоед. Пас шуморо лозим меояд, ки ҳар рӯз барои китоб хондан ним соат вақт ҷудо кунед. Ҳарчанд дар назари кас ҳамарӯза ним соат китоб хондан осон ва хандаовар менамояд, вале чунин раванди мутолиа метавонад дар як сол 24 китобро “чаппа” кунад! Ин теъдод китоби дар як сол мутолиамешударо саҳл нагиред, зеро аксар нафароне, ки муҳити шуморо ташкил мекунанд, дар даҳ сол ҳам 24 китоб нахондаанд.

Шумо метавонед аз қоидаи “ним соат” барои омӯзиши забони хориҷӣ истифода кунед. Агар ҳамарӯза барои омӯзиши забони нав кас ним соат вақт ҷудо кунад, ин теъдод дар як сол 182,5 соатро ташкил мекунад. Агар кас танҳо дар ин муддат 3 калимаи нав аз ёд кунад, дар ҷамъ анқариб 550 калимаро ташкил медиҳад. Забоншиносон қайд мекунанд, ки захираи луғавии иборат аз 500 калима барои барпо намудани муколамаи содаву равон бо соҳибони забон имконпазир аст.

Ҳамин тавр ҳар нафари то ба имрӯз шикоятмекарда ва ё баҳонаҳо пешмеоварда, ки барои омӯзиш ва ба даст овардани орзуи деринааш дар давоми рӯз вақт пайдо намекунад, метавонад бо қоидаи “ним соат” ба он ноил гардад. Пас вақтро кашол накарда, ҳар чӣ тезтар ним соат пайдо кунед!


Китобхониро саҳл нагиред!

Шарҳи мухтасари вазъи ҷомеаи тоҷикистонӣ

Занҷирро машикан!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s