Таълим ва тарбияи кӯдаконе, ки ҳамроҳи модар дар маҳбас ба воя мерасанд (1)

Рӯзҳои гузашта дар яке аз саҳифаҳои корбарони сомонаи иҷтимоии Facebook “дарди диле” нигошта шуда буд. Ин корбар меҳмони кишварамон шуда, яке аз шиносҳояшро, ки дар ҳабсхонаи занонаи шаҳри Норак маҳбасӣ аст, барои аёдат рафт:

“Вақте ки вориди ҳабсхона шудам, дар ҳавлӣ кӯдакони зиёде бозӣ мекарданд. Он кӯдакони аз синни 1 то 2-сола буданд. Ман тааҷҷуб кардам, ки ин кӯдакон дар ҳабсохна чӣ кор мекунанд? Ба ман гуфтанд, ки дар ҳабсхона анқариб 15-20 тифлакони хурдсол аз синни 1 то 2,5-солагӣ ҳамроҳи модарони маҳбасияшон мезиянд. Он шиносам ба ман гуфт, ки баъзан модарон асабӣ шуда, фарзандони хурдсолашонро мезананд…”

Чунин ҳолати риққатовару ҳазинро қариб, ки дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон мушоҳида кардан мумкин аст. Бешак, дар кишварҳои мутараққӣ ин гуна мушкилот бо роҳи мутамаддин ҳалли худро пайдо намуда, ҳам модарон ва ҳам кӯдакон бо таълим, тарбия ва рафъи эҳтиёҷоти лозима саривақт ва ба дараҷаи кофӣ таъмин мегарданд. Вале дар баробари ин кишварҳое низ ба мисли Туркия мавҷуданд, ки на ба модар раҳм мекунанд ва на ба тифлакони хурдсоли онҳо. Ҳоло дар саросари ҳабсхонаҳои ин кишвар анқариб 670 кӯдак ҳамроҳи модарашон бе далел ва исботи гуноҳ маҳбасиянд.

Барои дарк намудани фазои мушкилбори ҳабсхона, шарт нест, ки кас маҳбасӣ шавад. Вале, бешак, гуфтан мумкин аст, ки дар он макон доир ба рушди солими кӯдак сухан рондан абас аст. Чун ҳолати мазкур яке аз ҳақиқатҳои зиндагӣ аст, хостем доир ба мушкилоти ҳолати рӯҳӣ-равонии кӯдакони “маҳбасӣ” ва роҳи ҳал маълумот диҳем.

Муҳит ва фазои дилгири ҳабсона ҳам модар ва ҳам кӯдакро ранҷ медиҳад. Бахусус, агар кӯдак аллакай дарку фаҳмиши кофӣ пайдо карда бошад, аз ин ҳолат зиёдтар ғамгин мешавад. Чунин вазъ ба солимияти кӯдак зарба зада метавонад. Аз ин рӯ бинобар синну сол ва савияи даркаш сабаб ва ҳолати дар маҳбас қарор гирифта шуданро бояд фаҳмонид. Нисбат ба саволҳои кӯдак волидайн босабр бошанд. Агар кӯдак ба саволҳо ҷавоби қонеъкунанда нагирад ва ба замми ин волидайн асабӣ шуда, ӯро ҳар доим сарзаниш кунанд, кӯдак метавонад гумон кунад, ки гунаҳгори ин ҳолати мушкилбор ва маҳбасӣ гаштани падар ё модар ӯ мебошад. Азбаски кӯдак дар ҳама ҳолат модарашро дӯст медорад, кӯшиш мекунад, ки ӯро дилбардорӣ кунад. Кӯдак айбро ба худ гирифта, гумон мекунад, ки бори гарони модарашро осон мекунад. Вале дар баробари ин солимияти рӯҳӣ-равонии ӯ метавонад зарба гираду бо ин ҳисси гунаҳгорӣ то ба охири умр зиндагӣ кунад. 

Новобаста ба шартҳои дилгиркунандаи ҳабсхона, волидайн бояд матонат ва табъи хушро ҳам барои худ ва ҳам барои фарзандашон ҳифз кунанд. Бахсус аз таваллуд то синни дусолагӣ навзод бо модараш бештар тариқи робитаи ҳиссӣ додугирифт дорад. Яъне модар ҳар чӣ эҳсосотеро аз сар гузаронад, кӯдак низ онро ҳис мекунад. Азбаски дар ин овон заминаи шахсияти кӯдак инкишоф меёбад, дар баробари таъмини эҳтиёҷоти моддӣ-ғизоӣ, ҳамчунин татмин намудани эҳтиёҷиоти рӯҳӣ-равонӣ низ зарур аст. Ин гуна татамингардонӣ кӯдакро ҳузур ва амон мебахшад.

(давом дорад)


Агар кӯдак аз ҳад зиёд серҳаракат бошад…

Агар забони кӯдак лакнат дошта бошад…

Агар наврас беинтизом бошад…

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s