Таълим ва тарбияи кӯдаконе, ки ҳамроҳи модар дар маҳбас ба воя мерасанд (2)

Аҳамияти бозӣ дар рушди солими кӯдак

Азбаски масоҳати физикии ҳабсхона барои ҳаракат маҳдуд аст, кӯдакон тез дилбазан шуда метавонанд. Аз ин рӯ дар чунин фазои маҳдуд одат кардани кӯдак мушкил мегардад. Кӯдак дар синну соли рушди ҷисмониву равонӣ ба ҳама чиз ва ба ҳар макон мароқи зиёд пайдо мекунад. Ӯ дар як ҷой қарор нанишаста, сераҳаракат мешавад. Вале ҳар вақте ба девор бармехӯраду масоҳати амалкунияш маҳдуд мешавад, зуд асабӣ мегардад. Бо гузашти замон дар ин гуна кӯдакон аломатҳои бадрафторӣ пайдо мешавад.

Илова ба ин, чун интихоби ҳаракаткунӣ дар ҳудуди ҳабсхона маҳдуд аст, кӯдак маҷбуран ғайрифаъол мешавад. Агар кӯдак дилтанг шавад, инҷиқ мегардад ва модарон кӯшиш мекунанд, ки барои ором кардани ҳам кӯдак ва ҳам асабҳои хеш, ӯро зуд-зуд хобонанд. Азбаски кӯдак зиёд хоб мекунад, низоми хобкунии ӯ вайрон мешавад.

Дар ҷамъ ҳамаи ин маҳдудиятҳо барои рушди солими кӯдак халал расонида, дар асл, аллакай фазои маҳбас шахсияти аз ҷиҳати равонӣ ноустувор, асабӣ ва барои зарар овардан моилро парвариш медиҳад. Дар ин миён бояд қайд кард, ки маъмурият ва сохторҳои дахлдори кишвар доир ба усул ва раванди вақтгузаронии маҳбасиён миёни чор девор таҷдиди назар кунанд. Ва ҷомеа низ бояд пурсон шавад, ки оё маҳбас танҳо макони ҷазодиҳӣ аст, ё макони тарбия ва аз нав ба ҷомеа ҳамчун шахси солим баргардонидани фарди он аст?

Волидайнро лозим меояд, ки дар маҳбас ба таълим ва тарбия шахсияти солими кӯдак аҳамияти бештар диҳанд. Нақши бозӣ дар ин овон муҳим аст. Аз ин рӯ ҳар чӣ бештар бо кӯдак бозӣ карда, бо ин роҳ дар ташаккули шахсияти солими ӯ саҳм гузоранд. Ҳарчанд миёни чор девори ҳабсхона имконият барои озод бозӣ карда тавонистан маҳдуд аст, вале волидайн метавонанд ҳамроҳи кӯдак қаҳрамонҳои хаёлӣ бофта, ҳар дам ғӯттаи моҷароҳои гуногун шаванд. Модарон аз коғаз ва ашёи дар зери даст мавҷудбуда бозича ва шаклҳои гуногун созанд. Чунин фаъолиятҳои рангин андаке бошад ҳам кӯдакро овора карда, аз рафторҳои манфӣ ва асабикунанда эмин нигоҳ медоранд. Дар ин миён ҳам волидайн ва ҳам маҳбасиёни дигар аз инҷиқии кӯдак роҳат мекунанд.

Бахусус дар охири рӯз модар бадани кӯдакро ҳатман маҳс кунад. Ҳангоми маҳскунӣ дар бадан гормони окситосин ҳосил мешавад, ки онро “гормони муҳаббат” низ меноманд. Гормони мазкур ҳолати стрессии кӯдакро аз байн бурда, барои хоби солим мусоидат мекунад. Ҳамроҳи кӯдак ба ҷой овардани тамринҳои сабуки ҷисмонӣ низ қобили тавсия аст.

(давом дорад)


Таълим ва тарбияи кӯдаконе, ки ҳамроҳи модар дар маҳбас ба воя мерасанд (1)

Агар кӯдак аз ҳад зиёд серҳаракат бошад…

Агар наврас беинтизом бошад…

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s