Агар ҳар рӯз бо оби хунук оббозӣ кунед…

Дар баробари одамро “зинда”-ву ҳушёр гардонидан, ҳар рӯз бо оби хунук оббозӣ кардан касро солим нигоҳ медорад, ки ҳар узви бадани инсон аз он баҳра мебарад:

– Оби хунук касро болидарӯҳ мегардонад ва асабониятро аз байн мебарад. Сабаби инро табибон чунин шарҳ медиҳанд, ки оби хунук ба мағзи сар таъсир расонида, барои ҳосил намудани гормони норадреналин мусоидат мекунад. Ин гормон дар организми инсон бо ҳолати стрессӣ мубориза мебарад;

– Азбаски таъсири оби хунук ҳамлу нақли мавод ва ғизоҳои фоидабахшро дар организм беҳтар мекунаду ҳуҷайраҳоро бо кислород ғанӣ мегардонад, диққат ва тамаркузи кас бештар мешавад. Ҳамин тавр дар давоми рӯз иснон камтар хастаҳол мешавад ва тамаркуз болои кору машғулияти рӯзмарра бештар мегардад;

– Бахусус, ҳангоми пагоҳирӯзӣ, ки кас худро пажмурда ва ғайрифаъол ҳис мекунад, бо оби хунук оббозӣ кардан фоидабахш хоҳад шуд. Таъсири чунин одати пагоҳирӯзӣ ба фаъолияти ҳуҷайраҳо нерӯ бахшида, гардиши хунро ба танзим медарорад. Бинобар ин кас худро барои ҳалли мушкилоти ҳамарӯза омода ва фаъол ҳис мекунад;

– Худи раванди зери оби хунук қарор истодан, аллакай нишона аз иродаи қавии кас аст. Чунин тамринҳои рӯзмарраи иродаи инсонӣ барои даст кашидан аз одатҳои бад ва ба саломатӣ зараровар лозим ва қобили манфиат аст. Ҳамин тавр кас барои худ заминаи даст кашидан аз одатҳои бадро, чун сигоркашӣ, аз ҳад зиёд истеъмол намудани ширинӣ, пурхӯрӣ, беҳуда вақтгузаронӣ, беинтизом ва зиёд хобкунӣ омода мекунад.

– Одати ҳамарӯза бо оби хунук оббозӣ кардан барои кас мисли санҷиши нерӯи хеш мебошад. Ҳамчунин оби хунук дардро дар мушакҳо коҳиш медиҳад. Таъсири хунукӣ варамро аз байн бурда, бофтаҳои зарардидаи организмро барқарор мекунад;

– Дар асл оби хунук ба организми инсон ба сони ҳолати стрессӣ таъсир мерасонад. Аз ин рӯ организм барои барқарор намудани мувозинат гармӣ ҳосил мекунад. Ҳамин тавр дасту пойи онҳое, ки доим хунук ҳастанд ва баданашон аз ҳад зиёд арақ мекунад, метавонанд аз ин мушкилот раҳо ёбанд.

– Одати ҳамарӯза бо оби хунук оббозӣ кардан масунияти баданро қавӣ мекунад. Чунин обутобдиҳии организм касро аз бемории грипп ва зуд-зуд шамолхӯрӣ эмин медорад. Зеро бинобар таъсири оби хунук бадани инсон барои ҳимоя ҳиҷайраҳои моносит ва лимфоситро, ки бактерия, вирус ва микроорганизмҳои патогениро мекушанд, ҳосил мекунад.

– Азбаски оби хунук роҳҳои хунгардро танг мекунад, хун дар организм тезтар ҳаракат мекунад. Бад-ин сон кас худро аз варикоз, гипертензия ва ғайра бемориҳои марбута ҳифз мекунад;

– Оби гарм пӯсти бадан ва пӯсти сарро хушк мекунад, вале оби хунук пӯсти баданро тару тоза нигоҳ медорад; мӯйи сарро ҷило бахшида, тез-тез равғанин шуданашонро монеа мешавад;

– Ҳамчунин одати ҳамарӯза бо оби хунук оббозӣ кардан, равғани баданро об мекунад. Чунин раванди фоидабахш барои хароб шудан мусоидат намуда, фаъолияти дилро ба низом медарорад. Ҳамчунин оби хунук моддаҳои заҳрнокро аз организм, бахусус аз пӯст ва рагҳои хунгард бароварда, барои боз ҳам солимтар фаъолият намудани организм мусоидат мекунад.

Саломат бошед!


Хуч ҳам шифобахш аст!

Пешгирӣ намудани сактаи дил дар дасти шумост!

Оқил ва соҳибирода сигоркаш буда наметавонад!

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s