8 одате, ки моро аз ҳолати фақириву камбизоатӣ раҳо намекунад (1)

Мардум мегӯяд, ки тарки одат метавонад касро ба ҳалокат расонад. Вале ҳеҷ гумон намекунам, ки баъд аз тарки одатҳои дар поён зикрёфта, кас ҷон диҳад. Баръакс, тарки чунин одатҳои манфӣ метавонад касро ҳам аз лиҳозӣ моддӣ ва ҳам аз лиҳози маънавӣ ғанӣ гардонад:

1. Тасарруфкорӣ дар ҳадди ифрот

Нафарони аз ҷиҳати равонӣ камбизоату нодор тамоми нерӯ ва қувваи худро барои аз ҳама ҷиҳат тасарруф кардан сарфа мекунанд. Чунин нафарон, аз он ки вақти гарони хешро барои инкишофи малакаҳои шахсӣ ва ҷӯё шудани ҷойи кори муносиб сарф кунанд, ҳозиранд пагоҳии барвақт аз хона баромада, барои пайдо кардани дӯкони арзонтарини фурӯши молу маҳсулот саргардон шаванд.

2. Аз навгонӣ ҳарос кардан

Нисбат ба навгониҳову дигаргуниҳо тарсу ҳарос доштан яке аз сифатҳои чашмраси нафарони рӯҳан камбизоат мебошад. Зеро ба сӯи дигаргуниҳо қадам задан иродаи қавӣ ва даст кашидан аз ҳаёти муқаррариву якрангро талаб мекунад. Сатҳи ҳаёти беҳтар ҷуръат мехоҳад. Одамони аз лиҳози моддӣ-маънавӣ фақир одатан барои сар кардани кори шахсӣ ҷасорат надоранд. Акси садои доимии “Яке раваду ман шикаст хӯрам!” як кунҷи мағзи сари онҳоро хойида меистад.

Яке аз хислатҳои дигари ин гуна нафарони фақир тарс аз табдили макон кардан аст. Ҳол он ки дар табдили макон хайри зиёде вуҷуд дошта метавонад. Маҳалли нав, одамони нав, имкониятҳои нав ва ғайра дигаргуниҳо ба дилу ақли онҳо тарсро ҷой мекунад. Илова ба ин нафарони камбизоат ҳаргиз дар фикри табдил додани маслак ва машғулияти рӯзмарра намешаванд. Зеро ҳамаи ин ҷаҳди навро талаб мекунад. Бинобар ин онҳо аллакай “медонанд!”, ки ҳаргиз муваффақ намешаванд.

3. Бигзор кор камдаромад, вале доимӣ бошад!

Нафарони дар худ шуури камбағалонаро парваришдода омодаанд, ки умрро якранг гузаронида, бо кори доимии камдаромад машғул шаванд. Дар баробари ин онҳо доим аз маъмурияти корхона ва ҳамкорон шикоят карда, боварӣ доранд, ки ҳеҷ кас онҳоро ҳамчун мутахассис қадр намекунад. Ҳар рӯзи душанбе барои онҳо азоб асту то фарорасии ҷумъа рӯз ҳисоб мекунанд. Агарчӣ рӯзи ҷумъа ҳам фаро расад, онҳо рӯзҳои истироҳатро боз ҳам берангу нишот мегузаронанд. Вале онҳо, новобаста ба ҳамаи ин “душвориҳо” ҳаргиз аз он корхона намераванд. Ҳо барои чӣ раванд? Маош кам ҳам бошад, вале соҳиби кори доимӣ мебошанд. Агар аз он кор раванд, кори оянда кӣ медонад, ки чӣ гуна мешавад? Маҷҳул аст!

4. Ҳасад бурдан

Аксар вақт дар паси пардаи шуури камбағалона ҳисси ҳасадбарӣ пинҳон аст. Чунин нафар ба ҳама ҳасад мебарад: ба ҳамкораш, ки аз ӯ дида зиёд маош мегирад; ба ҳамсояаш, ки аз ӯ дида дар хонаи беҳтару боҳашаматтар зиндагӣ мекунад; ба рафиқонаш, ки ҳамсари зеботар доранду фарзандонашон оқилтаранд; ба дугонаҳояш, ки ҳар ҳафтаву моҳе атру либосаи нав мехарад; ба бародару хоҳараш, ки волидайн дар хурдӣ вайро бештар аз ӯ дӯст медоштанду бинобар ин вай ҳоло муваффақ аст; ба ҳамсараш, ки ӯ аз телефону ашёи беҳтар истифода мекунад; ҳатто ба гурбаву саги хонааш, ки онҳо бепарво хобидаанду хӯрокашон доим тайёр аст.

(давом дорад)


Қоидаи “ним соат” метавонад ҳаёти шумор рангин кунад

Ҳама чиз дубора бунёд мегардад

Миёни ангеза ва аксуламал доим озодии интихоб мавҷуд аст

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s