Таълим ва тарбияи кӯдаконе, ки ҳамроҳи модар дар маҳбас ба воя мерасанд (3)

Воситаҳои ифода карда тавонситанро инкишоф бояд дод

Азбаски кӯдак ба мисли калонсолон босонӣ ва роҳҳои гуногун афкору эҳсосоташро ифода карда наметавонад, дар вай воситаҳои мухталифи баён карда тавонистани оламии ботиниро инкишоф бояд дод. Вагарна ҳар таъсир, вокуниш ва эҳсосоти манфӣ вуҷуди равонии ӯро хароб карда, ба раванди рушди солим халал мерасонад. Расм кашидан ҳамчун яке аз роҳҳои аз байн бурдани дилтангӣ ва берун кардани зиқии дохилӣ хизмат карда метавонад. Баъдан волидайн бинобар расми кашидаи кӯдак сӯҳбат оро диҳанд ва бигзор ӯ андешаи дохилиашро изҳор намояд.

Ҳамчунин, аз он ки модар мушкилот ва бори гарони ба сар омадаашро дар дохил нигоҳ дораду он ба стресс табдил ёбад, дар як дафтар ёддоштҳояшро навишта, як навъ дардашро берун орад. Навиштани мактуб низ барои ором намудан ва тасаллӣ бахшидан ба эҳсосоти модар қобили тавсия аст. Бо ин роҳ маҳбасиён дилтангӣ ва дипрессияи бавуҷудомадаро берун бароварда, як навъ рӯҳан аз асорати ғаму андӯҳ озод шуда, саломатии равонияшонро ҳифз мекунад.

Мактубнависиро ҳамчун яке аз роҳҳои инкишофи воситаҳои ифодакунӣ барои кӯдак низ ба кор бурдан мумкин аст. Бигзор ӯ бо ҷомеаи берун аз маҳбасхонабуда робитаашро наканад. Агар кӯдак дар маҳбас ҳамроҳи модараш қарор дорад, ҳатман бо ҳарфҳои шикаста ҳам бошад ба падараш ва хешу пайвандон мактуб нависад. Агар навишта ҳам натавонад, бигзор дар мактуби модараш расмҳо кашад. Дар ин миён бояд қайд кард, ки ҳарчанд кӯдак чанд соли дигар ҳамроҳи модараш дар маҳбас мемонад, ҳаргиз набояд ӯро аз робитаи хешу пайвандон канда кард. Агар имкон бошад, модар ҳатман суратҳои афроди оиларо ба ӯ нишон дода, доир ба ҳар яки онҳо сӯҳбат кунад ва маълумот диҳад. Дар навбати худ хешу пайвандон низ барои зиёрати кӯдак дар маҳбасхона вақт ҷудо карда, омада истанд.

Ҳамчунин яке аз всоитаҳои муассири ифода карда тавонистани олами ботинӣ барои кӯдак хониши афсонаву ҳикояҳои ибратнок, ки қаҳрамонҳои он новобаста ба мушкилот, тавонистаанд дар охир музаффар шаванд. Нақли чунин ҳикояҳо ва сифати қаҳрамонҳо боиси тарбия ёфтани мардонагӣ, дурустӣ, садоқат ва матонат шуда, дар кӯдак шахсияти солимро ташаккул медиҳад. Волидайн бояд ҳикояҳоеро интихоб кунанд, ки охираш хушбахтона ва умедбахш ба итмом мерасанд.

(давом дорад)


Агар кӯдак рашк мекарда бошад

Кӯдак ва дилтангӣ

Усулҳои ором кардани кӯдаки гирён

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s