8 одате, ки моро аз ҳолати фақириву камбизоатӣ раҳо намекунад (2)

5. Ғайрифаъол зистан мақбултар аст

Шуури камбағалона касро ба ғайрифаъол зистан тела медиҳад. Чунинҳо ҳаёти худро одатан ором ва дур аз назари муҳит ва таъсири мусбат мегузаронанд, аз барпо намудани робитаҳои нави солим дар ҷомеа ҳазар мекунанд. Зиндагонии фаъолона онҳоро ба ҳарос меорад, зеро андеша мекунанд, ки дар умури ин ё он машғулият шикаст хӯрда, шармсор мешаванд. “Одамон чӣ мегӯянд?” меъёр ва роҳбалади асосияшон буда, то охири умр бинобар нигоҳ ва фаҳми атрофиён умр ба сар мебаранд. Барои чунинҳо мақбултар аст, ки ҳамроҳи анбӯҳ дар як самти ҷараён шиноварӣ кунанду бо мавҷудияти бесамар кифоят кунанд.

6. Масъулиятшинос будан? Даҳшат!

Нафарони камбағалмаоб ба таври қатъӣ боварӣ доранд, ки атрофиён ва ҳатто тамоми олам дар назди онҳо муттаҳаму қарздоранд. Онҳо худ “шоҳи замон”-анду муҳит онҳоро бояд қадр кунад. Бинобар ин ҳаргиз масъулиятро ба ӯҳда намегиранду онро доим ба дӯши дигарон бор мекунанд. Онҳо дар ҳаёти худ бинобар фалсафаи “дар ҳаёт фаъол будану ба пеш ҳаракат кардан маъное надорад, зеро дар ин олам чизе нест, ки ба иродаи ман вобаста бошад ва агар чизе барои беҳбудӣ карданӣ ҳам шавам, аз дастам ҳеҷ чиз намеояд!”

Чунин нафарони тиҳиҳиммату беирода доим такрор кардани “ҳақиқат”-и зайлро дӯст медоранд: “Давлат бояд маро таъмин намояд..!”, “Маъмурият бояд маро қадр кунанду маоши зиёд диҳад..!”, “Ҳукумат бояд ин ҷойро тоза кунад, бо шароити лозима маро таъмин кунад..!” ва ғайра сафсатаву суханҳои “токсикӣ”.

7. Ҳама чизро ҳозир ва дар як вақт мехоҳам!

Шуури камбағалона ҳама чиз ва дар як вақту соат иҷро шуданашро талаб мекунад ва илова ба ин, бе ягон сарфи нерӯву ҷаҳд. Чунин нафар ба тайёрхӯрӣ одат карда, дар орзуи кор бо маоши баланд, вале соати ками корӣ аст. Азбаски ин “камбағал” худро мутахассиси беҳтарин ва ягонаи олам меҳисобад, ҳаргиз розӣ намешавад, ки корро ба ҳайси коромӯз сар кунад.

8. Чӣ кор кунам, тақдирам чунин будааст?!

Нафароони фақиршуур ба ҳеҷ ваҷҳ худро қадр намекунанд. Онҳо доим аз тақдир шикоят карда, барои инкишоф додани малакаҳои мавҷудаи хеш ҷаҳд намекунанд. Шууре, ки доим худро залил шуморида, аз ҳаёти нобасомонаш шикоят мекунад, ҳаргиз сифати маишаташро ба савияи беҳтар бароварда немтавонад. Аз ин рӯ чунинҳо то ба охири умрашон ба қуллаҳои муваффақият нарасида, аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ фақир ба сар мебаранд.


Миёни ангеза ва аксуламал доим озодии интихоб мавҷуд аст

Қоидаи “ним соат” метавонад ҳаёти шумор рангин кунад

Машқи зеҳнӣ барои эҷодкорон ва навқаламон

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s