Таълим ва тарбияи кӯдаконе, ки ҳамроҳи модар дар маҳбас ба воя мерасанд (4)

Кӯдак худро дар амн ҳис кардан мехоҳад

Азбаски кӯдак дар синну соли хурдияш дар ҳар масъала ба волидайнаш муҳтоҷ аст, доир ба ин ё он ҳолати ташвишовар саволҳои зиёд мепурсад. Бахусус фазои дилгири маҳбас метавонад андеша ва изтироби ӯро бештар гардонад. Кӯдак бинобар посухҳои гирифтааш ҳисси амнаш бештар мегардад. Аз ин рӯ модар ё падар асабӣ нашуда, бо изҳори марҳамату шафқат ба саволҳои кӯдак посухҳои мантиқӣ диҳанд. Дар чунин мавридҳо ӯ мехоҳад, ки амни хостаашро ҷисман ҳис кунад. Ҳангоми посух ба саволҳо ӯро ба оғӯш гиред, сарашро сила кунед, бибӯсед.

Писароне, ки ба муддати зиёд аз тарбия ва ҳузури падар дур мемонанд ва бештари вақташонро бинобар ҳамроҳи модар будан дар ҳабсхонаи занона мезиянд, метавонанд хислат ва сифати занона касб намоянд. Ҳарчанд касб кардани чунин ахлоқ барои шахси муқаррарӣ манфур менамояд, вале барои кӯдаке, ки танҳо рафтор, гуфтор ва хислати занонаро шоҳид шудааст, ҳамчун меъёри хислат қабул карда мешавад. Аз ин рӯ, ҳар вақте падар ва дигар хешу таборони мардина ба аёдати маҳбасиён меоянд, кӯдак ҳатман ҳамроҳашон бозӣ кунад, ҳамсӯҳбат шавад, бо онҳо вақт гузаронад.

Гузашта аз ин кӯдаке, ки моҳу солҳои зиёд дар маҳбасхона зиндагӣ мекунад, ҳангоми зиёрати хешу табор ва ҳатто нисбати падар ё бародарону хоҳарон метавонад ҳамчун бегона рафтор намояд. Ва ё баръакс, ҳангоми рафтани зиёраткунандагон зиёд гиря карда, талаб мекунад, ки ӯро низ ҳамроҳи худашон бибаранд. Аз ин рӯ ҳар ду ҷонибро лозим меояд, ки ба ин гуна ҳолатҳо омода бошанд ва усули мувофиқи таскин додани кӯдакро ба кор баранд. Дар чунин маврид ба кӯдак бояд талқин кард, ки онҳо барои зиёраташ боз меоянд.

Кас метавонад иддао кунад, ки ибрози чунин тавсияҳо барои нафари озод ва берун аз маҳбас қароргирифта осон менамояд. Вале чӣ кор мекунӣ, ки аллакай хато карда шуд ва кӯдак ҳам ғайрииродавӣ ҳамроҳи модар ё падараш “маҳбасӣ” шудааст. Аз он ки ҳеҷ чиз накард, беҳтар аст тамаркузро болои рушди солими ӯ равона карда, оқилона рафтор намуд. Пас волидайн дилмонда нашаванд ва ҳарчанд мушкил ҳам бошад, барои ояндаи неки фарзандашон бинобар имконият ва шароити мавҷудаи маҳбас ҷаҳд карда, бад-ин роҳ ӯро барои оянда омода созанд. Кӯдак пас аз озод шудани волидайнаш набояд дар берун худро ҳамчун фарди нодаркор ҳис кунад. Волидайн ва калонсолони дигарро лозим меояд, ки ҳар чӣ муассиртар барои унс гирифтан бо муҳит ӯро кумак расонанд.

Ҳамчунин бояд қайд кард, ки дар умури чунин мушкилот ва масъалаҳои занони кӯдакдор, маъмурияти ҳабсхона ва сохторҳои дахлдор бетараф набошанд. Барои таълим ва тарбияи муассири занон ва кӯдакон шароит ва имкониятҳоро фароҳам оваранд. Агар ки мақсад аз таъсис ва фаъолияти чунин муассисаҳои ҷазодиҳанда танҳо маҳдуд кардани ҳаракат ва тамоси маҳбасиён бо берун набошад, бояд тамоми қувва ва диққати сохторҳои марбута барои тарбияи шахсияти солими фарди ҷомеа равона карда шавад. То ки баъд аз озод шудан, чунин нафар боз ба маҳбас барнагардад. Ҳар фард дорои нақшҳои муҳими ҷамъиятӣ аст, ки тарбияи солими чунин нафар боиси беҳбудии институтҳои иҷтимоӣ мегардад.


Агар кӯдак метарсида бошад…

Агар кӯдак рашк мекарда бошад

Ғазабӣ шудани кӯдак

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s