Агар сарватманд шудан хоҳед…

Китоб: “Самый богатый человек в Вавилоне”

Муаллиф: Ҷорҷ С. Клейсон

Нашриёт: Попурри, соли 2017

Теъдоди саҳифа: 160

Забони китоб: русӣ


Дониши идора ва танзими сармоя яке аз муомилот ва асрори қадима ба ҳисоб меравад. Аз худ кардани нозукият ва амалӣ гардонидани чунин дониш ирода ва матонати қавиро талаб мекунад. Маҳз бинобар ин хусусияти умда на ҳар кас шомили бойигарӣ гашта, ба мустақилияти молиявӣ ноил мегардад. Зеро касби дороӣ ва моли зиёд ба мисли соҳаҳои дигари ҳаёт дониш ва маърифати лозимаро талаб мекунад. Асари Ҷорҷ С. Клейсон бо номи “Самый богатый человек в Вавилоне” метавонад дар ин ҷода Шуморо роҳбалади аввалин бошад.

Китоби “Самый богатый человек в Вавилоне” аввалин бор соли 1926 ба нашр расида, ҳамоно хонандагони зиёдро пайдо мекунад. Сабаби пайдо кардани чунин муҳаббат бо усули сода ва фаҳмо шарҳ додани қонуният ва асрори асосии сарватмандӣ буд. Зеро то он замон ин қонуниятҳо танҳо дастраси ашхоси доираи маҳдуд ба ҳисоб мерафтанд. Ҳарчанд донишҳои дар китоб зикрёфта навгонӣ ба ҳисоб намераванд, вале ҳар нафар пас аз истифодаи онҳо ҳатман баҳра бурда, вазъи молиявии худро беҳтар мегардонад. Калиди дороӣ барои ҳамагон дастрас аст.

Бинобар равиши осонфаҳми асар, ки бо ҳикояҳои гуногун аз ҳаёти сокинони Бобули шаҳир ғанӣ аст, хониши китоб завқбахш буда, дарки қонуниятҳои асосии молиявӣ қулайтар мегардад. Ва хонанда худ дарк мекунад, ки қонуниятҳои мазкур барои сарватманд гаштан ҳамчун чор ҳазор сол пеш ҳоло ҳам тағйирнопазиранд. Танҳо орзу ва иродаи қавӣ лозим асту халос!

7 қоидаи асосие, ки ҳар нафари соҳибирода бояд аз худ намояд:

  1. Замоне расид, ки ҳамёни худро пур кунед!
  2. Хараҷоти худро зери идора қарор диҳед!
  3. Дороии мавҷударо зиёдтар гардонед!
  4. Сармояи худро аз зарар эмин нигоҳ доред!
  5. Маскани шумо бояд манфиатовар гардад!
  6. Даромаднокии сармояро барои оянда таъмин созед!
  7. Доим аз пайи такмил додани малакаҳои худ шавед!

Хониши асари мазкур барои донишҷӯён, навхонадорон, омӯзгорон ва ҳар нафари соҳибҳадаф шадидан тавсия карда мешавад. Ғофил намонед!


“Starbucks”. Ғоя, фарҳанг ва ахлоқи кории ширкати муваффақ

“Рушди солими кӯдак”-ро саҳл нагиред!

Олами махфии масонҳо

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s