Имрӯз ҳаёти ман дигарбор оғоз меёбад!

Ҳоло дар арафаи соли нави милодӣ қарор дорем. Бешак, соли сипарӣ шудаистода барои ҳар як фард бо хубиву бадияш хотирмон мегардад. Фурсатҳои зиёди аздастрафта, ки метавонистанд боиси муваффақияти касбӣ, шахсӣ, оилавӣ ва таълимӣ гарданд; одатҳои нави касбкардаи манфиву мусбат, ки бо ин ё он тариқ, ҳаёту саломатиямонро беҳтар ё бадтар кардаанд; дастовардҳои шахсии диққатҷалбкунанда ва ҳамзамон ба вартаи батолату бепарвоӣ ҳаволакунанда – ҳамаи ин ба таври хусусӣ ҳаёти ҳар нафари соҳибиродаву оқилро, ки барои босамар гузаронидани дақиқаву сонияи ҳаёташ ҷаҳд мекунаду ҳар амалу рафторашро зери муҳосибаи ҷиддӣ қарор медиҳад, аҳамият дорад.

Барои тоҷикистониён бинобар таъсиру низоми собиқ шӯравӣ ҳамасола арафаи солинавӣ дар фазои шукӯҳу идона мегузарад. Ҳарчанд шаҳрвандон соли нави меомадаро бо умеду таманнои зиёд пазмон мешаванду хушҳолона истиқбол мегиранд, вале аксарият аз он ғофиланд, ки боз як умри башарӣ сипарӣ гашта, кас барои падруд гуфтани олами фонӣ қарибтар гаштааст. Гузашта аз ин, бештар аз дарки соли сипаришуда, чӣ гуна ва бо кадом кайфият аз сар гузаштани ин қисмати замон муҳимтар аст. Ҷуръати истинтоқ кардани соли гузаштаистода ва банақшагирии соли меомадаро на ҳар кас дорад, зеро хатокориҳои бемавриди гузашта ва ваҳми ояндаи наздики маҷҳул шахси танбалро безобита мекунад. Вале ҳамзамон арзишҳои маънавӣ-фарҳангии тоҷикона моро водор мекунанд, ки ӯҳдадори ҳар рафтору гуфтори хеш гардида, бо инояти иродаи куллӣ ва фаъол нигоҳ доштани иродаи ҷузъӣ доим дар ҳаракат шуда, бо назари нек, нақшаи солим, умеди ношикан ва азми қавӣ дар баробари беҳбудии худ барои салоҳу амони ҷомеа ҳаракат намоем. Аз ин рӯ хостем ҳамроҳи нафарони соҳибиродаву оқил як навъ роҳбаладеро барои соли оянда тартиб диҳем:

Имрӯз ҳаёти ман дигарбор оғоз меёбад!

Имрӯз ман аз боғи маърифат меваҳои тару тоза чида, шаҳду шакари онҳоро мечашам. Дониши мавҷудаамро оид ба инсону офариниш таҷдиду ислоҳ намуда, барои касби маърифати абадият ҷаҳд мекунам. Минбаъд ҳар сония ва ҳар қадаму суханҳои ман аз ҳарзаву ёва орӣ хоҳанд буд, зеро дар паси ҳар амалу рафторам ҳикмате нуҳуфта бояд бошад. Чун дар ин олам абадӣ нестам ва инак боз ҳам як соли ҳаётам сипарӣ гашт, барои ноил гаштан ба ҳадаф ва орзуҳои беохирам вақт камтар мондааст. Аз ин рӯ ман имрӯз дар даст қалам гирифта, болои коғаз аввал ҳадафу орзуҳои имсолаамро навишта, барои амалӣ шудани онҳо чораҳо меҷӯям.

Оғоз аз имрӯз ба Ҳокими мутлақи хазинаҳои ризқу дороӣ бо ихлоси том ва садоқати беандоза рӯ оварда, соҳиби сармоя, имконият ва дороии зиёд шуданро ниёз мекунам. Вале дар баробари ин маърифат ва иродаи томро, ки он дороии атошуда ақлу шуури маро фиреб надиҳад, металабам. Қисми муайяни сармояи беандозаро барои беҳбудии башарият сарфа хоҳам кард. Орзу дорам, ки он дороӣ дар роҳи таълиму тарбияи насли поквиҷдону қавиирода, аз байн бурдани сабабҳои фақру зарурат ва решакан намудани ихтилофу нофаҳмиҳо миёни одамон равона карда шавад. Дар ин маврид он дороии беандоза ақлу ҳуши маро рабуда наметавонад. Танҳо нафарони соҳибиродаву масъулиятшинос метавонанд ба ин қуллаи муваффақият ноил гарданд. Агар роҳ ба сӯи он зирва барои ҳамагон боз бошад, пас чаро оҳистаравӣ мекунам?!

Ман имрӯз аз одатҳои манфӣ ва бефоидае, ки солҳои зиёд боз маро ба вартаи ҷаҳолат ва нобасомониҳо тела мекарданд, халос мешавам. Ман аз ҳамаи он бадиҳо халосӣ ёфта, рӯ ба сӯи созандагӣ ва амалҳои нек меорам. Хароботи баъд аз тарки одати бад мондаро аз нав бо одатҳои нек обод мекунам. Бинобар амри дар некӯтарин сурат офарида шудани инсон дар худ шахсияти мумтозро бунёд хоҳам кард.

Оғоз аз имрӯз дар касбу машғулияти рӯзмарраам беҳтарин хоҳам гашт. Осор ва таҷрибаи он абармардонеро, ки пеш аз ман дар ин ҷода саҳм гузошта, ҷаҳд кардаанд, аз бар мекунам. Минбаъд ҳамчун мутахассиси соҳа барои боз ҳам сайқал додани малакаи касбиям таҳқиқ ва тадқиқоти бештар гузаронида, ҳар ҳафта адабиёти касбии тозанашрро аз худ мекунам. Ман дар ин ҷода шикаст нахоҳам хӯрд, зеро ба қудрати абадӣ такя кардааму дар даст харитаи муваффақиятро дорам. Киштибони маслаки хеш гашта, бинобар одобу адаби қонуниятҳои мавзун ва насими пурбор ба пеш ҳаракат намуда, дар баробари ризқи ҳалоли фаровон маърифати бешакро ба даст хоҳам овард.

Роҳе, ки имрӯз интихоб кардаам, сермашаққат ва пурталотум аст. Вале ман медонам, ки ҳамаи ин сад(д)ҳои зиндагӣ барои обутоб ёфтани ақлу ирода ва шахсияту эҳсосоти ман мебошанд. Азбаски ин роҳро бо машварат ва кӯмаки нафарони соҳибтаҷрибаву масъулиятшинос интихоб кардаам, сарнавиштам баландӣ хоҳад кард. Зеро дар даст кафолати пурбаракат гаштани роҳи бо машварат интихобшударо дорам.

То ба имрӯз ҳаёти ман бинобар камҷуръатӣ, рафторҳои холӣ аз ҳикмат, вале олудаи назару афкори атрофиёни заифирода, шакл мегирифт. Минабъд чунин нахоҳад шуд! Ҳар шикаст ва нобасомонӣ, ки ба сарам бо сабаби танбалиям меомад, “ҳар чӣ бодо, бахайр бодо!” гӯён, нафси хешро тасалло медодам. Ҳол он ки ҳамаи он нобасомониҳо бинобар беҳадаф ва бенақша зистан маро дар вартаи хеш нигоҳ медоштанд. Имрӯз ман қарор гирифтам, ки акнун ҳаётам беҳтар хоҳад шуд. Дар баробари ин мудрики онам, ки ба натиҷаи чунин қарор расидан осон нахоҳад шуд. Парвариш додани шоҳи дарахтон – зайтун даҳсолаҳоро талаб мекунад. Вале парвариш додани пиёз ҳафтаҳоро мегираду халос. То имрӯз ман мисли пиёз ба сар бурдам. Орзуву ҳадафҳоям ночизу беасар буданд. Ҳамакнун ҳаётеро интихоб мекунам, ки ба мисли парвариши дарахти зайтун, самарабахш бошад ва решаҳои ин шоҳасарамро бо одатҳои неку фоидабахш тақвият хоҳам дод.

Оғоз аз имрӯз ба атрофиён, наздикон, хешу таборон ва бахусус ба афроди оилаам аҳамияти бештар медиҳам. Ҳар пагоҳӣ онҳоро бо меҳрубонӣ ба боғча, мактаб ва кор гусел намуда, ҳар бегоҳ боз бо табассум дар лаб бо ҳам меоем. Новобаста ба душворӣ ва оворагиҳои рӯзмарра ба онҳо бо меҳру муҳаббати зиёд рафтор хоҳам кард. Барои қавитар гаштани робитаҳои ҳам вақтро бо онҳо пурсамартар мегузаронам. Минабъд падару модарамро аз ин ҳам бештар эҳтиром мекунам. Вақт мисли дарёи равон шитоб мекунад. Ва касе кафолат дода наметавонад, ки сонияи баъдӣ наздиконам бо ман хоҳанд буд. Аз ин рӯ ҳар сонияи бо онҳо мегузаронидаамро қадр хоҳам карду ҳатман барои саодати абадиямон аз имрӯз ҷаҳд хоҳам кард.

Имрӯз ба худ ваъда медиҳам, ки ҳар рӯзу ҳар шаб ин қарори гирифтаамро такрору ба такрор ба ёд оварда, саҳари фардоро бо умед ва нақшаҳои тару тоза оғоз мекунам. Минбаъд ҳаёти ман боҳадаф ва пурбаракат хоҳад гузашт. Имрӯз ҳаёти ман дигарбор оғоз меёбад!


Қоидаи “ним соат” метавонад ҳаёти шумор рангин кунад

 

8 одате, ки моро аз ҳолати фақириву камбизоатӣ раҳо намекунад

 

Миёни ангеза ва аксуламал доим озодии интихоб мавҷуд аст

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s