Муаллим аз талабагон мепурсад:
– Канӣ кӣ мегӯяд, ки олами зинда ба чанд гурӯҳ тақсим мешавад?
Чун суоли мазкур муқаррарӣ буду ҳама посухи дурустро медонистанд, дар синфхона ҳама дастон боло шуданд. Муаллим бе ягон интизории ғайриоддӣ ва ташвиш Фаридро аз ҷой хезонида, ба посухи ӯ гӯш медиҳад:
– Ба чор гурӯҳ тақсим мешавад, муаллим!
Муаллим ба ин посухи талабааш тааҷҷуб кард, зеро ҷавоб “се гурӯҳ” аст. Новобаста ба ин номбар кардани чор гурӯҳро аз шогирдаш хоҳиш намуд:
– Хуб, канӣ номбар бикун чӣ! Боварӣ дорам, ки хато мекунӣ!
– Олами растанӣ, ҳайвонот, одамон ва кӯдакон!
– Оё кӯдакон ҳам ба гурӯҳи одамон дохил намешаванд?
– Пас олами зинда ба се гурӯҳ тақсим мешавад, муаллим!
– Бисёр хуб! Ана, акнун бори дигар номбарашон бикун!
– Олами растанӣ, ҳайвонот ва кӯдакон!
– Оббо! Одамон куҷо гум шуданд?
– Муаллими азиз, онҳое, ки малакаи фикрронияшонро ҳифз карда тавонистанд, доим кӯдак монданд; вале онҳое, ки ин малакаро аз даст доданд, ба олами ҳайвонот пайвастанд.