Сулаймон Қонунӣ ва Меъмор Синон

Султони давр Сулаймон Қонунӣ барои бинои маъбади муаззам, ки имрӯз бо номи Масҷиди Сулаймония машҳур аст, дар шаҳри Станбул қитъаи заминеро хуш кард. Барои банақшагирӣ ва тарҳрезии бинои масҷид меъмори номдори замонаш Синонро даъват намуд.

Аркони давлат ҳамроҳи Султон Сулаймон ва Меъмор Синон ба мавзеи интихобшуда меоянд. Синон заминро бодиққат аз назар мегузаронад. Султон Сулаймон аз меъмор суол мекунад:

– Синон, доир ба қитъаи замин чӣ фикр дорӣ?

Вале аз меъмор посухе намеояд. Ӯ ҳоло ҳам назар сӯи уфуқ дӯхта, ғӯттаи фикр буд. Вазирону ёварони султон бинобар бепосух мондани суоли шоҳона безобита шуда, интизор буданд, ки Сулаймон меъморро ҷазо медиҳад. Меъмор Синон бошад ҳоло ҳам атрофро бодиққат аз назар мегузаронид. Султон бори дигар мепурсад:

– Меъмор, оё ин замин барои бунёди масҷид мувофиқ аст?

Ин бор ҳам Синон аз қитъаи замини барои бинои масҷид интихобшуда чашм наканда, дар фикру хаёл буду суоли султонро бе посух монд. Аркони давалт ботамом ба даҳшат афтида, ночор ба ғазаб омадани Сулаймон Қонуниро интизор буданд. Вале султон сукунат ва оромиро нигоҳ дошта, чизе намегӯяд.

Боз ҳам дақиқаҳо мегузаранд, вале Меъмори дарбор хомӯш буд. Вақте атрофиён аз посухи Синон пурра ноумед шуданд, ӯ сарашро каме ба пеш хам намуда, гӯё ба ҷое ворид мешуда бошад, “Ё бисмиллоҳ!” гуфта, як қадам ба пеш мегузорад. Ҳама аз чунин рафтори Меъмор Синон дар ҳайрат буданду танҳо Султон Сулаймон Қонунӣ табассумкунон ба ӯ менигарист.

Вақте ки аркони давлат мунтазири посухи Синон оид ба мувофиқ будан ё набудани замини интихобшуда буданд, меъмори бузург, аллакай дар хаёлаш нақша ва шакли масҷидро тарҳрезӣ намуда, онро бунёд мекунад ва бо камоли эҳтиром аз остонаи маъбад бо номи Худованд ворид мешавад.


Одам ва дунё

Сагбачаҳо ва мор

Олами зинда

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s