Насиҳати модар

Баъд аз бист сол аз карда дида, бештар аз нокардаҳоят пушаймон хоҳӣ шуд. Аз ин рӯ банди киштиятро аз соҳили амн озод бикун. Бигзор бодбони киштии орзуҳоят шамол гиранд; кашф бикун, таҳқиқ намо, ошно шав, завқ гир. Муҳитро таҳқиқ намо, илҳом гир ва эҷод бикун! Табиат барои шинохтан, ибрат гирифтан, завқ бурда, эҷод кардан офарида шудааст. Дар ҷодаи санъаткориву илмомӯзӣ танҳо афроди мумтоз муваффақ гаштаанд. Дар ҳеҷ як боғу осорхона ёдгорие барои муассисаву корхонаҳо нигошта нашудааст, балки ҳамаи онҳо барои афроди барҷаста бахшида шудаанд.

Доим дар ҳаракат бош, зеро ягона махлуқе, ки дар ҷояш нишаста ба муваффақият ноил шудааст, ин мурғ аст. Ба онҳое, ки доим ғамгинанду ашки дида мерезанд, бигӯ, ки ғамҳо дар баҳри ашк шино карданро мусоидат мекунанд. Дар ҳар ҳолат ҳикмате мавҷуд аст. Танҳо бо чашми бино ва ақли расои муштарак роҳи ҳалро пайдо кардан мумкин аст. Ҳаргиз аз баромадан ба шохи болотарини дарахт наҳарос, зеро меваи лазиз дар ҳамон ҷост.

Фарди олиҳиммат бузургияшро бо рафтори некаш нисбат ба атрофиён аён мекунад. Рафтору ахлоқи чунин нафар гувоҳи шахсияти беҳамтои ӯст. Имконият ва фурсатҳо мисли бӯқаламун мебошанд. Агар каме оҳистаравӣ кунӣ, онҳо ранг иваз мекунанд. Китоби “100 нафари муассиртарин дар таърих”-ро бо ҳайрат хондам ва фаҳмидам, ки дороии ягонаи мо ва онҳо танҳо вақт будааст.

Барои шуруъ кардан фурсати мувофиқро интизор нашав. Эҳтимоли зиёд он фурсат ҳеҷ гоҳ ба даст намеояд. Ҳозир шуруъ бикун! Бо ҳар имконе, ки дар даст дорӣ, шуруъ бикун! Ман ҳеҷ гоҳ надидаам, ки кас табассум бикунаду симояш зебо нагардад. Мутабассим бош! Ба дилат гӯш деҳ. Аксар вақт илҳоми дили одамӣ аз иддаои коршиносон дақиқтар аст. Бинобар қонуниятҳои аэродинамикӣ занбӯри фарбеҳи пашмину кӯтоҳқанот ҳаргиз набояд парвоз мекард. Эҳтимол ин ҳақиқатро ба вай ҳеҷ кас нагуфтааст, аз ин рӯ занбӯр ҳоло озод парвоз мекунад.

Роҳи хушбахтии том аз мамнун ва хушҳол гардонидани дигарон мегузарад. Қаноат сабаби баракат аст. Ҳар кӣ дар роҳи интихобкардааш азму ҷаҳд мекунад, ҳатман муваффақ мешавад. Нафаре, ки самимона кор мекунаду доим мутабассим аст ва ба атрофиён меҳру муҳаббати зиёд изҳор мекунад, ҳатман муваффақ хоҳад шуд.


8 одате, ки моро аз ҳолати фақириву камбизоатӣ раҳо намекунад

Миёни ангеза ва аксуламал доим озодии интихоб мавҷуд аст

Имрӯз ҳаёти ман дигарбор оғоз меёбад!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s