Тарбияи фарзанд тарбияи башарият аст!

Фарзанди хушахлоқ аз хазинаҳои пурганҷ ҳам гаронбаҳотар аст.
–Салзманн

Барои тарбия намудани кӯдаки некахлоқ сараввал раванди тарбиякуниро бояд ҷиддӣ гирифт, зеро дар ҳама кор ҷиддият асоси комёбӣ мебошад ва бахусус дар масоили таълиму тарбия низ ин нозукият набояд сарфи назар карда шавад. Тарбия намудани фарзанд аз танҳо ба воя расонидани ӯ бакуллӣ фарқ мекунад. Ҳарчанд дар назари кас кӯдакро ба мактаб фиристодан, хӯронда пӯшонидан, ба талабот ва хосторҳои рӯзмаррааш ҷавоб гуфтан ин тарбия намудани фарзанд аст, вале дар ҳақиқат чунин нест. Ҳар кӣ ин ду равандро аз ҳам ҷудо карда наметавонад, фиреб мехӯрад ва дар оянда зарари онро пай мебарад.

Танҳо таъмин намудани эҳтиёҷоти рӯзмарраи кӯдак раванди тарбияро нотамом мегузорад. Дар баробари таъмини эҳтиёҷоти моддӣ ҷанбаи рӯҳӣ-равонии кӯдак низ бояд ба инобат гирифта шавад. Бахусус, агар масъулияти тарбияи фарзанд дар оила танҳо ба дӯши модар гузошта шуда бошад, ё баръакс ва ё волидайн тарбияи фарзандро аз дӯши худ соқит намуда, ба пуррагӣ тарафи сеюмро ӯҳдадор намудаанд, вой бар ҳоли он тифли бечора, ки мисли лӯхтак аз ин сӯ ба он сӯ ҳавола мешавад. Чунин саҳлангории волидайн дар кӯдак холигиҳои равониро ба миён оварда, дар оянда онҳо боиси ба вартаи бадбахтӣ афтидани фарзанд шуда метавонанд.

Дарахт барои он ки мева диҳад, ба нигоҳубини доимӣ эҳтиёҷ дорад. Боғбон ҳар дам ба решаи он об медиҳад; шохҳои зиёдатиеро, ки метавонад барои ҳосил додани дарахт халал расонанд, мебурад; агар лозим бошад, дору мекунад. Ҳамин тавр дар натиҷаи аҳамият ва таваҷҷӯҳи дақиқи боғбон дарахт ҳосил медиҳад. Дарахти оила низ ба нигоҳубини доимӣ эҳтиёҷ дорад. Агар дарахти оила бардам бошад, меваи он – фарзанд низ солим ба воя мерасад. Ҳар вақте дар нигоҳубини дарахт нуқсе ворид шавад, он аз ҳосили пурсамар маҳрум мемонад. Аз ин рӯ тарбияи фарзандро маҷбурӣ не, балки оқилона ва бо шавқу муҳаббати зиёд бояд ба ӯҳда гирифт.

Бешак, ҳар падару модар мехоҳанд, ки фарзанди навзодашон ҳам аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам аз ҷиҳати маънавӣ, бо тамоми зебоиҳо иҳота шуда бошанд: хона, мактаб, муҳити дӯстону рафиқон. Вале дар баробари чунин орзу интихоб ва фароҳам овардани муҳити мазкур ҷаҳди беамон ва фаросату басирати нозуксанҷро талаб мекунад. Ҳарчанд талаботи мазкур барои ба воя расидан ва тарбия намудани як кӯдак дар назари кас аз ҳад зиёд менамояд, вале танҳо бад-ин васила фарди солими ҷомеа парвариш ёфта, ҳамчун инсони комил барои сулҳу суботи башарият рисолати худро метавонад ба ҷой орад. Маҳз ин гуна насли заррин дунёро биҳиштосо намуда, ҳамчунон ки амр шудаанд, собитқадам мегарданд.


Агар кӯдак аз ҳад зиёд серҳаракат бошад…

Агар кӯдак шабонгаҳ зуд-зуд метарсида бошад

Муноқишаву низоъ миёни бародарон ва хоҳарон

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s