Нақшаи роҳи муваффақ

Танҳо се фисади нафарони болиғ одати дар болои коғаз фикр карданро доранд. Ин се фисад нисбат ба нафарони боқимонда то панҷ-даҳ баробар корҳои бештарро ба сомон мерасонанд. Зеро одати дар болои коғаз фикр кардан, ба ақлу ҳуши онҳо фар(р) бахшида, самти ҳаракаташонро аниқ мекунад. Ҳол он ки одати дар болои коғаз фикр кардан, қобилият ва малакаи махсусро талаб намекунад. Танҳо лозим аст, ки дар ҳадаф устувор бошед ва қавииродагиро дар худ тарбия диҳед. Барои пайдо кардани ин одат кофӣ аст, ки ҳафт қоидаи дар поён овардашударо қадам ба қадам ва бо эътинои зиёд амалӣ намоед:

Барои худ муайян кунед, ки чӣ мехоҳед

Ин амалро метавонед мустақилона ва ё бо кумаки устоди донишгоҳ, роҳбари синф, волидайн, ҳамкор, роҳбарияти корхона, ҳамсар ё нафари боэътимоди таҷрибадор ба ҷой оред. Ҳамроҳи он нафар ҳадаф ва орзуҳои хешро баррасӣ намоед. Ҳамин тавр фазои корӣ ё он нафарон метавонанд бинобар дид ва таҷрибаи гарони хеш шуморо кумакрасону илҳомбахш шаванд. Аксар нафарон ҳамарӯза бо коре машғуланд, ки аз амалҳои анҷомдода завқ намегиранд, ё дар фазои номуайяниву беҳадафӣ ба сар мебаранд. Чунин ҳолат ҳам малакаҳои барҷастаи фардро кӯр мекунад ва ҳам худи муассиса аз он нафар бапуррагӣ баҳра бардошта наметавонад. Роҳи қулайтарини ҳалли ин мушкилот муколама ва боздид намудани ҳадафҳо мебошад, ки чунин қадами созанда ҳам барои фард ва ҳам барои муассиса самарабахш хоҳад шуд. Дар робита ба ин Стивен Кови чунин қайд мекунад: «Қабл аз он ки болои нардбоне бароед, аниқ кунед, ки он ба девори лозима такя карда шудааст».

Ҳатман дар болои коғаз фикр кунед:

Ҳар вақте шумо ҳадаф ва орзуҳоятонро дар болои коғаз менависед, онҳо аз олами хаёл ба олами вуҷуд интиқол меёбанд. Ҳамин тавр он орзуву ҳадафҳо шакл, шамоил ва барои олами ҳастӣ аҳамият пайдо мекунанд. Минбаъд ҳадафҳои дар болои коғаз таҷассумёфта дар ҳаёт ба сони харита хизмат мекунанд. Ба ҳадаф ва орзуҳои дар болои коғаз арзи вуҷуд пайдонакарда, метавон танҳо ба масобаи хаёлпардозиҳои хом нигарист. Азбаски ҳадафҳои бевуҷуд доим дар хаёл боқӣ мемонанд, онҳо аз арзиш ва аҳамияти аслӣ холиянд. Ҳадафҳои дар болои коғаз ифоданаёфта маҳрум аз амалҳои басомон, таъсири назаррас ва нақшаи муассир мебошанд. Вақто нафаре мехоҳад бинобар орзуҳои дар хаёлаш муҳкам амал намояд, гирифтори вартаи хатокориҳои зиёд ва маҷҳулияти ноамн мешавад.

Муҳлати ба ҳадаф ноилгардиро муайян намоед

Ҳадаф ва орзуе, ки барояш муҳлат муайян нашудааст, аз фаврият ва масъулияти иҷроиш холӣ мебошад. Ҳадафе, ки замони ноилгардияш маҷҳул аст, муҳлати дақиқи аввал ва охир надорад. Аз ин рӯ шуморо чизе водор намекунад, ки ҳар чӣ тезтар қадамҳои аввалинро гузошта ба ҳадафи ниҳоӣ ноил гардед. Агар ҳадаф муҳлати муайяни ноилгардӣ надошта бошад, онро рӯз аз рӯз ба таъхир гузошта, ҳаргиз ба он муваффақ намешавед. Ҳадаф ва орзу бояд муҳлати муайяни иҷроиш дошта бошанд. Бад-ин васила нафари соҳибҳадаф низ масъулиятшинос мегардад. Бешак, ҳисси масъулиятшиносӣ сифатест, ки касро дар ҳама ҳолат муваффақ мекунад.

Номгӯйи ҳамаи воситаҳоеро, ки шуморо ба ҳадафи ниҳоӣ мерасонанд, тартиб диҳед

Дар баробари ин, ҳар вақте оид ба ҳадафи ниҳоӣ тезтар ноил гардидан фикри нав пайдо мешавад, номгӯйи тартибдодаро бо он тақвият диҳед. Ҳамин тавр номгӯйро ҳар дам аз назар гузаронида, воситаҳоро кам ё зиёд кунед; то шакли комил гирифтани номгӯй, тағйиру иловаҳои лозимаро қайд намоед. Тартиб додани чунин номгӯйи воситаҳо дар ҷодаи муваффақият ба шумо назари махрутӣ бахшида, роҳи ноилгардӣ ба ҳадафи ниҳоиро қулай мегардонад. Вақте воситаҳо барои расидан ба мақсади ниҳоӣ аниқанд, роҳ осон мегардад.

Номгӯйи воситаҳоро ба нақшаи мунтазами корӣ табдил диҳед

Акнун номгӯйи воситаҳоро бинобар бартарият дар шакли хронологӣ ба танзим дароред. Агар ин амал вақти зиёди шуморо гирад, боке нест. Ҳамин тавр барои худ муайян кунед, ки кадом воситаҳо аввалиндараҷаанду кадомӣ дуюмдараҷа мебошанд. Баъдан онҳоро бинобар бартарияти муайяншудаи иҷроиш пайиҳам дар болои коғаз бинависед. Вақте воситаҳоро бинобар бартарият ба ҷузъҳои иҷроиш тақсим мекунед, худ пай мебаред, ки ба ҳадаф расидан тезтар ва қулайтар аст. Барои осонтар ба танзим даровардану банақшагирӣ кардани номгӯи воситаҳо, метавонед аз усули тартибдиҳии харитаҳои зеҳнӣ истифода кунед. Ҳамин тариқ таъсир ва боздеҳи кории шумо дучанд гардида, қадамҳои дар самти ҳадаф мемонда устувортар ва дақиқтар мешаванд.

Ҳар чӣ зудтар саргарми иҷроиши воситаҳои ба нақша гирифташуда гардед

Ҳатман саргарми кори ба нақша гирифташуда шавед. Новобаста ба ҳолат ва вазъи мавҷуда, ҳатман овораи коре бошед. Нақшаи кории «миёна»-и иҷрошуда аз нақшаи кории «олӣ»-е, ки дар самти иҷроишаш кӯшише ҳам карда нашудааст, беҳтар мебошад. Доим дар ҳаракат бошед, вале самти ҳаракат қаблан ба нақша гирифташуда бошад. Зеро ҳар ҷое ҳаракат мавҷуд аст, дар он ҷо баракат фаровон гардад. Бешубҳа, чунин одоби корӣ шуморо ба ҳайрат меорад, зеро ба дарки ин мерасед, ки ба ҷузъҳои хурд тақсим намудани корҳои дар самти ноилгардии ҳадаф иҷромешуда, раванди ҳаракатро осонтар ва суръатбахштар мекунад.

Қарори қатъӣ гиред, ки ҳар рӯз бо коре машғул мешавед

Ҳамарӯза бо коре машғул бошед, ки шуморо беҳтар гардонида, ба ҳадафи ниҳоии ба нақша гирифташуда мерасонад. Дар худ одати ба нақша гирифтани рӯзи баъдиро тарбия диҳед. Ҳангоми тартиб додани нақшаи корҳои рӯзи баъдӣ, ҳадафҳои дарзомуддату кӯтоҳмуддатро ба инобат гиред. Одати китобхонии ҳаррӯзаро, ки шуморо дар касбу маслак муваффақ мегардонад, пайдо кунед. Барои боз ҳам беҳтар намудани шароити корӣ ва беҳгардонии вазъи молиявии муассиса ҳар замон дар ҷустуҷӯи фикрҳои навбанав шавед ва чунин одатро дар фарҳанги кории муассиса ҷой кунед. Ҳатман дақиқаву соатҳои муайян барои саргарми тамринҳои ҷисмонӣ шудан ҷудо кунед. Агар забони хориҷиеро аз худ мекунед, пас одати ҳар рӯз теъдоди муайяни луғатҳои нав аз ёд карданро пайдо кунед. Ягон рӯз одати пешгирифтаро ба таъхир нагузореду тарк накунед. Дар худ одатҳои мусбатро тарбия диҳед, зеро одатҳои мазкур дар шумо шахсияти солим ва қавииродаро шакл медиҳанд. Бад-ин васила ба ҳадафҳои ниҳоӣ ноил гаштан қулайтар хоҳад гашт.

Доим дар ҳаракат бошед. Ҳамарӯза барои худ, новобаста ба ҳаҷм ва аҳамият, ҳадафҳои навбанав муайян кунед. Ҳар вақте ҳаракатро сар мекунед, минбаъд то ба мақсади ниҳоӣ расидан, ист накунед! Беамон бошед. Аз худ иҷрои корҳои бештарро талаб кунед, зеро шумо ба ин қодиред. Ба мисли ҳайкалтарош ҳар қати ҷисм ва рӯҳу равони хешро бо эътино шакл диҳеду ба асли хеш бегона нагашта, дар ҳадаф устувор бошед. Доим дар болои коғаз фикр кунед. Чунин одат ба мисли харита роҳи шуморо муайян намуда, ҳар қадами навбатиро роҳбалад мешавад. Ҳар бегоҳ нақшаи рӯзи баъдиро тартиб дода, субҳи барвақт бори дигар нақшаро аз назар гузаронида, аз пайи фатҳи қуллаҳои навбатӣ шавед. Акнун аспи бодпоятонро қамчин кунеду ба сӯи ҳадафи созанда шитобед.


8 одате, ки моро аз ҳолати фақириву камбизоатӣ раҳо намекунад

Миёни ангеза ва аксуламал доим озодии интихоб мавҷуд аст

Малакаи тезхонӣ касро муваффақ мекунад

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s