Ҳадафи ниҳоӣ нақша мехоҳад

Амали бенақша сабаби асосии тамоми шикастхӯриҳо аст.
–Алекс Маккензи

Раванди тафаккур ва банақшагирӣ захираҳои фикриро озод карда, малакаи эҷодкориро бедор мекунад. Нерӯи ҳосилшуа ба гардиш даромада, боз ҳам барои кашфиёту ҳадафгузориҳои нав ба нав ташвиқ мекунад. Аз ин ҷо бармеояд, ки амали қаблан ба нақша гирифташуда, эҳтимоли муваффақшавиро баланд мекунад. Дар баробари ин малакаи банақшагирии муассир касро дар иҷрои вазифаву амалҳои рӯзмарра масъулиятшинос мегардонад. Ҳар чӣ нақша хуб бошад, ҳамон андоза роҳ ба сӯйи ноилгардӣ осон мешавад.

Дар рафти раванди тафаккур ва банақшагирӣ, нерӯи фикрӣ, эҳсосӣ ва ҷисмонӣ озод гардида, боздеҳи муассири корӣ барои ҳаракати бештар ташвиқ мекунад. Ҳар дақиқаи барои раванди банақшагирӣ сарфмешуда, дар давоми рӯз на кам аз даҳ дақиқаи амалкуниро бурд мекунад. Барои ба нақша гирфитани корҳои рӯзи баъдӣ шумо ҳамагӣ 10-20 дақиқа сарф мекунед, вале раванди мазкур фардо барои шумо 100-120 дақиқаи кориро тасарруф хоҳад кард. Баръакси ин ҳолат, агар рӯзи меомада қаблан ба нақша гирифта нашавад, фардо беш аз 100 дақиқа вақти гарон барбод дода мешавад. Шахсе, ки дар ҳақиқат дар самти расидан ба ҳадаф кӯшиш мекунад, исрофи ин андоза вақтро набояд барои худ раво бинад. Дар раванди банашагирии рӯз шиори «6Б»-ро ҳамчун роҳбалад интихоб кунед:

Банақшагирӣ бурдбориро боису бадзистанро боздоранда бувад!

Ҳарчанд бинобар нақшаи муайяни корӣ зистан метавонад фардро дар ҳар амалу рафтораш муваффақ гардонад, вале аксарият аз нерӯи созандаи он ғофил зистанро тарҷеҳ мекунанд. Ҳол он ки раванди мазкур вақту имкониятҳои камтарро талаб мекунад. Барои ин танҳо қаламу коғаз кофӣ аст.

Доим бинобар «номгӯйи воситаҳои ба нақша гирифташуда» кору фаъолият баред. Чунин номгӯйи воситаҳои қаблан ба нақша гирифташуда шуморо сабаб мешаванд, ки ба ҳадафи ниҳоӣ тезтар бирасед. Ҳар вақте ҳадафу супориши нав пайдо мешавад, қабл аз саргарм шудан, онро ҳам ба номгӯйи воситаҳо илова намоед. Таҷрибаҳо гувоҳанд, ки кору фаъолияти бинобар номгӯйи воситаҳо роҳандозишуда, малакаи корӣ ва ҳалли масъаларо на кам аз 25% баландтар мекунад.

Ҳатман банақшагирии рӯзи фардоро бегоҳи рӯзи қаблӣ ба роҳ монед. Ба номгӯйи воситаҳои рӯзи фардо кору амалҳои иҷронашудаи имрӯзро ҳам илова намоед. Ҳамин тариқ пайгирии ҷиддии онҳо низ ба роҳ монда мешавад. Вақто вазифаву фаъолиятҳои фардо як рӯз қабл ба нақша гирифта мешаванд, мағзи сар аллакай аз амалҳои баъдӣ огоҳ мешавад. Ҳангоми хоби шабона, дар баробари истироҳат кардани бадан, мағзи сар дар пайи ҳалли мушкилот мегардад. Вақте пагоҳӣ аз хоб бедор мешавед, эҳтимол, ҳалли мушкилот аллакай пайдо шавад. Чунин одат ба сифати корӣ, такомули шахсӣ ва ҳалли масъалаҳои бештар таъсири мусбат мерасонад. Барои тартиби номгӯйи воситаҳо ҳар чӣ вақти бештар сарф карда шавад, имкони ба ҳадафи ниҳоӣ ноил гаштан низ ҳамон андоза зиёд мегардад. Тартибдиҳии номгӯйи воситаҳо пайгирӣ намудани низоми муайянро талаб мекунад:

а) Тартиб додани номгӯйи воситаҳои умумӣ: Дар рафти тартиб додани ин навъи воситаҳои ноилгардӣ ба мақсади ниҳоӣ, ҳар чӣ ба ёд ояд, қайд кунед. Ҳатто воситаҳои дар назар ночиз низ метавонанд нақши муҳимро бозанд. Аз ин рӯ доир ба ҳадафи муайянкарда ҳар фикру идеяи ба тозагӣ рустаро, беистисно, дар номгӯйи воситаҳои умумӣ қайд намоед. Баъдан, метавонед онҳоро тасниф кунед.

б) Тартиб додани номгӯйи воситаҳои моҳона: Ин навъи номгӯйро охири ҳар моҳи равон барои моҳи оянда тартиб диҳед. Метавонед ба ин номгӯй идеяҳои номгӯйи воситаҳои умумиро, ки ҳамон моҳ аз пайи онҳо хоҳед шуд, илова намоед.

в) Тартиб додани номгӯйи воситаҳои ҳафтаина: Ин навъи номгӯйро ҳар ҳафтаи равон барои ҳафтаи оянда тартиб диҳед. Барои тартиби номгӯйи ҳафтаина охири ҳафтаро интизор нашавед.

г) Тартиб додани номгӯйи воситаҳои рӯзмарра: Баъд аз танзими воситаҳои дар боло зикргардида, инак барои таъсирбахш шудани онҳо, бояд номгӯйи воситаҳои рӯзмарра тартиб дода шавад. Ба ин номгӯй ҳатман аз номгӯйи воситаҳои моҳонаву ҳафтаина бахшҳои лозима ва фавриро илова намуда, аз пайи ҳалли онҳо шавед.

Ҳамин тавр дар баробари ҳалли вазифаву мушкилоти ба нақша гирифташуда аз номгӯй воситаҳоро пайи ҳам хат занед. Ин раванд касро ҳисси боварӣ ва ҳисси эҳтиром ба худ бахшида, барои фатҳи қуллаҳои навбатӣ ташвиқ мекунад. Ҳар ҳадафи навбатӣ номгӯйи воситаҳои нав ба навро талаб мекунад ва аз пайи ноилгардии он ҳадафҳо шудан шуморо нерӯ бахшида, боиси муваффақ гардидан мешавад. Бад-ин васила бо гузашти рӯзу ҳафтаҳо ва моҳҳову солҳо шумо батадриҷ вазифаҳои дар пеши худ гузоштаро пайиҳам хат зада, шоҳиди ташаккули шахсияти комили худ мегардед, ки новобаста ба мушкилиҳо, аз пайи комёбиҳо ҷаҳд мекунад.

Баъд аз тартиб додани нақшаи кории муассир вақтро аз даст надода, қадам ба қадам аз пайи ҳалли он шавед. Дар як ҳамла танҳо як воситаи банақшагирифтаро ба ӯҳда гирифта амал кунед. Дар натиҷа худ ҳайрон мешавед, ки чунин усули корӣ чӣ қадар муассир будааст.


Миёни ангеза ва аксуламал доим озодии интихоб мавҷуд аст

Малакаи тезхонӣ касро муваффақ мекунад

Нақшаи роҳи муваффақ

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s