Некбин ва шавқи корӣ

 

Барои ин ки ҳар чӣ тезтар ба ҳадафи хеш расед ва мушкилиҳоро пайи ҳам ба таври муассир ҳал кунед, бояд шавқи корӣ ва сарчашмаи илҳом пайдо кунед. Ҳамчун дар варзиш шумо бояд мураббӣ, капитани даста ва ҳам мухлиси ашаддии худ гашта, барои нишон додани бозӣ дар дараҷаи олӣ ҳар дам боз ҳам нафси хешро ташвиқ намоед.

Гуфта мешавад, ки 95% ҳолати рӯҳӣ-эҳсосӣ бинобар муколамаи дарунӣ, чӣ мусбат ва чӣ манфӣ, шакл мегирад. Чунин муколамаи дарунӣ бо худ метавонад шуморо рӯҳбаланд карда, барои фатҳи қуллаҳои навбатӣ илҳом бахшад, ё паршикаста карда, ба умқи вартаи ноумедӣ ва дилмондагӣ ҳавола кунад. Маҳз назар ва қабули шумо нисбат ба раванди ашё ва ҳодисоти олам нақши ҳалкунандаро бозида, барои муайян кардани ҳолати рӯҳӣ-эҳсосӣ аҳамият дорад. Назар ва қабули мазкур масири муваффақиятро тарҳрезӣ мекунад.

Аз қадами аввалин қарор гиред, ки то ба ҳадаф расидан, мисли некбин ва ҳақиқатбин рафтор намуда, аз соиқҳои манфӣ ва заҳрнок ҳазар мекунед. Барои ин дар худ адаби некандеширо тарбия диҳед. Бинобар арзишҳои маънавӣ-фарҳангии мардуми мо қабул аст, ки дар ҳама кор хайре мавҷуд аст. Ҳарчанд баъзе ҳодисаҳо дар назари мо мисли кори бад вонамуд гарданд ҳам, вале ҳатман дар паси пардаи он воқеаи шум, сабаб ва натиҷаи хайроваре мавҷуд аст. Аз ин рӯ вазифаи шумо ҳамчун нафари соҳибирода ва соҳибҳадаф, ба ҳеҷ ваҷҳ аз масири банақшагирифта барнагаштан аст.

Мушкилӣ ва душвориҳои рӯзмарраро ҳамчун даъват барои обу тоб додани ирода ва малакаи хеш пиндошта, ҳамчун тамрин барои инкишоф додан ва баланд бардоштани боварӣ ва эҳтиром ба худ қабул кунед. Бад-ин васила дар ҳадаф устувортар гашта, роҳ ба сӯйи муваффақият возеҳтару рангинтар мегардад. Чунин ҳолати рӯҳӣ шуморо шавқу завқи бештар бахшида, дар самти мақсад беамон мегардонад.

Аз шикояткуниҳои беҳуда ҳазар кунед. Шикоят амали созанда нест, баръакс шуморо боз ҳам ғӯттаи ноумедӣ мекунад. Беҳтар мешавад, ки табиати мушкилии пешомадаро таҳқиқ намуда бишносед. Вақте душманро хуб мешиносӣ, услубу роҳи муқовимат ва дар натиҷа музаффар гаштан имконпазир мегардад. Доир ба рафти кору машғулиятҳо ба ҳар нафари аз пеши роҳ баромада маълумот надиҳед. Зеро 80%-и онҳо нисбат ба кору машғулият, ҳолати рӯҳӣ-равонӣ ва шикасту муваффақиятҳои шумо парвое надоранд. Боқимонда 20% бошад, эҳтимол, аз ҳолати сангини шумо шод ҳам гарданд. Бинобар ин, ҳар вақте аз шумо мепурсанд, ки «Чӣ ҳол дорӣ?», «Олӣ!» гуфта, аз пайи иҷроиши корҳо шавед.

Равоншиносон муайян кардаанд, ки ҳолати беҳтарини шавқкунандаи корӣ, ин некбинона рафтор кардан аст. Ҳамин тавр се хусусияти нафари некбин (оптимист) муайян карда шудааст:

а) Некбин дар ҳама кор ҷиҳати хайри онро ҷӯё мешавад. Новобаста ба ин ки раванди кору ҳолат чӣ гуна ҷараён дораду чӣ гуна ба анҷом мерасад, кӯшиш мекунад, ки аз он манфиате бардорад. Аз ин рӯ чунин нафар аксар вақт бурд мекунад.

б) Некбин аз ҳолат ва кори барорнагирифта низ дарс меомӯзад. Ӯ боварӣ дорад, ки мушкилиҳо ҳамчун монеа набуда, балки дарси ҳаёт меомӯзанд. Ҳамин тариқ некбин аз ҳолати шикастхӯрдааш дарси ибрат омӯхта, соҳиби таҷриба мегардаду бори дигар ба он хатогӣ роҳ намедиҳад. Бинобар ин ба ҳеҷ ваҷҳ шавқу завқи корияш коста намегардад.

в) Некбин доим аз пайи роҳи ҳалли мушкилии бавуҷудомада аст. Ӯ ҳаргиз шикоят карда, дигаронро айбдор намекунад. Баръакс, иродаро ба даст гирифта, бо ҷаҳди беамон роҳи ҳалро ҷӯё мешавад. Ҳар вақте бо ин гуна мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешавад, аз худ суол мекунад: «Роҳи ҳал кадом аст?», «Чӣ кор карда мешавад?», «Акнун қадами навбатӣ кадом бояд бошад?»

Илова ба ин, нафари некбин бештар атрофи нақша ва орзуҳояш андеша меронад. Ӯ моили андешаронӣ оид ба оянда аст, на ин ки доир ба хатогиҳои рӯзҳои гузашта сухан ронда, аз онҳо шикоят бикунад. Ӯ доим рӯй сӯйи уфуқ аз пайи амалигардонии нақшаи ояндаи дурахшон мешавад.

Вақте шумо низ чунин одат ва адаби кориро касб мекунед, ҳолати рӯҳӣ-равонӣ ва вуҷуди эҳсосӣ-ақлониятон дар савияи волои фазои созандакорӣ қарор гирифта, ҳар дам аз пайи амалӣ кардани нақшаҳои тартибдода кӯшиш меварзед. Ҳар чӣ қадар муносибати шумо ба ашё ва ҳодисаҳои олам некбинона шакл мегирад, ҳамон андоза роҳ ҳамвортар ва услуби корӣ муносибтар мегардад. Бахусус имрӯзҳо ҷомеаи тоҷикистонӣ ба ин ин гуна нафарони соҳибиродаи некбин ва афроди дар ҳадафи худ устувор ниёз дорад.


Ҳадафи ниҳоӣ нақша мехоҳад

Малакаи тезхонӣ касро муваффақ мекунад

Нақшаи роҳи муваффақ

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s