Худро маҷбур созед!

Шарти асосии муваффақшавӣ ҷаҳду ғайрати доимӣ дар самти сарфа намудани нерӯи ҷисмониву ақлонӣ барои ҳалли мушкилот аст, ки бад-ин васила кас ба ҳадафи ниҳоияш ноил мегардад. Вале новобаста ба ин ҳақиқат, аксарият ҳоло ҳам пазмони нафаре ҳастанд, ки вай омада, бо тилисми муъҷизаофараш кулли мушкилоти онҳоро ҳал мекунад. Ҳақиқат ин аст, ки чунин нафар ҳеҷ гоҳ пайдо намешавад. Бо ифодаи дигар, ин гуна нафарони хаёлпараст дар сари роҳ мунтазири автобус ҳастанд, ки дар асл нақлиёт аз он ҷо ҳеҷ гоҳ нагузаштаасту намегузарад. Агар масъулиятро ба даст гирифта, худро барои беҳбуди зиндагонияшон маҷбур накунанд, то охири умр ҳам интизор шаванд, ҳаргиз муваффақ намешаванд.

Танҳо ду фисади аҳолӣ бе назорат аз тарафи кас мустақилона иродаи ҷузъияшонро ба миён гузошта, аз пайи иҷроиши мушкилот ва супориш мешаванд. Чунин нафаронро мо «лидер» меномем. Яке аз ҳадафҳои ниҳоии шумо низ, ана ҳамин гуна шахси мумтози ҷомеа гардидан шавад. Барои ин лозим аст, ки бидуни амру фармон аз берун, дар худ одати худмаҷбуркуниро тарбия диҳед. Аз ин рӯ талаботи корӣ ба худ нисбат ба талаботи кории роҳбарият ба шумо бояд баландтару шадидтар бошад. Барои ин саҳар барвақттар аз хоб бедор шавед. Ҳамагӣ 8 соат хоб карда, 16 соати дигарро дар самти баҳадафрасӣ сарфа намоед. Одати соатҳои зиёд телевизор тамошокуниро тарк кунед. Аз нафарони кушандаи вақти гарони шумо дур истед, аз нафарони «заҳрнок» ҳазар кунед. Ҳамин тавр шумо муваффақ мешавед, ки дар андак вақт аксар кору супоришҳои рӯзмарра, ҳафтаина ва моҳонаро ба анҷом расонед. Доим кӯшиш кунед, ки имрӯзро аз дирӯз дида созандатар гузаронед. Агарчӣ барои коре музди меҳнат нагиред ҳам, вале он шуморо аз дирӯз дида беҳтар, эҷодкортар ва таҷрибаноктар мекарда бошад, арзанда аст. Зеро анҷоми чунин супориш ҳисси боварӣ ва эҳтиром ба худро баланд мекунад.

Равоншинос Натаниэл Брэндон ин навъ худбаҳодиҳиро «ҳайсияти шахсӣ дар пеши назари худ» меномад. Ҳайсияти шахсӣ бинобар муваффақшавӣ ё шиксатхӯрӣ фарқ карда меистад. Новобаста ба ин ки атрофиён доир ба ҳайсият ва шахсияти шумо чӣ андеша доранд, ҷиҳати мусбати худбаҳодиҳӣ дар натиҷаи муваффақ шудан, нақши асосиро дар ташаккули ҷинбаи лидерии шумо мебозад.

Қабл аз ҳама, ҳар вақте ба анҷом расонидани кадом як супорише мепардозед, тасаввур кунед, ки фардо бинобар оҷилият шумо бояд барои ду моҳ аз ҳама корҳои шахсӣ дур шуда, ба сафари корӣ парвоз кунед. Дар ин ҳолат, кадом корҳои аввалиндараҷаро то пагоҳ ба сомон расонидан мехоҳед? Муайян кунед ва аз пайи иҷроиш шавед!

Нафарони муваффақ доим ба ин монанд ҳолатҳои хаёлиро тасаввур карда, мустақилона худро маҷбур мекунанд, ки ҳар чӣ зудтару бештар корҳои аввалиндараҷаро ба анҷом расонанд. Вале онҳое, ки доим дарин самт оҳистаравӣ мекунанд, ба ангеза ва «дасте аз боло» ниёз доранд, ки омада онҳоро барои роҳгардӣ маҷбур созад. Аз ин рӯ роҳи беҳтарини фаъолияти самараноки мустақилона тасаввур кардани ин, ки имрӯз соатҳои вопасини ҳаёт мебошанд. Ҳисси фаврият ва таъҷилият башарро доим шавқу илҳом бахшида, барои изҳор намудани зарфият ва имконияти ниҳоии хеш водор кардааст. Бо гузашти замон ин ҳисси доимии таъҷилият ва худмаҷбурсозӣ ба одат табдил ёфта, як ҷанбаи муҳими фитрати шуморо ташкил хоҳад дод. Минбаъд шумо бекор истода наметавонед ва доим дар ҳаракат мешавед. Ин боиси пурбаракат шудани ҳар сонияву дақиқа мегардад. Чунин одобу адаби корӣ ҳам ин дунё ва ҳам охирати шуморо обод хоҳад кард.

–таҳияи Неъматов Шуҳратулло


Ҳадафи ниҳоӣ нақша мехоҳад

Малакаи тезхонӣ касро муваффақ мекунад

Некбин ва шавқи корӣ

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s