Пайроҳаи муваффақият возеҳтар гашт!

Китоб: “Пайроҳаи муваффақият”

Муаллиф: Роҷер Сайп

Нашриёт: Дунёи дониш, соли 2017

Теъдоди саҳифа: 312

Забони китоб: тоҷикӣ


Ҳама чизе, ки хостанӣ ва тасаввуршуданӣ аст, дастрасшаванда мебошад!
–Наполеон Хилл

Инсонҳо зарфияти худро пурра истифода намебаранд. Қариб ҳамаи одамон, махсусан касоне, ки ба хондани чунин китобҳо завқ доранд, мехоҳанд натиҷаҳои баҳтаре ба даст биёранд: рушд намоянд, муваффақ шаванд ва ба дунё таъсиргузор бошанд. Вале қисмати бузурги зарфиятеро, ки Худованд ба онҳо ато кардааст, мавриди истифода қарор намедиҳанд.

Бештари касоне, ки мехоҳанд ҳамчун шахсият рушд намоянд, дар ин раванд ба ду хатоӣ роҳ медиҳанд. Аввал ин ки онҳо ҷавобҳоро на дар худ, балки дар атроф меҷӯянд. Онҳо мӯътақиданд, ки нафаре аллакай воситаи муъҷизаноке кашф кардааст, танҳо бояд онро пайдо кунад ва он гаҳ ҳаёти онҳо куллан дигар мешавад. Албатта, касе иқрор намешавад, ки воситаи муъҷизаофаре меҷӯяд, вале бисёриҳо дар таҳи дил, воқеан умедворанд, ки дар як рӯзи хуб он воситаро пайдо мекунанд.

Ниҳоят, вақте ба набудани чунин восита тан медиҳанд, хатоии дуюмро содир менамоянд: раванди рушди шахсиятро аз ҳад зиёд мураккаб месозанд. Онҳо бо шавқ даст ба кор шуда, масъулиятро ба дӯш мегиранд ва ҳамагӣ, ғайр аз гурӯҳи ками ҳушмандон, роҳи содаи рушди шахсиятро аз ҳад зиёд мураккаб месозанд.

2
Маҳорати зудтар хондан, беҳтар ҳифз кардани маълумот ва амалисозии ҳадафҳои бузург

Дар китоби «Пайрoҳаи муваффақият» воситаҳои муъҷизаофар дида намешаванд. Вале он осонфаҳм буда, ба шарҳу тавзеҳ ниёз надорад. Дар он таҷрибаҳои муҳим ва ҳақиқатҳои тағйирнопазиреро меёбед, ки ҳазорҳо сол вуҷуд доранд, вале бо вуҷуди ин, дар ҳаёти аксари одамон амалӣ нашудаанд. Ҳифзи ин таҷрибаҳо ҷолиб, омӯзишашон шавқовар ва амалӣ карданашон ниҳоят осон мебошад.

Хониши китоби «Пайрoҳаи муваффақият» ба таври қатъӣ ба донишҷӯёни соҳибирода, омӯзгорони фаъол, соҳибкорони ҳушманд, хонашини шавқманд ва ҳар нафари дар роҳи муваффақият ҷаҳдкунанда тавсия карда мешавад.


“Starbucks”. Ғоя, фарҳанг ва ахлоқи кории ширкати муваффақ

“Рушди солими кӯдак”-ро саҳл нагиред!

Агар сарватманд шудан хоҳед…

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s