Неъмати модар будан

Ҷигарбандам!

Чӣ қадар зебоӣ, покӣ, роҳатбахшу таскиноварӣ, ин қалби муштоқу овораи модарӣ. Нури чашму маънии ҳаёти манӣ, умедвору ошиқӣ. Чӣ хушбахтам, ки Холиқи бузург имкони болои сарат нишаста, хоби нозатро бо шавқу иштиёқ тамошогаҳи розу ниёзам кардан додааст. Шукр, ки вуҷудатро дар батни заифу беқудрате чун мани як инсони оддӣ ҷон бахшидааст. Шукр, ки боиси бардошти бори як мавҷуди муҳим ­– туро насибам кардааст. Шукр, ки бароят забони «Очаҷон!» гуфтанро додааст. Шукр, ки сабаби ба дунё бахшидани як инсони комилу солеҳро бар тақдири ман навиштааст. Шукр, ки вуҷудатро, ҳастиятро, хандаву гиряатро, пешрафту нокомиатро, ҳама буду набудатро бо қалбу рӯҳам эҳсос карда, дастгиру роздонат ҳастам.

Бо вуҷуди як тифли кӯчак буданат, бо вуҷуди чанд солаке беш надоштанат, борҳо бо дастони хурду назифат оби чашми сарди маро пок кардаӣ. Бо нигоҳҳои ишқборат бар ҷони ман қувват бахшидаӣ. Бо се-чор соли собиқаи зиндагӣ доштанат, аллакай, сирри рисолати инсониро дарк кардаӣ. Умедам додаӣ, ки рӯзе оби чашми ҳазорҳоро пок хоҳӣ кард. Шукр, ки ин шуурро бар ту Холиқат насиб каардааст. Шукр!

Шабҳои дароз хоби ман бо нимбедориву назорати ту ширинтар аз хобҳои нози даврони ҷавониям гаштааст. Кӯрпаатро мепечонаму аз сарат мебӯсаму хоби амиқи туро дида эҳсоси хушбахтиам он қадар зиёд мегардад, ки шояд, дар биҳишт низ ин гуна хушбахтӣ пайдо нашавад. Мегӯянд, ки роҳҳои расидан ба биҳишт гуногун аст, аммо ман дарк кардаам, ки модар будан ин худ дар биҳишт будан аст.

Чӣ қадар маҳин нафас мегириву осуда сар ба болин мондаӣ, дастони гарму кӯчакатро бо тамоми ҳавас медорам, онҳоро гарм мекунам. Дар оғӯшам бӯйи ҳастиятро бо тамоми ҳастиям мешамам – аз боди саҳаргоҳони атромез, аз тулӯи офтоби сари кӯҳи баҳорӣ, аз гулҳои хушбӯйи садбаргу наргис ҳазорҳо бор хушбӯйтарӣ.

Субҳи барвақт бо ноз бедор шудану аввал маро садо карданат боз як шуълаи бузурги дигарро дар хонаи меҳрам мепарварад. Чӣ қадар зебо садоям мекунӣ. Шукр, ки садоям мекунӣ. Ҳар бор, ки бо дастони кӯтоҳакат гарданамро ба оғӯш гирифта исрори бардоштанат мекунӣ, чӣ қадар зебо исрор мекунӣ. Ин дастони маҳину ҷаҳонбахшат чӣ гармиву самимият доранд. Эҳсос мекунам, ки на гарданамро, балки тамоми рагу пӯсту ҷонамро бар оғӯшат мекашӣ. Гӯё дунёро дар гирди ман ба чарх меоварӣ.

Ҳамеша, аз кӯдакӣ то ба наврасӣ, сипас ҷавонӣ дар ҷустуҷӯйи ризои Холиқи хеш будаму роҳҳои ба Ӯ расиданро бо тамоми имконот ҷӯё мешудам. Аммо бедарак аз он, ки Ӯ аз аввал ҳамин имконро дар дастам дода будаасту ман – бехабар!

Солҳо дил талаби ҷоми ҷам аз мо мекард,
В-он чӣ худ дошт, зи бегона таманно мекард.

Оре, ман аз аввал лутфу карами Ӯро доштам, ки маро ба хотири ту зан офарид, имкони дӯст доштанро дод, ақлу шууру покиву нафосатро дод, ҳисси меҳру шафқатро дод, то омода шавам барои ба дунё оварданат. Ва эҳсос кунам, ки ризои Ӯ дар анҷоми рисолати модарии ман аст. Ман бо модар буданам, бо он ки туро тавонам инсони қавиву муҳими замона бисозам, бо он ки тарбияи неку инсонворона диҳамат, вазифадорам.

Фарзанди азизам, маънии ҳаётам, ҳастиям кӯмакам кун, ки тавонам бо анҷоми ин вазифаам, маънии ҳаёти ҳаққониро –расидан ба Ҳақ–  ба даст орам. Туро сахт дӯст медорам. Шукр, ки дӯст медорам!

–Нилуфари Ҳайдаршоҳ


Агар кӯдак аз ҳад зиёд серҳаракат бошад…

Агар кӯдак шабонгаҳ зуд-зуд метарсида бошад

Муноқишаву низоъ миёни бародарон ва хоҳарон

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s