Брайан Трейси доир ба тарбияи кӯдак

Тарбияи кӯдак яке аз масъалаҳои муҳими ҳар давру замон ба ҳисоб мерафт. Новобаста ба ихтисос коршиносони зиёд доир ба таҷриба, дониши касбкарда ва мушоҳидаҳои хеш доир ба ин масъалаи ҷиддӣ изҳори назар мекунанд. Бахусус насли муосир ба таълим ва тарбияи босифат ва муассир эҳтиёҷ дорад, зеро замона нисбат ба асрҳои қабл барои шахси калонсол низ ташвишоваранда гаштааст. Аз ин рӯ хостем мухтасар бо мушоҳида ва андешаҳои Брайан Трейси, ки тоҷир, суханвар ва дар соҳаи тиҷорат яке аз нафарони илҳомбахши замона аст, шуморо огоҳ созем. Трейси қайд мекунад, ки кӯдакияш сангин гузаштаасту волидайн барои таълим ва тарбияи шахсияти устувор дар вай ҷаҳде накардаанд, баръакс ӯро бештар мазаммат мекарданд. Худи Трейси қабл аз фарзанддор шудан ҳамроҳи ҳамсараш доир ба тарбияи фарзанд беш аз 40 китобро мутолиа намуда, баъдан барои тарбияи насли хеш остинҳоро барзадаанд.

Масъулияти волидайн аллакай қабл аз таваллуди фарзанд оғоз меёбад. Бахусус оилаҳои ҳамакнун барпошуда ӯҳдадоранд, ки қабл аз соҳиби фарзанд шудан, доир ба тарбия ва рушди солими кӯдак ҳар чӣ бештар дониш ва маълумоти лозимаро аз худ кунанд. Умед дорем, ки сатрҳои баъдӣ барои тарбияи шахси комил дар фарзандони тоҷикистонӣ кумак хоҳанд кард.

1. Доим ба фарзанд чӣ андоза зиёд дӯст доштани ӯро такрор кунед. Инро ҳар чӣ бештар ва зуд-зуд талқин намоед.

2. Фарзандро зуд-зуд таъриф кунед. Ҳатто бо баҳонаи хурд ҳам бошад, доим кору амали дуруст ва некашро таҳсин гӯед. Ҳамин тавр ӯ соҳиби боварӣ ва эҳтиром ба худ мегардад. Чунин ҳисси эътимод ӯро инсони комил мегардонад.

3. Фарзандро бе ягон шарту қайд чӣ гунае ҳаст, ҳамон сон дӯсташ доред. Ӯро танқид, таҳқир ва ҳар амалу рафторашро бинобар меъёрҳои дарки худ қазоват накунед. Бо ӯ ҳар чӣ бештар мутабассим бошед. Ҳамин тавр ӯ мефаҳмад, ки дидори ӯ шуморо хурсанд мекунад.

4. Бигзор фарзанд ҳис кунад, ки шумо бо ӯ фахр мекунед. Чунин эҳсос ӯро рӯҳбаланд мекунад.

5. Бо ӯ ҳамчун шахси ҳаммартаба рафтор намоед. Вақте ки бо кӯдак ҳамсӯҳбат мешавед, бо ӯ дар як сатҳ ҳамчун нафари соҳибҳуқуқ гуфтор созед. Дар наздаш, ё рӯ ба рӯяш нишинед, ки ҳангоми гуфтор, ӯ ба чашмони шумо назар карда тавонад.

6. Ҳар гуфтору рафтори фарзандро қадр кунед, барои ҳар амали ба ҷой овардааш доим шукргузор бошед. Ҳар вақте ки ба кӯдак изҳори сипос мекунед, ӯ худро дар ҳақиқат муҳим ва лозим эҳсос мекунад. Ҳар дам «Ташаккур! Раҳмат!» гуфта, ӯро ҷасорат ва эътимод бахшед.

7. Кӯдакро барои амалҳое, ки ба ҷой оварда наметавонад, ё тавоноии равиши онҳоро иваз карданро надорад, танқид накунед. Ҳар вақте ки ба хатогӣ роҳ медиҳад, бо ӯ сӯҳбат кунеду сабаби сар задани чунин ҳолати манфиро ҳамроҳ ҷӯед. Бигзор кӯдак ба дарки хатогии кардааш расад ва аз он дарс гирад. Ҳар вақто кӯдак дуруст хулосабарорӣ мекунад, шумо он амали манфияшро аз хотир бароред ва баъд аз гузашти замон ҳам онро хотиррасон накунед.

8. Кӯдакро ҳаргиз маломат накунед. Ӯ бинобар ба ҷой оварда натавонистани кадом як умеду таманнои шумо набояд худро айбдор эҳсос кунад. Вазифаи кӯдак ба ҷой овардани умедҳои шумо нест, балки инкишоф додани малака ва зарфияти ба худ хос мебошад. Дар ин раванд волидайн фарзандро ҳар чӣ бештар дастгирӣ намоянд.

9. Ба сухану нақли кӯдак бо диққат гӯш диҳед. Доир ба масоиле, ки ба ӯ дахлдор аст, фикру назарашро бипурсед. Чунин рафтори волидайн дар ӯ ҳисси худэҳтиромкуниро инкишоф медиҳад.

10. Бо ҳар камёбӣ ва дастоварди бузургу кӯчаки фарзанд фахр кунед, ӯро таҳсин гӯед. Бигзор кӯдак он завқу шавқро дар чеҳраи шумо хонда тавонад.

11. Муваффақиятҳои кӯдакро доим қадрдонӣ намоед. Инкишофи худэҳтиромкунӣ ва худбоварӣ муҳим аст. Аз қадрдонӣ кардан ва шунидани таҳсин ҳам калонсолон ва ҳам хурдсолон болидарӯҳ мегарданд.

12. Доим ба фарзандатон гӯед, ки ӯро зиёд дӯст медоред. Ҳеҷ гоҳ ба фарзанд ва ҳамсар изҳори дӯстдорӣ намуданро ҳамчун зиёдаравӣ кардан напазиред. Бо усулҳои гуногун изҳори дӯстдорӣ кардан муносибат ва робитаҳои оилавиро қавитар мекунад.

13. Ба кӯдак бовар кунед, нисбат ба ӯ эътимод доштанро омӯзед. Доим бигӯедаш: «Ман ба ту бовар дорам. Ман медонам, ки бо изни Офаридгор, ту ба ин кор муваффақ мешавӣ. Ту метавонӣ!»

14. Бо кӯдак ҳар чӣ бештар вақт гузаронед. Агар фарзанд бо шумо доир ба кадом як масъалае сӯҳбат кардан хоҳад, дарҳол корҳоятонро ба як сӯ гузошта, ӯро гӯш кунед. Ҳангоми сӯҳбат бо дигар корҳо овора нашавед. Мисле ки кӯдак муҳимтарин ва азизтарин шахси олам аст, тамоми диққатро ба ӯ диҳед.

15. Кӯдакро барои анҷом додани кадом як коре маҷбур насозед. Агар аз анҷом додани кори муҳим дасткашӣ кунад, масъаларо дар фазои ором ҳамроҳаш сӯҳбат намуда, иқно кунед. Аз бартарияти калонсол будан сӯистифода накунед. Таҳдиду таҳқир кардан кӯдакро аз ин ҳам бештар якрав ва хашмгин мекунад. Беҳтар мешавад, ки бо ӯ дар як мартаба сӯҳбат намоед ва аҳамияти кори анҷоммедодаро фаҳмонед.

16. Бо кӯдак, агарчӣ ҳоло хурдсол ҳам бошад, ҳамчун шахси болиғу калонсол гуфтору рафтор намоед. Дар амалҳоятон бо ӯ ростгӯву шаффоф бошед. Азбаски кӯдак дар хурдсолӣ бештар аз рафтори атрофиён адаб меомӯзад, ӯ низ кӯшиш мекунад, ки мисли шумо ростгӯву дурусткор шавад.

17. Доир ба масоили ба кӯдак дахлдор бо ӯ машварат кунед: вақти хӯроки шом чӣ хӯрдан мехоҳад; таътилро дар куҷо ва чӣ гуна гузаронидан мехоҳад. Бигзор ӯ аз хурдсолӣ одоби машвараткунӣ ва қароргириро омӯзад.

18. Ба фарзанд доир ба касбу ихтисосатон маълумот диҳед. Дар давоми рӯз бо чӣ корҳо машғул мешавед, ба кӯдак нақл кунед. Агар дар ҳалли кадом як мушкилии корӣ душворӣ мекашида бошед, фарзандатонро аз он хабардор кунед. Баъзан хурдсолон ба масъала аз паҳлӯи дигар назар карда, ҳалли қулайтарро ёфта метавонанд.

19. Ба кӯдак ҳадяҳо диҳед. Агар бинобар машғулияти корӣ ё сафар ӯро дида натавонед, ҳатман паёмаке фиристед ва ё занг зада, аз ҳолаш пурсон шавед. Кӯдак бояд боварӣ дошта бошад, ки ӯ доим дар ёди шумо аст.

20. Аз изҳор намудани эҳсосоти хеш худдорӣ накунед. Бигзор кӯдак бидонад, ки шумо ӯро бо тамоми ҳастӣ дӯст медоред. Ҳамроҳаш шодӣ кунед. Агар ғамгин бошад, дилбародрӣ кунед.

21. Дар назди кӯдак доим ба ҳамсаратон изҳори муҳаббат намоед. Ҳаргиз нисбати ҳамсар беэҳтиромӣ накунед. Зеро кӯдак дар оянда муносибат ва робитаашро бо ҷинси муқобил бинобар адабу одоби дар оила омӯхта ба роҳ мемонад. Агар дар хона фазои ҳузур ва оромӣ ҳувайдо бошад, кӯдак босалобат, ботамкин, боадаб, комил ва қавиирода ба воя мерасад.


Тарбияи шахсияти пешбар дар кӯдак

“Кӯдак аст!” –нагӯед! Аҳамияти муколама бо навзод

“Рушди солими кӯдак”-ро саҳл нагиред!

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s