Дар ҷустуҷӯи худ

Онҳое, ки асрори азалро донистан мехоҳанд, зимни ҷустуҷӯ шигифтзадаву ҳайрон мемонанд, зеро вақти дарёфти ҳақиқати азалӣ, ҳақиқати ҳаёту зиндагӣ, мавҷудият, фалсафаи инсоният ҳама роҳҳо тай шуда, бо пурпечтарин ва муаммодортарин ҳақиқат – ҳақиқати даруни хеш рӯ ба рӯ мегарданд. Ҷӯянда дарк мекунад, ки бузургтарину пурқудраттарин қувва дар даруни худи ӯ нуҳуфтаасту сарчашмаи ҳашамату волоият ва муваффақияту иқболу сарфарозӣ танҳо ва танҳо дар ниҳоди ӯ ниҳон аст. Сипас, талоши роҳи пайдо кардани худ, шинохти худ ва билохира, дарку фаҳми нафси хеш то ба охири умр идома меёбад.

Муаммои ҳастӣ муаммои хеле мушкил аст. Бо мурури танзими ҳаёт ҳар рӯзу ҳар соат аз ин муаммоҳо пардае мефиканад, вале боз пардаи дигаре падид меояд. Бо ин васила зиндагӣ бо қонунҳои навиштаву нонавиштаи худ садди роҳи мо мешавад. Моро водор ба роҳкушоӣ мекунад. Зимни роҳкушоӣ баробари бурду бохтҳо ҳиссиёти тарсро дар вуҷуди мо ҷо мекунад: тарси мағлуб шудан, тарси хато кардан, тарси дар ғафлат мондан, тарси ноумед шудан… Дигар он парандаи озодро аз ниҳоди худ гум мекунем. Вале ба дунболи тарс ҳаяҷон, шӯру шавқи бештари зиндагӣ, тавоноӣ, қудрат ва муҳимтар аз ҳама маънии ҳаёт мепайвандад. Ин ҳама муҷиби андеша дар атрофи мафҳуми «ҳастӣ» мегардад.

«Ман кистам? Чаро ин ҷоям? Аз дунё чӣ мехоҳам? Ҳадафам чист?» Ин суолотест, ки дар дили навбедоршуда пайдо мешавад. Бо ин суолҳо вақт бо такопӯ ва ҷараёни пуршиддат бо дарёи ҳадафу мақсадҳои мо ҷорӣ мегардад. Ҳангоми ғафлати андаки мо вақт зуд мегурезад, гоҳо мебозад ва гоҳо моро мағлуб карда, гаравгон мегирад. Мо побанди хаёлҳову рӯзҳои аздастрафта мешавему гаравгони орзуҳои оянда. Аз лаҳзаи пурқимматтарин – ҳозир маҳрӣм мешавем. Объекти хандаи вақт мегардем.

Чӣ бояд кард? Барбод рафтани мақсаду маромҳои мо дар чист? Чаро орзуҳои мо амалӣ намешаванд? Чаро ҳамрадифи ашхоси ҳамсинну соли муваффақи хеш нестем? Дар куҷо хато кардаем? Ё шояд дар ҳадафи хеш устувор нестем? Шояд ғайрати ба ҳадаф расидан надорем? Ё шояд аз муваффақ шудан, аз ҷои поёнтари худ, ки ба он одат кардаем, ба боло баромадан метарсем? Шояд аз ӯҳдадорӣ метарсем, ё аз масъулияти бештар? Андешае ҳаст, ки вақте зиндагӣ чизи зиёде ба мо намедиҳад, аз он сабаб аст, ки мо чизи зиёде аз зиндагӣ нахостем. Пас чаро аз он намехоҳем, наметалабем, намегирем ва аз худ чизе намедиҳем?!

Ба масофаи роҳи дури дарпешистода назар макун, ки роҳ тӯлонитар менамояду туро хаста мекунад. Ба пуштат бингар ва бубин, ки чӣ қадар роҳи дарозро, аллакай, тай намудаӣ, то туро ин хушҳолу фараҳманд гардонад. Ба ту ангезаи бештари ба ҳадаф расидан бахшад. Пас, ба худат бовар дошта бош! Бидон ва осуда бош! Оне, ки туро то ин ҷо овард, оянда низ роҳбаладиат мекунад. Ту ҳеҷ гоҳ танҳо нестӣ, зеро Маъбуди ту ҳамеша бо туст!

Ҳиммат дошта бош! Ҳиммат бар соҳибаш сарфарозӣ, қувват, ҷавонмардӣ, донишу маҳорати мукаммал, салоҳият, тавоноӣ ва иродаи кофӣ мебахшад. Агар қувваи ирода дошта бошӣ, пас дар майдони набарди зиндагӣ ғолиб мегардӣ. Соҳибирода фақат пеши марг зону мезанад ва он ҳам дар ҳаёт як бор аст. Ирода имкон медиҳад, ки ту ба худ бовар кунӣ, ба имкониятҳои худ, ба шукӯҳи тафаккури созандаи худ, ба қувваву қудрати худ, ба ҳадафи худ, ба зиндагии сазовори баъд аз марги худ.

Таҷрибаҳои ҳаётӣ нишон додаанд, ки инсон ҳамоне мешавад, ки бештар ба он фикр мекунад. Дар доираи хислату рафторҳои оне, ки шудан мехоҳӣ, муддати тӯлонӣ тамаркуз дошта бош ва ин мақсадро қисмате аз ҳаёти хеш бигардон. Вақте дар бораи роҳи ҳалли масъала фикр кунӣ, ин роҳ пайдо мешавад. Барои инсон доштани шубҳа, тарс ва эҳсосоти хатар ҳолоти муқаррарианд. Инсони муваффақ инро мефаҳмад ва кӯшиш мекунад, ки барои ба ҳадаф расиданаш бар нафси хеш ғолиб барояд. Ӯ диққати худро пурра ба сӯйи расидан ба мақсадаш равона мекунад ва хешро бо мушкиливу печидагиҳои ҳаёт харобу навмеду ғамгин намесозад.

Агар мақсад бузург бошад, ҳаҷми мушкилоташ аҳамият надорад. Танҳо бидон, ки душвортарин қадам қадами аввал аст, ки ту барои ин ирода ва ҳадаф дорӣ. Бузурге гуфтааст: «Умри шумо аз замоне шурӯъ мешавад, ки ихтиёри сарнавишти хешро ба даст мегиред». Пас, шояд умри ту низ аз ҳамин лаҳза шурӯъ шуда бошад. Муҳим нест, ки дар ин роҳ чанд бор иштибоҳ мекунӣ, муҳим он аст, ки иштибоҳи ту дубора такрор намешаванд. Муҳим он аст, ки сарнавишти хешро акнун ба даст гирифтаӣ.

Ҳақиқати хешро дарк бикун. Худро кашф намо!

–Нилуфари Ҳайдаршоҳ


Некбин ва шавқи корӣ

Ҳадафи ниҳоӣ нақша мехоҳад

Худро маҷбур созед!

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s