Илҳомбахши таълиму тарбияи фарзандон; ҳомии низом, ҳузуру оҳанги хонавода ва муаллими аввалини мактаби башарият зан аст. Дар баробари хислатҳои мазкур иффат ва умқи худшиносӣ мақоми занро дар назди Ҳақ аз малоик улвитар ва дар назди халқ аз алмос гаронтар месозад. Зани порсо гӯяндаи ҳикмат, рӯҳаш ифодагари назокату латофат, рафтораш пур аз иззату ҳурмат аст. Ҳар вақте назарҳои ошно ин ҷиҳатҳои муқаддаси занро мушоҳида мекунанд, аз ғаризаҳои башарӣ раҳо ёфта, бакуллӣ фарогири ибрат ва тафаккур мешаванд.
Ҳайати эҷодии Сомонаи тафреҳӣ-ахлоқии “ОФТОБ” ба муносибати “Рӯзи байналмилалии бонувон” ҳамаи занон, модарону хоҳарони Ватани азизамонро табрик намуда, ба Шумоён сиҳҳатмандиву тандурустӣ, ҷисман ва рӯҳан ҳамеша зебо монданро хоҳонем!
Манбаи акс: Nissor Abdourazakov