Хушиву осоиш дар оила

Шарти аввалини хушиву осудагӣ дар оила барои ҳамдигар муносиб будани ҳамсарон аст. Ҳамсарон бояд дар фикру андеша, ҳиссиёт, ахлоқ ва эътиқод мувофиқат дошта бошанд. Аз ин рӯ, шахсе, ки нияти оиладор шуданро дорад, маҷбур аст, ҷуфте пайдо кунад, ки аз нигоҳи фикру ақида ва ахлоқу эҳсос ба ӯ мувофиқ бошад. Дар акси ҳол, ӯ тамоми умр маҷбур мешавад, ҳаёти худро бо нафаре гузаронад, ки рафтору кирдораш ба ӯ писанд нест. Чунин тарзи ҳаёт барои ҳамсарон танҳо ранҷу сахтӣ меорад. Дар оилае, ки ҳамсарон бо ҳам мутазоданд, ҳарду ҷониб аз зиддияти афкори ҳамдигар нороҳат мешаванд ва дар сурати набудани ягон ҷозибаи муқаддасе, ки онҳоро сарҷамъ созад, онҳо хонагурез мешаванд. Ҳатто дар ҳолати ҳамроҳ будан ҳам бо андешаву ҳиссиёташон аз ҳамдигар ҷудо ва аз хона дур зиндагӣ мекунанд.

Вазъияти кӯдаконе, ки падару модарашон дар оила мисли ду зарраи ҳамранги электрон аз ҳамдигар дур меистанд, ҳамеша ташвишовар аст. Кӯдакон танҳо дар муҳити нарм ва пур аз муҳаббати оилавӣ метавонанд тарбияи дуруст гиранд ва барои ҷомеа фоида биёранд. Аммо агар падару модари онҳо муносибати бад дошта бошанд, ин ба олами андеша ва эҳсосоти поки кӯдак таъсири манфӣ мерасонад ва кӯдакон нисбат ба падару модари худ, ки сарпаноҳи онҳо ҳастанд, боварияшонро гум мекунанд. Кӯдаконе, ки шуурашон ба ин ҳад зарар мебинад ва зери фишору тазйиқ қарор мегиранд, барои ҷомеа манфиат оварданашон багумон аст. Чунин кӯдакон агар мафкураи қавӣ надошта бошанд, барои ҷомеа на танҳо фоида намеоранд, балки зарари калон расониданашон ҳам мумкин аст.

Оморҳои расмӣ нишон медиҳанд, ки бахши аъзами кӯдаконе, ки ҷиноят содир мекунанд ва аз ҷинояткорӣ завқ мегиранд, аз ҷумлаи кӯдаконе мебошанд, ки дар оилаҳои беҳузур ба воя расидаанд. Гузашта аз ин, вақте чунин кӯдакон дар ҷомеаи пурихтилофи имрӯз бесарпаноҳ мегарданд, албатта, қурбонии ҳар гуна дасисаҳо шуданашон мумкин аст.


Тарбияи шахсияти пешбар дар кӯдак

“Кӯдак аст!” –нагӯед! Аҳамияти муколама бо навзод

Брайан Трейси доир ба тарбияи кӯдак

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s