Ида Тарбелл ба журналистикаи таҳқиқотӣ чӣ гуна асос гузошт?

Маҷаллаи «McClure»-и чопи Амрико соли 1902 ба нашри як фелетони бисёр аҷиб оғоз бахшид. Ин нигошта, ки аз 19 қисм иборат буда, давоми ду сол чоп шуд, «Таърихи ширкати Стандарт Оил» ном дошт. «Стандарт Оил» яке аз ширкатҳои бузурги ИМА ва аввалин ширкати байналмилалии сӯзишворӣ маҳсуб мешуд. Соҳибаш Ҷон Д. Рокфеллер бошад, шахси аз ҳама сарватманди Амрико буд. Факту далелҳои матлаби номбурда ончунон таъсирбахш буданд, ки давоми панҷ-шаш соли оянда ширкат ба қисматҳои ҷудогона тақсим гардид ва Рокфеллер рамзи тиҷорати ифлос дар тамоми ИМА шинохта шуд.

Албатта, нигоштае бо ин давомнокӣ ва тӯли омӯзиш аслан таҳқиқот аст. Ва таҳқиқоти «Таърихи ширкати Стандарт Оил», ки каме пас аз нашраш ба шакли китоб ҳам чоп шуд, дар рейтинги маводи таъсирбахши матбуоти ИМА, ки рӯзномаи маъруфи «New York Times» таҳия намуд, мавқеи панҷумро ишғол кард. Илова бар ин, ҳамчун аввалини таҳқиқоти журналистӣ дар таърихи матбуоти ИМА шинохта шуд. Лек аз ин муҳимтар он аст, ки асосгузори таҳқиқоти журналистӣ дар ИМА, ки бо Ҷон Д. Рокфеллер барин сарватманд сар ба сар шудааст, як зан буд. Номаш Ида Тарбелл.

Тарбелл бори аввал номи Рокфеллерро дар синнӣ чордаҳсолагӣ шунид. Он вақт падараш Франклин Тарбелл дар вилояти Пенсилвания як истеҳсолгари хурди нефт буд. Ӯ чун дигар истеҳсолгарон сӯзишвориро аз тариқи роҳи оҳан ба муштариён мерасонд. Дар он замон ба минтақа як тоҷири 32-сола бо номи Ҷон Д. Рокфеллер омад, ки ширкати «Стандарт Оил»-ро таъсис дода буд. Тоҷири ҷавон ба истеҳсолгарони нефт дар вилоятҳои Огайо ва Пенсилванияи Ғарбӣ, ки аз роҳи оҳани Клевлэнд истифода мебурданд, як пешиниҳод кард: «Биёед, тиҷорати худро ба ман фурӯшед ва дар ширкатам соҳиби ҳисса гардед».

Албатта, ин як пешниҳоди ғайриодӣ буд. Рокфеллер бо ширкатҳои боркашонии роҳи оҳан қарордоде имзо карда, нархи боркашонии онҳоро боло бурд. Худаш бошад, барои он ки дар як дафъа миқдори зиёди нефт интиқол медод, мунтазам тахфиф мегирифт. Азбаски «Стандарт Оил» нефти зиёдеро интиқол медод, дар баробари он ягон ширкати майдаи нефтистеҳсолкунӣ тоб намеовард…

Миёни майдаистеҳсолгарони нефт, ки шабҳо барои муҳокимаи пешниҳоди Рокфеллер ҷамъ меомаданд, Франклин Тарбелл низ буд. Духтараш Ида он суҳбатҳоро мешунид. Дар он суҳбатҳо бисёре аз тоҷирон ҷонибдори фурӯхтани тиҷорати худ буданд, вале Франклин Тарбелл пойфишорӣ карда, мустақил мондан мехост. Бинобар ин ба пешниҳоди Рокфеллер ду нафаре, ки овози рад доданд, ӯ ва шарикаш буданд. Бо вуҷуди ин Рокфеллер аз он минтақа бо дасти холӣ барнагшт, балки аллакай 85 дарсади майдаширкатҳои нефтистеҳсолкунандаи Клевлэндро харида буд. Кори Франклин Тарбелл ва шарикаш бошад, рӯз ба рӯз бадтар мегашт, барои он ки молиёташонро пӯшонида наметавонистанд. Ин ҳолат сабабгори ба худкушӣ даст задани шарики Тарбелл гардид.

Нависандагӣ ба ҷои муаллимӣ

Ида Тарбелл ин рӯйдодҳоро паси сар карда таҳсилашро идома дод. Вақте синнаш ба 19 расид, дар яке аз коллеҷҳои Пенсилвания ба омӯзиши фанни биология машғул шуд. Бо хатми коллеҷ бошад, ба кори омӯзгорӣ шуруъ кард. Вале нисбат ба омӯзгорӣ ба чизи дигар шавқ дошт: ба таҳқиқу омӯзиш ва навиштан. Вай хондани рӯзномаи мақомоти милисаи шаҳрро хеле дӯст медошт. Зеро ба ақидаи вай ин рӯзнома манзараи ҳақиқии шаҳрро инъикос карда, аз рӯйдодҳо хабарҳои дуруст пешниҳод менамояд. Агарчи медонист, мухбири адлияву суд шудан барои зан кори душвор аст, лек дар ин самт, алалхусус дар самти инъикоси таърихи воқеаҳо, навиштанро меписандид. Сипас, тавассути як муҳаррири шиносаш дар як рӯзномаи хурд, ки масоили диниро инъикос мекард, ба кор даромад. Хабару гузоришҳое, ки дар ин нашрия омода менамуд, ба қалами хуб ва сухани таъсирбахш доштани вай далолат мекарданд.

Соли 1890 Ида Тарбелл ҷиҳати анҷом додани як пажуҳиш ба шаҳри Париж рафт. Ин пажуҳиш дар бораи Мадам Роланд ном бонуе буд, ки дар инқилоби Фаронса нақши бузург доштааст. Дар пойтахти Фаронса бо ношири амрикоӣ Самуэл МакКлюр (Samuel McClure) шинос шуда, барои кор дар маҷаллаи ҳармоҳаи «McClure’s Magazine» даъват мешавад. Воқеан, агарчи умри дарозе надида бошад ҳам, «McClure’s» аз маҷаллаҳое маҳсуб мешуд, ки дар ИМА хабарҳои ҷанҷолиро ифшо мекард. Ба замми ин осори адибони бузургро дар саҳифаҳояш ба нашр мерасонд, ки муаллифи ҳикояҳо дар бораи Шерлок Холмс – Артур Конан Дойл, Ҷек Лондон, Марк Твейн барин нависандаҳои машҳур миёни онҳо буданд.

(давом дорад)

– М. Усмон, ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон»


Некбин ва шавқи корӣ

Ҳадафи ниҳоӣ нақша мехоҳад

Дар ҷустуҷӯи худ

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s