Ида Тарбелл ба журналистикаи таҳқиқотӣ чӣ гуна асос гузошт? (2)

Таҳқиқоте, ки тиражи маҷалларо афзуд

Ида Тарбелл пас аз чанде ба ИМА баргашта, дар дафтари вашингтонии маҷалла фаъолияташро идома дод. Дар ин ҷо ба фелетонҳои дар бораи Наполеон Бонапарт ва Абраҳам Линколн навиштаи ӯ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Тарбелл зодгоҳ ва маҳаллаҳоеро, ки Линколн ба воя расидааст, як ба як гашта, бо инсонҳое, ки Линколнро мешинохтанду ҳоло ҳам дар қайди ҳаёт буданд, суҳбатҳо гузаронид. Суҳбатҳои анҷомдодаи ӯ адади нашри маҷалларо хеле баланд бардошт. Ин нигоштаҳо баъдтар дар шакли китоб чоп шуданд ва нишон доданд, ки Тарбелл дар соҳаи таърих низ як муҳаққиқи варзида аст.

Вақто Ида Тарбелл соли 1898 ба шуъбаи дар Ню-Йорк будаи маҷалла гузашт, дид, ки яке аз номҳои вирди забони мардум Ҷон Д. Рокфеллер аст ва хотироти гузаштаи ҳаёташро ба ёд овард. Дар муддати кӯтоҳ ба омӯзиш дар бораи Рокфеллер шуруъ намуд. Дар натиҷаи маълумоти бадастоварда қарор дод, ки ба яке аз мудирони ширкати «Стандарт Оил» Ҳенри Ҳ. Роҷерс мулоқот анҷом диҳад. Роҷерс низ ба монанди падари ӯ як тоҷири майда буда, баъд аз ширкаташро ба Рокфеллер фурӯхтан дар «Стандарт Оил» ба кор медарояд. Ин мулоқотро барои Ида Тарбелл нависанда Марк Твейн муҳайё сохт. Роҷерс, ки бо навиштаҳои Тарбелл шинос буд, интизор буд, ки журналист дар бораи муваффақиятҳояш силсиламақолаҳо менависад. Бинобар ин як суҳбати ошкор намуд.

Таҳқиқе, ки ду сол давом кард

Рӯзноманигории ҷанҷол-барангез барои матбуоти ИМА як чизи муқаррарӣ маҳсуб шавад ҳам, лекин Ида Тарбелл мехост, ки таҳқиқоти ӯ аз як ҳангома ё ҷанҷоли муқаррарӣ фарқ дошта бошад. Маълумоти ба дастовардааш, мусоҳибаву суҳбатҳои анҷомдодааш дар бораи яке аз ширкатҳои калони давр – «Стандарт Оил» баёнгари он буд, ки Тарбеллро таҳқиқи бузургу доманадоре дар пеш аст. Аз ҷониби дигар нигоштаҳои ӯ дар бораи ширкати «Стандарт Оил» ҳамзамон бар дӯши журналист вазифаи асосгузори журналистикаи таҳқиқотӣ шуданро низ вогузошта буд. Ва ин барои матбуоти Амрико чизи нав ҳисоб меёфт.

Бо чопи қисмати аввали таҳқиқоташ Тарбелл дар соли 1902 таваҷҷуҳи зиёд ба даст овард. Таҳқиқи «Таърихи ширкати Стандарт Оил», ки дар маҷмуъ аз 19 қисмат иборат буд, то соли 1904 нашр шуд. Вай «тиҷорати макиавелистӣ» ном системаеро ифшо кард. Нишон дод, ки Рокфеллер, ки акнун ба тиҷорати нефт сарукор надошт, сарвати бузургашро бо роҳи қаллобию ифлос ба даст овардааст. Бино ба маълумоти китобҳое, ки рӯйдодҳои он шабу рӯзи Амрикоро нақл мекунанд, баъд аз нашри таҳқиқоти Тарбелл нигоҳи мардум ба Рокфеллер тамоман дигар шуд. Тарбелл дар охири таҳқиқоташ дар ду қисм тарҷумаи ҳоли Рокфеллерро низ ба қалам дода, ӯро «мумяи зинда» ном бурдааст. Ва таъкид кардааст, ки усули пешгирифтаи Рокфеллер зиндагии амрикоиро ба фақр, ифлосӣ ва дағалӣ гирифтор мекунад.

Интиқом тавассути эҷод

То чопи таҳқиқоти журналистӣ Рокфеллер ҳамчун як тоҷири саховатпеша шинохта мешуд. Ба вилояти Ню-Йорк сармоягузорӣ мекард. Аз тиҷорати нефт канор рафта буд. Лекин пас аз дар борааш нашр шудани фелетонҳои пай дар ҳами Ида Тарбелл сахт асабӣ шуд. Ва дар муқобили моҷарои ба миёномада, тасмим гирифт, ки хомӯш истад. Ба атрофиёнаш низ гуфт, дар ин хусус чизе ба забон наоранд. Аммо дар суҳбатҳои махсус ҳатман ғазаб доштанашро нисбат ба Ида Тарбелл баён мекард. Силсиланигоштаҳои «Таърихи ширкати Стандарт Оил» соли 1904 ба поён расид. Соли 1911 дар Суди олии Амрико парвандааш баррасӣ шуда, дар натиҷа «Стандарт Оил», ки аз аввалин ширкатҳои байналмилалии сӯзишвории ИМА маҳсуб мешуд, ба қисматҳои алоҳида ҷудо шуд. Танҳо ду қисмати он ширкати бузург ҳоло ширкатҳои «Exxon» ва «Chevron» аз бонуфузтарин ширкатҳои Амрикои имрӯза мебошанд. Аз ҳамон замон сар карда монополия яке аз мавзӯҳои баҳсбарангези тиҷорат дар Амрико мебошад.

Ида Тарбелл ҳарчанд медонист, ки ба монанди як адиб қалами равон надорад, лекин барои вай нигоштаи хуб ҳамоне ба ҳисоб мерафт, ки ягон таззод надошта, танҳо ҳақиқатро баёнгар бошад. Ин зани ниҳоят борикбин ва заковатманд интиқоми падарашро бо ҳамин «силоҳ» гирифт. Бо нигоштаҳое, ки ба ҳақиқат такя мекунанд.

– М. Усмон, ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон»


Некбин ва шавқи корӣ

Ҳадафи ниҳоӣ нақша мехоҳад

Дар ҷустуҷӯи худ

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s