Сарфакорӣ ва банақшагирӣ асоси сарватмандист (1)

Субот ва устуворӣ дар роҳи ба даст овардани дороӣ ва ҳифзи баъдинаи он тариқи тасарруф ва сармоягузорӣ кардан имконпазир аст. Нафарони зиёд орзу мекунанд, ки рӯзе мерасаду онҳо соҳиби молу мулк мегарданд, аммо андаки онҳо дар ҳақиқат барои ноил гаштан ба ин ҳадаф ҷаҳд мекунанд. Яке аз шиор ва асрори ин ҷода чунин аст: «Барои татмин намудани ҳавову ҳаваси хеш тамоми даромади ба даст овардашударо харҷ накунед, балки як миқдор аз онро сармоягузорӣ намоед, то ки минбаъд он даромад барои шумо фоида биёрад». Даромад ва маблағе, ки имрӯз шумо бар ивази кадом як меҳнати худ ба даст меоред, новобаста ба миқдораш, агар оқилона сарф накунед, ҳатман дар андак муддат харҷ мешавад. Бинобар ин миқдори муайяни онро доим ҳамчун пасандоз захира намоед.

Доим дар ёд нигоҳ доред, ки қисмате аз маблағи ба даст овардашуда, аз они шумост. Ва миқдори ин қисмат бояд на кам аз даҳяки дилхоҳ даромади шуморо ташкил диҳад. Шумо метавонед эътироз намоед, ки бе он ҳам ҳамаи даромад аз они ман аст. Вале ин эътирози шумо ғалат аст. Чаро? Биёед дида бароем, ки чаро?! Ҳар вақте шумо маош мегиред ва ё маблағе ба даст меоред, дарҳол аз пайи супоридани ҳаққи хизматрасониҳои гуногун мешавед: барқ, об, иҷорапулӣ, пули мактабу ғайра. Чӣ тавре мебинед, он маблағи шумо ба пуррагӣ аз они шумо нест. Он маблағро шумо барои пардохти хизматрасониҳои дигарон кор мекунед. Барои ҳамин, қабл аз супоридани ҳаққи дигарон, ҳаққи худро аз он маблағ ҷудо карда, пасандоз бикунед.

Новобаста ба миқдори маблағе, ки шумо дар ин шабу рӯз кор мекунед, ҳатман аз даҳ як ҳиссаи онро ба як сӯ гузошта, захира намоед. Ва ба ҳеҷ ваҷҳ онро сарф накунед. Ҳарчанд дар қадамҳои аввал аз худ намудани чунин одати мусбат душвор мешавад, вале бо гузашти замон, он шуморо ба суботи молиявии шахсӣ мерасонад. Меъёрҳои зайлро ҳалқа бар гӯш намуда, дар роҳи дорогардӣ роҳбалад интихоб намоед:

  • Сараввал тасарруфкуниро аз худ бикунед ва аз миқдори маблағи ба даст меоварда бештар сарф накарданро биомӯзед;
  • Ҳатман дониш дар бораи табиати пулу бойигарӣ ва саводнокии молиявиятонро сайқал дода, бо афроди соҳибтаҷриба машварат бикунед, доир ба ин масъала аз онҳо маслиҳат бипурсед;
  • Ҳамин тавр муяссар мешавад, ки сармояи ба даст овардашуда барои шумо кор бикунад;

Омади кор ин неъмати илоҳиест, ки касро барои амалӣ кардани орзуҳояш дер интизор намешавад. Агар ба дарки ин фурсат бирасед, мунтазири бо ҳам пайвастани кулли сабабҳои комёбкунанда нашавед, дарҳол амал бикунед. Ҳамчунин бояд қайд кард, ки омади кор дар ҷойи хушку холӣ зуҳур намекунад, балки он низ дар натиҷаи сайқал додани малака ва донишҳои мавҷуда имконпазир мегардад. Барои ин бояд соҳиби одатҳои мусбат шуд, ки қадам ба қадам ба орзуи ниҳоӣ расида, Офаридгор омади корро ато бикунад. Аз шумо ҳаракат – аз Ӯ баракат!

«Агар ман қарор гирам, ки муддати сад рӯз, ҳар вақте аз болои ин кӯпрук гузашта, ба дарё як санг мепартоям, онро бе истисно бояд иҷро намоям. Агар шаваду дар рӯзи ҳафтум аз болои кӯпрук гузашта, сангро ба дарё партофтан аз хотир барорам, «ҳеҷ гап нест, фардо дуто санг мепартояму қазогии ин рӯзро ба ҷой меорам» немгӯям, балки баргашта, сангро даруни об партофта, баъдан роҳамро давом медиҳам. Ва ҳаргиз дар рӯзи бистум ҳам ба худ намегӯям: «Ҳӯӯ мардак, чаро ин қадар майдакорӣ мекунӣ? Ҳо гиру якбора сад санг ба дарё парто ва ҳамин тавр худатро аз ин кори гарон халос бикун!» Агар ин намуд машғулияти ҳамарӯза маро қавитару беҳтар карда, соҳиби одати мусбат мегардонида бошад, ҳаргиз онро тарк нахоҳам кард. Агар ман дар пеши худ ҳадафе гузорам, онро ҳатман ба сомон мерасонам».

Барои сарватманд шудан бо низом ба ҷой овардани амалу машғулиятҳои мусбат касро соҳиби одат ва иродаи қавӣ мекунанд ва роҳро барои ноилгардӣ ба ҳадафи ниҳоӣ қулай мегардонанд. Барои касб намудани чунин одати мусбат ва ба даст овардани сармоя ҳафт дарси зайл метавонад шуморо кумакрасон бошад:

1) Аз ҳар даҳ тангаи ба даст овардашуда, танҳо нӯҳтои онро харҷ бикунед!

Буҷаи хароҷоти рӯзмарраро тартиб диҳед. Оғоз аз либосаву хӯрока то масрафҳои кулли оила хароҷоти рӯзмарра, ҳафтаина ва моҳонаро болои як коғаз қайд кунед, то бифаҳмед, ки дар ҳақиқат муддати ҳафта ё моҳ барои эҳтиёҷоти аввалиндараҷа чӣ қадар маблағ сарф мешавад. Одати аз ҳар даромади ба даст овардамешуда даҳяки онро ҳамчун пасандози шахсӣ ба як сӯ гузошта, захира карданро омӯзед. Новобаста ба ин ки шумо бо чӣ кор машғулед ва соҳиби даромади хурд ё бузургед, ҳатман на кам аз даҳ як ҳиссаи маблағи ба даст овардашударо ҳамчун пасандоз захира намоед. Қадамҳои аввалин дар самти сарватманд шудан ва пурбаракат гардонидани сармояи мавҷуда риоя намудани ин қоида аст.

Эҳтимол, қоидаи мазкур дар назаратон аз ҳад осон метобад, вале бовар кунед, ки касби чунин одати созгор вақт ва кӯшиши барзиёдро талаб мекунад. Дар ин миён бояд интихоб кунед, ки шумо сазовори чӣ гуна ҳаёт шудан мехоҳед. Шумо мехоҳед, ҳар рӯз таомҳои болаззат бихӯред, соҳиби либосаҳои наву ҷавоҳироти гаронбаҳо гардед, ки баъд аз истеъмолу ба кор бурдан онҳо тез дилбазан мешаванду фардои рӯз аллакай аз арзиш холӣ мемонанд; ё мехоҳед соҳиби рамаву подаҳои зиёд, заминҳои ҳосилхез, машғулияти бурдноку тиҷорати пурбор шавед? Аз даҳ нӯҳ тангаи харҷ мешуда, ана ҳамон ашёву завқҳои кӯтоҳмуддатро бароятон таъмин мекунанд; вале тангаҳои ҳар дам пасандозшуда, бо мурури замон молу мулки ҳақиқиро ҷалб мекунанд, ки агар банда онҳоро бинобар меъёрҳои машрӯъ ба кор барад, каммият ва арзишашон боз ҳам бештар ва пурфайз мегардад.

Новобаста ба ҳолат, ҳаргиз пасандозро барои эҳтиёҷоти рӯзмарра сарф накунед. Яке аз ҳадафҳои асосии шумо зиёд кардани миқдори он пасандоз мебошад. Бинобар даромад аз болои буҷаи шахсиятон кор баред. Хароҷотро аз назар гузаронед ва тасарруфкорона зистанро омӯзед. Аз исроф ҳазар кунед! Аз хотир набароред, ки шумо аз ҳар даҳ тангаи ба даст овардашуда, танҳо нӯҳтои онро ҳаққи харҷ кардан доред.

(давом дорад)


Агар сарватманд шудан хоҳед…

Ҳадафи ниҳоӣ нақша мехоҳад

Пайроҳаи муваффақият возеҳтар гашт!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s