Сарфакорӣ ва банақшагирӣ асоси сарватмандист (2)

2) Буҷаи шахсиро муайян кунед!

Ҳақиқати раднопазире мавҷуд аст, ки дар баробари зиёд шудани даромад, «эҳтиёҷоти аввалиндараҷа» низ зиёдтар мегарданд. Бинобар ин барои маишати рӯзмарра доим маблағ намерасаду ҳамёни кас холӣ мемонад. Яъне, то вақте ки шумо хароҷоти рӯзмарраро ба танзим дароварда дуруст идора накунед, пул доим камӣ мекунад. Аз ин рӯ шумо ҳар чӣ қадар қувват сарф намуда, шабу рӯз меҳнат кунед ҳам, бинобар исрофи барзиёд меҳнати шумо бебаракат мешавад.

Ҳангоми харҷ кардани маблағ, эҳтиёҷ ва ҳавасро аз ҳам фарқ кунед. Аксарият бинобар ҳавасу хоҳиши кӯтоҳмуддат қарор дода, соҳиби чизе шудан мехоҳанд. Ҳол он ки хоҳишу ҳаваси одамӣ охир надорад. Ин навъ харҷкуниҳо пасандозҳоро низ ба коми худ фурӯ мебаранд, вале ҳавасҳо ҳамоно боқӣ мемонанд. Агар шумо сарватманд ҳам шавед, боз ҳам дар хосту ҳавасҳоятон маҳдуд мемонед. Шумо ҳаргиз ҳар чизе хоҳед хӯрда наметавонед. Ҳаргиз ҳар амали хостаро ба ҷой оварда наметавонед. Шумо ҳеҷ вақт бо дороии мавҷуда соҳиби тамоми чиз шуда наметавонед. Аз ин лиҳоз сарватманди оқил дар ҳама орзуву ҳавасҳояш эътидолро риоя мекунад. Беҳтар аст, ки тамаркузро болои амал ва фаъолиятҳои созгор карда, аз сарвати мавҷуда нафъи бештари моддиву маънавӣ бардошт.

Орзу мехоҳ, лек андоза хоҳ,
Барнатобад кӯҳро як барги коҳ.
Офтобе, к-аз вай ин олам фурӯхт,
Андаке гар пеш ояд, ҷумла сӯхт.

–Ҷалолуддини Балхӣ

Қабл аз ҳама одатҳои рӯзмарраро аз назар гузаронед, зеро аксари хараҷот барои ба ҷой овардани одатҳои доимии бефоида равона карда мешаванд. Ҳоло кулли эҳтиёҷоти аввалиндараҷаро болои як коғаз навишта, ба онҳо хоҳишу ҳавасҳоятонро низ илова намоед. Акнун рӯйхатро аз назар гузаронида, ҳамонҳоеро, ки ба нӯҳ ҳиссаи даромад ҷавобгӯй ҳастанд, боқӣ гузореду дигарашро хат занед. Шумо худ дарк мекунед, ки бе он хоҳишу ҳавасҳо низ умр ба сар бурдан мумкин аст. Бо нӯҳ тангаи дар даст боқимонда мисли даҳ тангаи пурра низ зиндагӣ кардан мумкин аст, зеро ин «тилисм» дар баракати иқтисод кардан ниҳон аст. Буҷаи шахсиро чунин тартиб диҳед, ки маблағ барои эҳтиёҷоту хараҷоти аввалиндараҷа ва тафреҳот иктифо намояд; вале он бояд аз даҳ нӯҳ ҳиссаи даромадро ташкил кунад!

Маблағе, ки дар пасандоз ҷамъ мешавад, миёнро қувват мебахшад, вале он ҳоло мисли бори отил (ғайрифаъол) мебошад. Маблағе, ки аз даромдаҳо пасандоз мешавад, дар ҷодаи ҷамъ кардани дороӣ қадами аввалин маҳсуб меёбад. Ва фоидае, ки баъдан шумо аз пасандозҳо ба даст меоред, хиштҳои аввалини бойигарии шуморо ташкил хоҳанд кард. Қадами баъдӣ ин ба гардиш даровардани пасандозҳои аз даҳ як ҳиссаи ҳар даромади ҷамъшуда мебошад. Бигзор он пасандозҳо барои нафъи шумо кор кунанд. Онҳо бояд доим фаъол бошанд. Бад-ин васила неъмати мавҷуда барои соҳибаш фоидаи бештар меорад.

(давом дорад)


Сарфакорӣ ва банақшагирӣ асоси сарватмандист (1)

Ҳадафи ниҳоӣ нақша мехоҳад

Пайроҳаи муваффақият возеҳтар гашт!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s