Сарфакорӣ ва банақшагирӣ асоси сарватмандист (3)

3) Пасандозҳо фаъол гарданд!

Акнун ҳамёни шумо то рафт вазнин мешавад, зеро шумо сирри аввалини сарватманд шуданро омӯхтед. Минбаъд доим даҳяки ҳар даромадро захира карда, миқдори пасандозро зиёд кунед. Илова ба ин шумо хароҷоти рӯзмарраро зери идораи қатъӣ қарор дода, дар маишат эътидолро риоя кунед. Ҳарчанд вазни ҳамён миёнро қувват бахшида, худэҳтиромиро зиёд мекунад, вале он маблағ ҳоло ғайрифаъол ба ҳисоб меравад.

Бинобар ин восита ва фурсатҳои манфиатбахши тиҷоратиро пайдо кунед, ки бад-ин васила пасандозҳо фаъол гашта, фоида биёранд. Пасандозҳое, ки шумо аз ҳисоби даҳяки ҳар даромад захира кардаед, танҳо қадами аввалин дар ҷодаи сарватмандист. Дороии ҳақиқӣ ҳамон вақт ҷамъ мешавад, ки маблағҳои захиракардашуда барои соҳибашон даромад меоранд. Яъне дороии шумо на онест, ки моҳҳову солҳо захира мекунед; балки ҳамон пасондозҳои фаъолгашта мебошанд, ки бароятон фоида меоранд.

Бойигарии асосӣ на он маблағест, ки шахс ҳамарӯза барои эҳтиёҷоташ сарф мекунад. Балки дороии асосӣ даромади пуливу молии доимиест, ки мунтазамона дар гардиш буда, хазинаи соҳибашро пурфайз мегардонад. Бинобар дониш ва малакаи сайқал додашуда гардиши пулӣ дар доираи ҳалол мунтазам шуда, эътибори шахс дар назди халқ ва Ҳақ(қ) то рафт баланд мешавад. Ҳамарӯза доир ба сифат ва табиати пул, сармоя, дороӣ ва додугирифти машрӯъ омӯзед ва дониши касбшударо амалӣ кунед.

Пасандозҳои ҷамъшударо бинобар машварат ва донишу малакаи сайқалдода ба кор дароред. Бозор ва талаботи оммаро дақиқ омӯхта, барои ҳар чӣ нафъи бештар ба даст овардан, пасандозҳоро оқилона сармоягузорӣ бикунед. Ҳамчунин аз даҳ як ҳиссаи даромади пасандозҳоро боз ҳам ба як сӯ гузошта, захира намоед. Боқӣ нӯҳ ҳиссаро барои эҳтиёҷоти аввалиндараҷаи шахсӣ ва оилавӣ сарфа намоед. Чунин гардиши доимии сармоя ҳаёти шуморо баракат бахшида, онро рангинтар месозад. Сарфакорӣ кардан ва иқтисод намудан файзу баракати илоҳиро ҷалб мекунад.

(давом дорад)


Сарфакорӣ ва банақшагирӣ асоси сарватмандист (2)

Сарфакорӣ ва банақшагирӣ асоси сарватмандист (1)

Пайроҳаи муваффақият возеҳтар гашт!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s