Сарфакорӣ ва банақшагирӣ асоси сарватмандист (4)

4) Пасандозҳоро ҳимоя кунед!

Пеш аз он ки пасандозҳои ҷамъкардаро сармоягузорӣ намоед, сараввал онҳоро аз зарарҳои эҳтимолӣ ҳимоя кунед. Сармоягузори оқил аввал миқдори андакеро сармоягузорӣ карда, дар рафти кор бинобар имконият ва дурнамо сармояи бештарро ба гардиш медарорад. Ҳар кӣ соҳиби сармоя аст, баъзан мехоҳад, ки ҳар чӣ тезтар дороии мавҷударо зиёдтар кунад. Бинобар ин саросема шуда, ба хатогиҳо роҳ дода, дороияшро аз даст медиҳад. Бахусус чунин ҳолат замоне рух медиҳад, ки ӯ ба тавсияи хешу таборон ва дӯстони ноаҳл гӯш медиҳад. Аз ин рӯ маслиҳати созгорро нафаре дода метавонд, ки табиату қонунҳои гардиши сармояро аз худ кардааст ва дар ин масъала соҳиби таҷруба мебошад.

Қонуни асосӣ ва аввалине, ки бояд ҳангоми сармоягузорӣ риоя намуд, зери ҳимоя гирифтни сармояи аслӣ мебошад. Пеш аз он ки маблағи бо меҳнат ва машаққати зиёд ҷамъкардаро дар коре сармоягузорӣ намоед, то чӣ андоза бехатар ва безарар будани онро таҳқиқ кунед ва эмин шавед, ки он пасандозҳо боз ба шумо бармегарданд. Ҳаргиз саросема шуда, фирефтаи ваъдаҳову хаёлҳои хоми ҳар чӣ тезтар сарватманд шудан нагардед.

Ҳаргиз кӯр-кӯрона ба ҳар фурсат ва тиҷорати пешомада сармоягузорӣ накунед. Ҳар пешниҳод ва фурсати тиҷоратиро ботамкинона омӯзед, доир ба он маълумот ҷамъ кунед, бо аҳли кор машварат кунед, тавсияҳо гиред. Баъд аз он ки сабабҳоро ба ҷой меореду амин мешавед, ки пешниҳоди мазкур барои пасандозҳои шумо бехатар аст, сармоягузорӣ намоед. Ин навъ тадбирҷӯӣ ва ҳикмату маслиҳати нафарони соҳибтаҷриба пасандозҳои шуморо ҳимоя намуда, аз хатокориҳо эмин нигоҳ медоранд. Ин гуна маслиҳат ва тавсияҳои нафарони огоҳ ройгон аст, вале метавонад сарвати шуморо ҳимоя бикунанд.

(давом дорад)


Сарфакорӣ ва банақшагирӣ асоси сарватмандист (3)

Сарфакорӣ ва банақшагирӣ асоси сарватмандист (2)

Сарфакорӣ ва банақшагирӣ асоси сарватмандист (1)

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s