Усули 4 зарф

Банақшагирии буҷаи оила

Дар ин мақола мехоҳам ба шумо яке аз усулҳои ба нақшагирии буҷаи оиларо нишон диҳам, ки усули 4 зарф ном дорад. Истифода ва амалӣ сохтани ин усул вақт ва малакаи зиёдро талаб намекунад ва барои ҷобаҷогузорӣ ва таъини хароҷоти оила дар як моҳ, ҳамагӣ якчанд дақиқа сарф мешавад.

Қадами 1

Дарҳол баъд аз он ки ба буҷаи оила маблағ ворид мешавад (он маблағ метавонад аз ҳисоби моҳона бошад) қисми муайяни онро пасандоз бояд кард. Пасандози ҳар моҳа набояд аз 10%-и даромад камтар бошад. Агар пасандоз аз 10% бештар бошад боз хубтар, вале мо ин ҷо барои мисол 10%-ро меорем. Одатан мо фикр мекунем, ки агар дар охири моҳ аз маошам ягон сомон боқӣ монад, баъд пасандоз хоҳам кард, вале чун ҳарвақта дар охири моҳ чизе боқӣ намемонад ва ҳатто баъзан қарздор ҳам мешавем.

Қадами 2

Баъд аз ҷудо кардани ҳиссаи пасандоз бояд маблағи хароҷоти ҳармоҳаи ҳатмиро ҷудо кунем.  Дар руйхати хароҷоти ҳармоҳаи ҳатмӣ инҳо дохил мешаванд: пардохти ҳаққи таҳсили фарзандон, пардохтҳои комуналӣ, иҷорапулӣ, ҳаққи телефон, интернет ва ғайра.

Қадами 3

Акнун маблағи баъд аз қадамҳои якум ва дуюм боқӣ мондаро ба 4 қисми баробар тақсим карда дар 4 зарфи алоҳида мегузорем. Бинобар ин номи ин усул «Усули 4 зарф» аст. Ҳар яке аз ин чаҳор зарф барои хароҷоти як ҳафтаинаи оила муқарар карда мешавад. Дар як ҳафта аз маблағи дар зарф буда бештар сарф кардан қатъиян манъ аст.

Агар ягон ҳолати ғайричашмдошт рух бидиҳад, барои рафъи он аз зарфи пасандоз истифода бояд кард. Вале агар дар як ҳафта аз пулҳои дар зарфи барои он ҳафта таъиншуда дида камтар хароҷот шавад, он гоҳ пулҳои боқимондаи зарфро метавонед:

  • Ба зарфи пасандоз гузоред.
  • Ба зарфи ҳафтаи оянда гузоред.
  • Мувофиқи таъби худ сарф кунед.

 Ҳар кас метавонад мувофиқи завқи худ ин усулро ҷур созад. Албатта рақами 4 дар ин усул маҷбурӣ набуда, балки тахминӣ гирифта шудааст, зеро моҳ аз 4 ҳафта нею балки аз 4,5 ҳафта иборат аст. Аз ин рӯ барои дақиқтар гаштани ҳисобҳо метавонед 4 зарф нею 4,5 зарф ташкил кунед. Агар барои шумо муҳлати кӯтоҳтаре мувофиқ бошад, пас метавонед ба ҷои рақами 4 рақами 6-ро истифода кунед, яъне 6 зарф омода мекунед ва он барои 5 рӯзи боқимонда бояд кифоя бошад. Шояд ба шахсе муҳлати дароз мувофиқ аст, пас ӯ метавонад 3 зарф омода карда хароҷоти 10-рӯзаро дар ҳар зарф ҷой диҳад. Дар ҳар ҳолате, ки набошад, бояд қоидаи асосии усул риоя гардад.

Ҳамин тавр усули 4 зарф бо соддагии худ чунин қоидаҳои асосии банақшагирии буҷаи оиларо кафолат медиҳад:

  • Ташкили фонди захиравии сармоягузорӣ.
  • Пардохти саривақтии ӯҳдадориҳо, ки қарздориро аз миён мебарад.
  • Дар ҳолати сарфакорона истифода кардани маблағ шахс метавонад ба худ имтиёзи бештаре бидиҳад.

Истифодаи ин усул пеш аз ҳама барои чунин шахсон айни муддаост:

  • Шахсоне, ки даромади буҷаашон на он қадар зиёд аст.
  • Шахсоне, ки фанни риёзиро дӯст намедоранд ва аз ҳисобу китобҳои мураккаб меҳаросанд.
  • Шахсоне, ки аз танбалӣ намехоҳанд хароҷот ва даромадашонро ба назорат бигиранд, вале бо вуҷуди он мехоҳанд буҷаашонро дар зери назорат қарор диҳанд ва аз чоҳи молиявӣ раҳоӣ ёбанд.

– таҳияи Давлатов Афзалшоҳ


Тарбияи шахсияти пешбар дар кӯдак

“Кӯдак аст!” –нагӯед! Аҳамияти муколама бо навзод

Хушиву осоиш дар оила

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s