Сарфакорӣ ва банақшагирӣ асоси сарватмандист (5)

5) Соҳиби хонаи хеш бош!

Агар инсон на кам аз даҳяки ҳар даромади ба даст овардаро пасандоз карда, онро оқилона ба коре сармоягузорӣ намояд, дороияш бештар гардида, барои дилпурона ба нақша гирифтани ҳаёти шахсӣ муваффақ мешавад. Ҳарчанд соҳибмулк шудан асоси муваффақият ва хушбахтиро ташкил намедиҳад, вале барои амният ва саломатии афроди оила, соҳиби хонаи худ гаштан касро итминони равонӣ мебахшад. Барои ин ҳатман ҳар чӣ зудтар нақшаи муассири соҳиби хона шуданро тартиб диҳед. Аз ҷиҳати моддӣ хона ин биноест, ки дорои чор девор ва дару тиреза аст, вале аз ҷиҳати маънавӣ он маконе мебошад, ки касро сарпаноҳ дода, ҳузуру муҳаббатро дар оила ҳувайдо мекунад. Чунин фазои хонаводагӣ ба ақлу ҳуш тамкин бахшида, ҷаҳду ғайрати касро қамчин мекунад. Соҳиби хонаи хеш шудан касро аз хараҷоти иловагӣ ба мисли супоридани иҷорапулӣ халос мекунад. Гузашта аз ин хона шуморо соҳибмулк мегардонад, ки ин ҳам, ҳарчанд пасандози ғайрифаъол аст, вале дороӣ маҳсуб меёбад.

Илова ба ин, агар афроди хонавода, ҳангоми дар хона зистан, амал ва гуфтори хешро дар самти созандагӣ равона кунанд, нур болои нур шуда, дохили он чор девори хунук ба гӯшае аз биҳишти дилосо табдил меёбад. Бахусус хонае, ки дар он ба таълим ва тарбияи насли наврас аҳамият дода мешавад, ҳамчун ҳуҷайраи солиму фаъоли ҷомеа барои рушду суботи афроди кишвар мусоидат менамояд. Бинобар ин фарҳанг ва маданияти тоҷиконаи мо ба макони зист арзиши маънавӣ бахшида, оғоз аз эҳтирому риояи ҳаққи ҳамсоягон, то тозаву озода нигоҳ доштани назди бинову ҳавлӣ фардро ташвиқ мекунад. Танҳо соҳиби молу мулки фаровон гаштан касро дар назди ҷомеа соҳибфарҳангу бомаданият карда наметавонад. Барои ба даст овардани асолати одамӣ аз худ намудан ва ба яке аз ҷанбаҳои фитрӣ табдил додани арзишҳои маънавӣ шарт ва зарур аст.

Агар соҳиби ин гуна хонаву дар, ки ҳомил ва тамсилгари арзишҳои маънавӣ-фарҳангии шумо хоҳад буд, шудан хоҳед, як қисми фоидаи пасандозҳоро барои хариди хонаи худ харҷ кунед. Эҳтимол чанд соле то серӣ хӯрокҳои болаззат намехӯред, ҳар сол либосҳои нав намепӯшед, ба кишварҳои орзукардаатон барои истироҳат сафар намекунед; вале чунин кулфати андак шуморо имкон медиҳад, ки соҳиби хонаи худ шавед. Ва гумон мекунам, ки ин фидокорӣ барои пуррагии саодати хонавода арзанда аст. Бинобар таҳқиқоти равоншиносон аз чордаҳ фактори муваффақкунандаи инсон дувоздаҳтояш ба муҳити хонавода алоқаманд аст. Яъне соҳиби хона шудан, дар асл метавонад замина барои дар ҳаёт муваффақона зистанро муҳаё бикунад. Нақшаи кории дақиқ ҳар чӣ зудтар шуморо ба ҳадаф ва орзуҳои ниҳоиятон ноил мегардонад.

(давом дорад)


Сарфакорӣ ва банақшагирӣ асоси сарватмандист (4)

Сарфакорӣ ва банақшагирӣ асоси сарватмандист (3)

Сарфакорӣ ва банақшагирӣ асоси сарватмандист (2)

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s