Сарфакорӣ ва банақшагирӣ асоси сарватмандист (6)

6) Дурандеш бошед!

Дар ин дунё умри инсонӣ муайян ва ҳастияш муваққатӣ аст. Ҳар вақте замони падруд гуфтан бирасад, умри одамӣ ба охир мерасад. Вале новобаста ба ин маҳдудият, ҳар нафар бояд ҳам барои худ ва ҳам барои наздиконаш ҳаёти дунявиро созгор боқӣ гузорад. Бад-ин васила ҳаёти ухравӣ низ обод хоҳад гашт. Бинобар меъёр ва боварии арзишҳои маънавӣ кас дар ин олам бояд мисле умр ба сар барад, ки ҳаргиз намемирад, вале барои охират огоҳ зияд, ки чун баъд аз сонияе ин оламро падруд хоҳад гуфт. Аз ин лиҳоз бо истифода аз дониш, малака, тавоноӣ ва имкониятҳои атошуда зиндагонияшро муносиб ба роҳ монда, ҳам худ ва ҳам афроди оилаашро аз миннати кас эмин нигоҳ дораду муҳтоҷи дигарон нашавад. Ҳамчунин солҳои тӯлонӣ одати пасандоз кардани на кам аз даҳяки даромад маблағи лозимаро ташкил дода, шумо ва аҳли хонаводаро аз миннати кас раҳо мекунад.

Азбаски дар ин олам саломатӣ ва ҷавонӣ ҳам абадӣ нестанд, бо гузашти рӯзгор одам заиф мегардад ва малакаи корияш низ коҳиш меёбад. Аз ин рӯ ҳар чӣ тезтар соҳиби даромади бардавом гашта, пирии беминнатро барои худ таъмин намоед. Ва аз ин бештару муҳимтар пас аз худ асаре боқӣ гузоред, ки сабаби ободии дунё ва охирати башарият гардад. Чунин амал ба ҳукми садақаи ҷория мегардад, ки ҳам соҳиби хайрот ва ҳам ҷомеаро манфиатбахш хоҳад буд. Ризои илоҳӣ низ бад-ин васила ба даст оварда мешавад.

Яке аз роҳҳои муассири таъмин намудани пирии бемушкил сармоягузорӣ ба молу мулки ғайриманқул ва соҳаи технология мебошад. Бахусус сармоягузории муваффақ дар соҳаи тиб ва соҳаи хизматрасонӣ метавонанд дороии шуморо зиёд карда, барои ба роҳ мондани лоиҳаҳои навбатӣ мусоидат намоянд. Фарзондину атрофиёни хешро доим бинобар шуури мазкур тарбия ва таълим диҳед. Одамият бояд ҳар доим аз пайи такомул бошад. Чунин одоби корӣ ва табиати касбшуда шумо ва атрофиёнатонро дар назди халқ ва Ҳақ(қ) азиз мекунад. Ҳаргиз муҳтоҷи кас набошед. Баръакс ҳар чӣ бештар ба дигарон дасти кумак дароз кунед. Дасти диҳанд аз дасти гиранда дида волотар аст. Доим фаъол бошед!

(давом дорад)


Сарфакорӣ ва банақшагирӣ асоси сарватмандист (5)

Сарфакорӣ ва банақшагирӣ асоси сарватмандист (4)

Сарфакорӣ ва банақшагирӣ асоси сарватмандист (3)

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s